Ҷаримаи ду муҳоҷири тоҷик барои вайрон кардани низоми қарантина дар Русия

363
Муҳоҷирон аз Маскав ба вилояти Орлов рафта буданд ва мебоист  14 рӯзро дар гӯшанишинӣ гузаронанд, аммо мардон тавсияҳоро риоя накарданд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Додгоҳи вилояти Орлови Русия ду муҳоҷири тоҷикро барои вайрон кардани низоми қарантина ҷарима кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани низоми қарантина ба маблағи 15 ҳазор рублӣ ҷарима карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, муҳоҷирон аз Маскав омада буданд ва мебоист, 14 рӯзро дар танҳоӣ гузаронанд, аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро дар ҷои ҷамъиятӣ боздошт карда, пасон нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд.

Гуфта мешавад, ки қарори суд ҳанӯз эътибори қонунӣ пайдо накардааст ва аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

Қаблан, низ хабарҳо дар бораи боздошти як таксирони тоҷик дар Маскав нашр шуд,  ки гуфта мешуд,  мубталои коронавирус шудааст,  аммо дар шаҳр ҳаракат мекард.

Кормандони полис ӯро дар назди хонааш дастгир карданд ва ӯ иқрор шуд, ки гирифтори коронавирус шудааст ва табибон ба ӯ тавсия додаанд, ки то пурра шифо ёфтан аз хона набарояд.

363
Барчаспҳо:
ҷарима, тоҷик, тоҷик, муҳоҷир, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (807)
Выборы президента в Таджикистане

Як қадам пеш: намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон чораҳои мубориза бо COVID-19-ро арзёбӣ кард

181
(Таҷдидшуда 09:34 25.10.2020)
Чӣ гуна чораҳои маҳдудкунанда дар мубориза бо пандемияи коронавирус кӯмак мекунанд, шарҳ дод, роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Таҷриба ва дониш дар бораи COVID-19 ба андешидани чораҳои оптималӣ дар мубориза бо коронавирус мусоидат мекунад, гуфт намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

“Тадбирҳое, ки аллакай амалӣ мешаванд ё ҳоло пешниҳод карда мешаванд, аксуламал ба вазъи кунунӣ мебошанд ва барои пешгирии бадшавии эҳтимолӣ пешбинӣ шудаанд. Ин чораҳо барои наҷоти ҷони инсон аз COVID-19 ва дар баробари ин пешгирии хатари марбут ба бемориҳои дигар ва таназзули иқтисодӣ заруранд ", - гуфт намояндаи ТУТ.

Карриева қайд кард, ки маҳдудиятҳо дар кишварҳои аврупоӣ шадидтар мешаванд ва ин ба афзоиши бемории коронавирус марбут аст.

“Тадбирҳои солимии ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун як гӯшаи маҳдудият боқӣ мемонанд: онҳо бояд мунтазам амалӣ карда шаванд, бо диққати махсус ба густариши пайгирии тамос.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд барои чораҳои пешгирӣ ба пуррагӣ ширкат варзанд - муносибати тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа калидӣ аст. Мо бояд як қадам пеш бошем ",-илова кард Карриева.

Намояндаи ТУТ хулоса кард, ки кишварҳо ҳанӯз ҳам бояд барои шикастани занҷирҳои интиқол ва наҷоти ҳарчи бештари одамон чораҳо андешанд: дарёфти гирифторон, таҳқиқоти кластерӣ, ҷудокунӣ ва нигоҳубини ҳама сироятшудагон, қатъи тамос, дастгирӣ ва муҳофизати кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи осебпазиртарин қишр.

Карриева: СУТ аз афзоиши бемории COVID-19 Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Карриева изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик чораҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус бо воситаҳои нави пешгирӣ ва табобат, аз ҷумла ваксинаҳо пурра карда мешаванд.

181
Барчаспҳо:
чораҳои ҷавобӣ, пешгирӣ аз бемориҳо, вируси корона, ТУТ, Тоҷикистон
Школьники, архивное фото

Роҳбари СҶБ аз кишварҳо хост дари макотибро барои чанд моҳ банданд

1109
(Таҷдидшуда 19:36 24.10.2020)
Роҳбари Созмони ҷаҳонии бедошт ба роҳбарони аксар кишварҳо муроҷиат намуда гуф, ки вақтҳои охир суръати паҳншавии вируси COVID - 19 бениҳоят нигаронкунанда аст. Аз ин рӯ, ӯ хост дари мактабҳо баста шавад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тедрос Аданом Гебреисус роҳбари СҶБ ҳушдор додааст, ки чанд моҳи ахир вазъи коронавирус дар ҷаҳон шадид хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дари макотибу донишгоҳҳо бояд барои чандр моҳи оянда баста шавад. Дар ин бора роҳбари СҶБ зимни ҳамоише дар Женева ибрози назар намуд.

Тедрос мегӯяд, якчанд моҳи ахир вазъи паҳншавии коронавирус шаддид мешавад.

"Мо дар чорроҳаи муҳим барои пандемияи COVID-19 қарор дорем, алахусус дар нимкураи Шимолӣ. Чанд моҳи оянда хеле душвор хоҳад буд ва баъзе кишварҳо дар траекторияи хатарнок қарор доранд", - ҳушдор дод Гебрейесус.

Бисёре аз кишварҳо ба болоравии шадиди беморӣ дучор меоянд, чунин вазъ метавонад ба зудӣ захираҳои системаи тандурустиро тамом кунад, гуфт роҳбари СҶБ. Вай аз пешвоёни ҷаҳон даъват кард, ки аз бадтарин ҳолат бояд пешагӣ ҷилавгирӣ кард ва "барои роҳ надодани ба шумораи зиёди маргу мир, бояд дари мактабҳо баста шавад".

Зимнан, роҳбари СҶБ дарост намуд, ки ба аҳолӣ вазъияти аслӣ дар робита ба паҳншавии вирусро бояд гуфт ва аз мардум ягон чизро набояд пинҳон кард.

Ӯ ҳамзамон ба дастгирӣ намудани башарият ҷиддан таъкид кард.

Коронавирус: Сомон ва Комроншоҳ ба мусобиқаи Grand Slam нарафтанд

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то кунун дар саросари олам 42 миллиону 499 ҳазору 679 нафар ба вируси  Covid-19 сироят шудаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин вирус боз 130 ҳазору 989 нафар мубтало гардиданд.  Аз оғози пандемия дар олам аз коронавируси нав 1 миллиону 149 ҳазору 383 нафар фавтидаанд. Ин манбаъ ҳамчунин аз пурра муолиҷа шудани 31 миллиону 430 ҳазору 288 нафар хабар дод

1109
Барчаспҳо:
баста, мактаб, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (807)

Шарҳи Кремл дар бораи пирӯзӣ ва тасмими тарки майдон кардани Ҳабиб

0
(Таҷдидшуда 15:13 25.10.2020)
Дар Кремл сабқати Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори русиягӣ ва рақиби амрикоияш Ҷастин Гейдҷиро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC дар вазни сабукро бо пирӯзияш бар Ҷастин Гейдҷӣ шодбош гуфт.

Ӯ ҳамчунин дар мавриди изҳороти Нурмуҳаммадов дар бораи хатми ҳунарнамоиҳояш дар майдон гуфт, ин интихоби шахсии ӯ мебошад.

“Мо аз пирӯзияш шодем, ӯро шодбош мегӯем. Боқӣ дигар интихоби худи ӯст”, - таъкид кард сухангӯи раисиҷумҳури Русия.

"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейдҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейдҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

Pound-for-pound – нисбати размикоре кор бурда мешавад, ки новобаста аз вазн беҳтарини беҳтаринҳо эътироф шудааст.

0
Барчаспҳо:
Кремл, пирӯзӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Русия