Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон

Саломатии Муҳиддин Хоҷазод беҳтар шудааст: аз дастгоҳи нафаскашӣ раҳо кардаанд

1520
(Таҷдидшуда 20:31 26.04.2020)
Вазъи саломатии Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи маъруфи тоҷик, ки чанде пеш бар асари хуруҷи бемории илтиҳоби шуш ё пневмония дар бемористони рақами аввали Хуҷанд дар шароити қарантина зери муроқибати духтурон нигоҳ дошта мешавад, беҳбуд ёфтааст

ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Аслам Каримов, суханвар ва шогирди ин адиби тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъд аз панҷ рӯзи табобат вазъи саломати Хоҷазод рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ӯ гуфт, ки чизи хушҳолкунанда ин аст, ки ҳоло духтурон устодашро аз зери дастгоҳи нафасдиҳанда ё Оксгенетор озод кардаанд.

"Бо устод, мустақиман телефонӣ суҳбат кардам, овозашон назар ба рӯзҳои қаблӣ хуб буд ва хушҳолиашонро ҳам эҳсос мешуд. Дар бораи саломатии устод, бо духтурон ҳам суҳбат доштам, гуфтанд, ки то се чор рӯзи дигар рухсат хоҳанд шуд", -  иброз намуд Каримов.

Муҳиддин Хоҷазод, рӯзи 19-уми апрел аз ҳисоби хуруҷи бемории илтиҳоби шуш ё пневмония ба бемористони рақами якуми Хуҷанд маъруф ба "Горбольница" интиқол ёфта, дар пайи баланд шудани аломати ҳарорат пизишкон ногузир ӯро зери дастгоҳи нафасрасонанда ё Оксгенератор қарор доданд.

Инак баъд аз ду рӯзи ин ҳол, вазъи саломатии ин адиби тоҷик хуб, ҳарораташ ҳам муътадил арзёбӣ шуда ва ҳоло барои васли Оксгенетор ҳеҷ зарурат боқӣ намондааст.

Духтурон вазъи саломатии адибро хуб арзёбӣ карда, вале гуфтаанд, то се чор рӯзи дигар бо охир расидани тақвими қарантинӣ, барои ба хона баргаштани ӯ рухсат дода хоҳад шуд.

Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон, аст, ки ҳоло 82 сол дорад.

Ӯ муаллифи даҳҳо асарҳои мансур, аз ҷумла романҳои "Об – рӯшноӣ", "Кӯҳ бе варта нест" ва "Роҳи Роғун дигар аст" мебошад.

1520
Барчаспҳо:
табобат, беҳтарин, саломатӣ, Суғд
Сотрудницы в физико-химической лаборатории, архивное фото

Эълони омори фавт, гирифторӣ ва шифо аз COVID - 19 дар Русия

15
(Таҷдидшуда 16:07 24.01.2021)
Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия 21 127 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Бино ба гузориши ситоди фаврӣ дар 24 соати гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия 21 127 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Қариб дар ҳамаи манотиқи кишвар ҳолатҳои нави гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст. 10,9 дарсад бидуни нишона аст.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба 3 719 400 расид.

Манбаъ афзуда, ки дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия 22 445 мариз шифо ёфта, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 3 131 760 баробар шуд.

Туркия ба истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шурӯъ мекунад

Дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 491 кас қурбони COVID-19 шуд. Ин нишондод дар Маскав — 74, Санкт-Петербург — 61, вилояти Маскав — 37 кас.

Аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Русия 69 462 кас аз ин беморӣ ҷон аз даст дод.

15
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, омор, Русия, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Намоз дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

140
(Таҷдидшуда 15:45 24.01.2021)
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон, ки аз 1 феврали соли 2021 намозгузорӣ дар масоҷидро иҷозат дод, таъкид кардааст, ки роияи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ситод мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Таъкид шудааст, ки шаҳрвандон  дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ, изҳор доштааст, ки албатта, ақоиди динӣ ва рукнҳои намозгузорӣ тартиби муайяни худро доранд.

“Вақте ки даъват ба намоз мешавад, бояд намозгузор, пеш аз ҳама, дар такопӯ нашуда, навбати ворид шудан ба масҷидро риоя намояд. Барои мисол, агар намози пешин соати 13:00  бошад, хуб мешуд намозгузорон ним соат пеш тибқи навбат дохили масҷид   шаванд”, - изҳор доштааст Ҷаъфаров дар суҳбат бо “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, новобаста ба он ки дар масҷидҳо ҷойнамози умумӣ мавҷуд аст, хуб мешуд ҳар нафар ҷойнамози алоҳидаи худро дошта бошад, зеро ин амал ба таъмини қоидаҳои гигиениву беҳдоштии ҳар нафар равона шудааст. 

“Вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси мо ба  ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол  сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд”, - тавзеҳ додааст Ҷаъфаров.

Ӯ таъкид намуд, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.

“Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад”, - таъкид намуд мақомдори Вазорати тандурустӣ.

140
Барчаспҳо:
намоз, масҷид, Тоҷикистон