Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои аз коронавирус озод дохил шуд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ғайр аз Тоҷикистон, бемории коронавирус  дар 14 кишвар ва ёздаҳ қаламрави аҳолинишини ҷаҳон сабт нагаштааст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.  Рӯзномаи бритониёии Daily Mail рӯйхати кишварҳоеро тартиб додааст, ки ба қаламрави онҳо коронавирус то ҳол ворид нашудаааст.

Медицинский персонал перемещает тела из медицинского центра Wyckoff Heights в рефрижератор в Бруклине, Нью-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ: дар Тоҷикистон коронавирус нест, аммо дар дигар кишварҳои ИДМ сироятёбӣ авҷ дорад

 Дар рӯйхати маскур Тоҷикистон  бо 14 кишвари дигар ва 11 қаламрави аҳолинишин шомил шудаанд.

Бар асоси ин рӯйхат, дар баробари Тоҷикистон, коронавирус дар  Туркманистон, Комор, Кирибати, Лесото, Ҷазираҳои Маршалл, Штатҳои Федеративии Микронезия, Науру, Палау, Ҷазираҳои Соломон, Тонго, Тувалу, Вануату ва Кореяи Шимолӣ сабт нашудааст.

Минтақаҳои доимии аҳолинишине, ки то ҳол дар он ҷой коронавирус вуҷуд надоранд - Питкэрн, Еленаи Муқаддас, Вознесения ва Тристан да Куния (Шоҳигарии Бритониё), Самоа дар Амрико (ИМА), Ҷазираҳои Уоллис ва Футуна (Фаронса), Шпитсберген  (Норвегия), Ҷазираҳои Крисмас, Норфолк ва Ҷазираҳои Кокос (Австралия), Ниуэ, Токелау ва Ҷазираҳои Кук (Зеландияи Нав) мебошанд.

Ситод: коронавирус дар Тоҷикистон нест, аммо бемории илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст

Гуфта мешавад, ба бисёре аз кишварҳо бинобар сабаби дар минтақаҳои дур ҷойгир буданашон, аз қабили ҷазираҳои Комор, ки дар соҳили шарқии Африқо ва Тувалу дар уқёнуси Ором аст, коронавирус нарасидааст.

Девушка в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт набуди коронавирус дар Тоҷикистонро тасдиқ кард

Гузоришгарон омили дигари ба кишварҳо роҳ наёфтани коронавирусро дар чораҳои қатъии саривақтии андешидашуда арзёбӣ кардаанд.  

Аммо, дар мақола истисно намекунанд, ки мақомоти баъзе давлатҳо аз ҳолатҳои сироятшавӣ дар ин кишварҳо шояд ҳоло огаҳ набошанд.

The Daily Mail ба вазъ дар Кореяи Шимолӣ аҳамият дода гуфтааст, мақомоти ин кишвар исрор мекунанд, ки COVID-19 дар ин кишвар нест, аммо ин шубҳаовар аст, чун дар ҳамсоякишвар он Кореяи Ҷанубӣ беш аз 10 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ошкрор шудааст.

 Инчунин, муаллифони мақола бо ҳайрат гуфтаанд чӣ гуна Тоҷикистон, кишвари ҳамсарҳад, бо Чин, ки маркази паҳншавии коронавирус аст, тавониста истодааст то ҳол  бар вуруди коронавирус истодагарӣ намояд.

Мутахассиси ӯзбек шарҳ дод, ки чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест

Ахиран Галина Перфилева намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар ягон ҳолати коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Номбурда сабаби асосии инро дар чораҳои фаврии андешидашуда аз ҷониби мақомот ва риояи дастуроти Созмони ҷаҳонии беҳдошт унвон кард.

Лентаи хабарҳо
0