Беш аз 800 ҳазор: теъдоди шифоёфтагон аз коронавирус рӯ ба афзоиш аст

906
(Таҷдидшуда 13:12 25.04.2020)
То субҳи 25 - уми апрели соли ҷорӣ аз маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон ҳудуди 807 10 нафар комилан шифо ёфта, аз бемористонҳо мураххас гардиданд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт маълумотномаи тоза дар мавриди теъдоди умумии гирифторони коронавирус, шифоёфтагон ва қурбониёни ин маризиро мунташир намудаст.

Ба гузориши созмони мазкур, ба ҳолати соати 10-и 25 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба COVID-19  2 миллиону 831 ҳазору 860 нафар буда, аз онҳо 807 ҳазору 10 кас шифо ёфтаанд ва 197 ҳазору 318 мариз фавтидаанд.

Манбаъ Амрикоро аз лиҳози шумораи бештари маризон дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор додааст. Дар ин кишвар феълан 925 ҳазору 232 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 52 ҳазору 193 нафар ва шумораи шифоёфтагон 110 ҳазору 432 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 219 ҳазору 764 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 6 740 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 22 ҳазору 524 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 92 ҳазору 355 кас шифо ёфтаанд.

Дизенфексия ва ғизои ройгон: рӯзгори мардуми Кобул дар замони коронавирус - 16 акс

Дар Италия шумораи мубталоён 192 ҳазору 994 нафар ва теъдоди фавтидагон 25 ҳазору 969 нафар мебошад. Дар Фаронса 159 ҳазору 828 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 22 245 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Олмон теъдоди мубталоён 154 ҳазору 999 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 760 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Бритониё 143 ҳазору 464 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 19 ҳазору 506 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 104 ҳазору 912 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 600 ва 21 737 нафар мебошад.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 88 ҳазору 194 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 574 нафар вафот кардаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 816 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.

Дар Русия, ки дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад, дирӯз 5 849 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 68 622 кас расид. Аз ин шумора 5 568 нафар табобат шуда, 615 кас фавтидаанд.

Раҳмон гуфт, чанд кас аз коронавирус, табларза ва шамолхӯрию майзадагӣ фавтид

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 8 773 ҳолат, Украина – 7 647, Молдова – 3 110, Қазоқистон – 2 482, Ӯзбекистон – 1 836, Арманистон – 1 596, Озарбойҷон – 1 592 ва Қирғизистон — 665 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

То имрӯз дар Беларус  1 120 нафар, Озарбойҷон — 1 013, Молдова – 755, Арманистон  – 728, Ӯзбекистон – 621, Қазоқистон – 604, Украина — 601 ва Қирғизистон – 345 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Илова бар ин, дар Украина 193 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 84, Беларус – 63, Арманистон – 27, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 21, Қирғизистон – 8 ва Ӯзбекистон 8 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 351 нафар буда, 188 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 43 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 15 102 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 127 ҳолати фавт ва 2 049 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 9 281 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 64 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 8 525 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 10 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 294 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 4 092 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 708 нафар ва шумораи фавтидагон 86 нафар мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 518 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 15 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 2 614 нафар сироят ёфтаанд. Шумораи мубталоён дар Сурия 42 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

906
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, беморон, ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (756)

Марги як тоҷикистонии дигар аз COVID - 19: вазорат аз 41 ҳолати нави мубталошавӣ гуфт

475
(Таҷдидшуда 19:24 01.10.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронаиврус боз як дардманди дигар ҷон аз даст дод

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар як маризи коронавирус ба ҳалокат расид.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, ҳамчунин рӯзи гузашта боз 42 ҳолати нави мубталошавии сокинон ба ин вирус сабт гардид.

Ба ҳамин минвол, аз 30 апрел то 1 октябр дар ҷумҳурӣ шумораи умуми маризони коронаиврус ба 9811 нафар баробар шуд.

Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро то ҳол аз Русия воксинаи зидди коронавирус дархост накардааст

Гуфта мешавад, то имрӯз дар мамлакат 8617  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 77 нафар фавтидаанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки шабонарӯзи охир 71 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 - юми сентябр низ як ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

475
Барчаспҳо:
бемор, фавт, маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (756)
Врач у постели пациента во время обхода в госпитале

Пизишки рус иштибоҳи нафароне, ки мубталои коронавирус ҳастанд, ифшо кард

830
(Таҷдидшуда 18:08 01.10.2020)
Мутахассиси рус мегӯяд, мубталоёни маризии коронавирус набояд ба худдавоӣ машғул шаванд, балки ҳатман барои гирифтани табобати сареҳ, ба пизишк муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Умдатарин иштибоҳи нафарони гирифтор ба маризии коронавирус, ин сари вақт муроҷиат накардан ба духтур мебошад, мегӯяд Виктор Зуев, мудири шӯъбаи микробиологияи сироятҳои ниҳонии Институти Гамалея.

Зуев ба тамоми шаҳрвандон муроҷиат намуда, дархост кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба худдармонӣ машғул нашаванд, балки баръакс ҳар чӣ зудтар бояд ба мутахассис муроҷиат кунанд.

"Агар вазъи саломатиятон беҳад вазнин аст ва мадори то беморхона рафтанро надоред, зуд мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед", - афзудааст Зуев.

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, намояндаи Роспотребнадзор Наталя Пшеничная мегӯяд, Русия пас аз чанд ҳафтаи оянда, ба баландтарин қуллаи авҷи маризии коронавирус мерасад.

Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки мавориди нави сироятшавӣ ба COVID - 19 аз 9 000 ҳолат дар як рӯз, зиёдтар сурат намегирад.

Зимнан, ӯ қайд кард, ки сатҳи афзуншавии теъдоди мавридҳои нави гирифторшавӣ ба ин дард, аз худи сокинон вобаста аст.

Пшеничная мегӯяд, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва оддитарин қоидаҳои санитарӣ, метавонанд ин ададро коҳиш диҳанд.

830
Барчаспҳо:
иштибоҳ, маризӣ, пизишк
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (756)
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон