Саидислом Абдуджаборзода, прокурор судебного надзора Генпрокуратура РТ

Дуо кунед: Саидислом Абдуҷабборзода марги худро рад кард

14741
(Таҷдидшуда 11:28 21.04.2020)
Саидислом Абдуҷабборзода, прокурори назорати судии Прокуратураи генералии Тоҷикистон, овозаҳо дар бораи марги худро рад кард

ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Мавсуф ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Беморхонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе қарор дошта, худро хуб ҳис мекунад.

“Онҳоеро, ки овоза мекунанд, ба Худо месупорам. Аз онҳое, ки аз вазъи сиҳатии мо дар ташвишанд, сипосгузорӣ мекунам. Шукри Худо, вазъам хуб аст. Дӯстон ташвиш накашанд, дуо кунанд”, - Саидислом Абдуҷабборзода.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар радди ин овозаҳо гуфт, Саидислом Абдуҷабборзода, соли таваллудаш 1959, дар Беморхонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе қарор дошта, пизишкон вазъи ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, овозаҳое, ки дар бораи ӯ пароканда мешаванд, аз реша асос надоранд.

“Он кас тасф ҳам надорад ва хатаре ҳам ба саломатиаш нест. Фақат ин ки пас аз фавти писараш таҳти қарантина фаро гирифта шудааст”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Саидислом Абдуҷабборзода падари Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе аст, ки бино ба иттилои расмӣ, аз бемории зукоми А (H1N1) ва илтиҳоби дутарафаи шуш рӯзи 19 апрел дар Бемористони маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе даргузашт. 

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаву шоеъоте дар бораи фавти Саидислом Абдуҷабборзода аз COVID-19 пахш шуда, ӯро раиси идораи мубориза бо фасоди идории Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муаррифӣ карда буданд.

Бино ба ин овозаҳо, пас аз фавти падару писар мақомоти Тоҷикистон кулли қаламрави сохтмони зист ва мактаби №36, воқеъ кӯчаи Айнӣ, 72, минтақаи маъруф ба “Жилмассив” - ро, ки ҳамсари Саидислом Абдуҷабборзода дар он дарс медод ва тамоми талабаҳои онро қарантина кардаанд.

Гуфта мешуд, ҳамсари ӯ таҳти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва писари дигару духтараш низ дар бемористони “Истиқлол” дар ҳолати вазнин қарор доранд ва пизишкон барои ҳаёташон мубориза мебаранд.

Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аҳли хонаводаи Саидислом Абдуҷабборзода ҳоло дар беморхонаҳои сироятии Душанбе ва Ваҳдат таҳти қарантина қарор дошта, вазъи сиҳатии ҳамаи онҳо мӯътадил аст.

“Ҳамаи онҳо танҳо ба хотири ҷилавгирӣ ҷилавгирӣ қарантина шудаанд. Мо ба такрор мегӯем, ки ҳар фарди машкук ва камтарин нишона аз маризии “вируси корона” – ро ба хотири итминони хотир қарантина ва таҳқиқи мӯшикофона мекунем”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Саидислом Абдуҷабборзода, полковники адлияи дараҷаи аввал, дар гузашта муовини аввали раиси идораи гумруки шаҳри Душанбе (1997-2002), муовини раиси Раёсати назорати кумитаҳои гумрукӣ ва молиёт (2003 – 2007) ва сардори Раёсати назорати нақлиёти Прокуратураи генералии Тоҷикистон (2007-2013) буд.

Соли 2013 раис Ситоди кулли Агентии мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои молии Тоҷикистон таъин шуда, як сол ба ин сӯ, прокурори назорати судии Прокуратураи генералии Тоҷикистон аст.

Саидислом Абдуҷабборзода аз набераҳои Эшони Санги Кулӯла, яке аз орифони маъруфи Тоҷикистон буда, Махсуми Исмоил Пирмуҳаммадҳода ва Махсуми Иброҳим аз чеҳраҳои маъруфи ин хонадон дар ҳоли ҳозиранд.

14741
Барчаспҳо:
марг, прокурор, Тоҷикистон
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Як фавт ва афзоиши теъдоди беморон: омори тозаи маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон

1213
(Таҷдидшуда 18:26 03.06.2020)
Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 сабт шуд. То соати 17:30-и  3 июн  дар Тоҷикистон 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар Тоҷикистоно 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд.

Дар давоми шабонарӯзи гузашта 91 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус сабт шудааст, ки нисбат ба рӯзи 2 июн 4 ҳолат бештар мебошад. 

Ҳамчунин бино ба гузориши Вазорат дирӯз дар кишвар як кас аз бемории корона фавтидааст.

Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд, хабар медиҳад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки ҳоло дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

1213
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омори 7 рӯзи охири баҳор дар Хуҷанд: тасфу “илтиҳоби шуш” кам шудааст

615
(Таҷдидшуда 14:36 03.06.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори таби баланду хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар охирин рӯзҳои фасли баҳорро ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои охири фасли баҳор, мавридҳои баландшавии ҳарорати бадан ва хуруҷи "илтиҳоби шуш" дар миёни сокинон коҳиш ёфтааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 25 то 31 - уми май дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 52 муроҷиати сокинон бо аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охири баҳори имсол ҷамъан 746 сокин аз ду тарфи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор бештар аз 120 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии таб будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов зикр намуд, ки аз рӯи муроҷиати сокинон, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои нахустини фасли тобистон суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён поён рафтааст.

"Рӯзҳои аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон танҳо бо ҳолати баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона дар оғози фасли тобистон сабти ин қабил маризӣ дар миёни сокинони шаҳр то ба 8 – 10 ҳолатӣ кам шудааст", - иброз намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ  ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо табибон таъкид меварзанд, ки ки барои пурра нобуд шудани "илтиҳоби шуш" боз ҳам нақши сокинон муҳим ва  минбаъд ҳам набояд риояи гигиенаи тиббӣ сарфи назар шавад.

Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

615
Барчаспҳо:
мошин, ёрии таъҷилӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Абдулло Рахнамо, политолог

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

0
(Таҷдидшуда 23:39 03.06.2020)
Сиёсатшиноси тоҷик пас аз 33 рӯзи дастбагиребонӣ бо “вируси корона” аз шифохона рухсат шуд ва ба хона баргашт

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди хушном ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 3 июн аз Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе рухсат шуд.

“Ҳафтае қабл таҳлилҳоямро барои вуҷуд доштан ё надоштани “вируси корона” гирифта буданд. Рӯзи 1 июн аз озмоишгоҳи “Диамед” – и шаҳри Душанбе санад фиристоданд, ки ҳамин гуна як маризӣ нест ва натиҷа манфӣ аст. Имрӯз духтури муолиҷ табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Донишманди тоҷик 12 май пас аз душвор шудани нафаскашӣ ба корпуси 4 – уми Макази тиббии “Шифобахш”, ё Шифохонаи Қарияи Боло ва ду рӯз пас бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд.

“Хеле сахту ногувор буд. Чун дар гуруҳи осебпазир будам, сахту тӯлонӣ азиятам дод. Гоҳо нафас пурра мегирифт. Чанд шабонарӯз аслан нашуд мижа ба ҳам занам. Соатҳо бо оксигенератор - дастгоҳи нафасдиҳӣ кор мекардам. Ташхис ҳама узви баданро хуб нишон медод, аммо нафастангӣ раҳоям намекард. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Шукр, ки инак, вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам”, - гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Нигарониҳо аз вазъи сиҳии Абдуллоҳи Раҳнамо пас аз он ба вуҷуд омад, ки шаби 11 май дар як пости фейсбукиш навишт: “Ҳамин лаҳза бо хости Худованд зери дастгоҳи нафас меравам. Руҳ қавӣ аст, ҷисм номардӣ накунад. Агар баргаштам, бо Шумоям, бо ин Ватан, бо ин миллат, бо ҳар яки Шумо”.

Раҳнамо пас аз гирифтории ҳамсар, сипас, духтару ду писараш, ки аз дардҳои сабук ва мушобеҳ шикоят доштанд, мариз шуд. Ҳамсари худро дар шифохонаи “Якум Советски” бистарӣ карду худ низ ба Қарияи Боло интиқол ёфт.

Баъдтар ҳарду ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе гузаронда шуданд.

 “Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву фарзандонам низ пурра шифо ёфтаанд. Хулоса, Худованд иноят, давлат ҳимоят ва миллат табобат кард. Хонаводаи ман дигарбора сари як дастурхон ҷамъ омад”, - гуфт донишманди тоҷик.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар “таваллуди дубора” – и худ ба ҳукумат, роҳбарияти вазорати тандурустӣ, пизишкони шифохонаҳои Қарияи боло ва маризиҳои сироятӣ ва дар умум онҳоеро, ки барояш дуо карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, мушовири кунунӣ ва қаблан сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷмҳури Тоҷикистон буда, яке аз коршиносони муътабар ва аршади умури дину сиёсат дар кишвару минтақа ба ҳисоб меравад.  Муаллифи китобҳои “Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ” (2008), “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе), “Ислом ва амнияти миллӣ” (2011), “Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ” (2011), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2014) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ аст.

Ӯ поягузори литсейи хусусии “Раҳнамо” дар соли 2010 аст, ки ҳоло яке аз макотиби муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли равон се фарзанди Абдуллоҳи Раҳнамо, ки шогирди ин мактаб мебошанд, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” пирӯз омада, писари бузургаш Бунёд Раҳнамо Шоҳҷоизаи ин озмунро ба даст овард.

Абдулло Раҳнамо ин дастоварди фарзандонашро натиҷаи заҳмати ҳамсараш хонда буд.

0
Барчаспҳо:
Абдулло Раҳнамо, рухсат, вирус, тоҷик, Тоҷикистон