Заключенный в спальне исправительной колонии, архивное фото

Зиндонҳои Тоҷикистон: гулӯдард ҳаст, пневмонияву “вируси корона” нест

975
(Таҷдидшуда 19:04 11.05.2020)
Фақат дар ду муассисаи ислоҳӣ тайи рӯзҳои ахир 40 нафар ба бунгоҳҳои тиббӣ аз баланд шудани ҳарорату дардҳои мухталиф шикоят бурдаанд

ДУШАНБЕ, 27 апрел – Sputnik. Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, танҳо дар зиндонҳои Ваҳдату Душанбе ҳудуди 40 нафар ба бунгоҳҳои тиббӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо тақрибан 5 нафар ҳоло тадовӣ мешаванд.

“Воқеан, пас аз тасф ба бунгоҳҳои тиббӣ муроҷиат карданд. Аксаран одамони рӯзадоре ҳастанд, ки пас аз кушодани рӯза оби хунук хӯрда, ба дарди гулӯ ё ангинаву дигар маризиҳои сабук гирифтор шуданд. Аксарият таҳти тадовӣ гирифта ва рухсат шуданд”, - гуфт Мансурҷон Умаров.

Қаблан Эътилофи алайҳи шиканҷа, иттиҳоди созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хоста буданд, ки дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи “вируси корона” ё COVID-19 ҳуқуқи зиндониён муроот шавад.

“Вазъияти COVID-19 воқеан зарурати эҷоди як режими хосро мекунад, аммо дар айни ҳол, бояд риояти ҳуқуқ башар, аз ҷумла дар робита ба зиндониён ва ҳамчунин эҳтиром ба озодии иттилоот ва баёни назар тазмин шавад", - омадааст дар номаи Эътилоф ба вазорати адлияи Тоҷикистон.

Мансурҷон Умаров мегӯяд, то ба ҳол ягон маризии сироятӣ вориди зиндонҳо нашудааст ва нигарониҳо дар бора асос надоранд.

“Он чӣ ба риояти ҳуқуқи зиндониён бармегардад, ин аст, ки як сол ба ин сӯ зиндонҳои Тоҷикистон ба истиснои бунгоҳҳои тиббӣ, аз госпитал ё беморхонаи вижа низ бархӯрдоранд. Мо беҳтарин мутахассисонро аз вазорати тандурустӣ хоста, дар он ҷо ба кор гумоштаем. Ҳайати духтурони беморхона пурра ва бидуни камбудӣ аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои ташхис беҳтарин пизишкони кишварро низ ба кори он ҷалб мекунем”, - гуфт сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон.

Шурӯъ аз 31 марти соли равон вазорати адлияи Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди “вируси корона” ба зиндонҳо мулоқотҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат ва дастрасии зиндониён ба дастовезҳои наздиконашонро муваққатан қатъ кард.

Марги Абдуалӣ Тоиров: пирӣ, пневмония ё “вируси корона”?

Зиндонҳо дар саросари ҷаҳон ба яке аз хатарноктарин маконҳои шуюъи "вируси корона" табдил ёфта, бархе кишварҳо ҳатто зиндониёни худро раҳо ё авф намуданд, ба истиснои онҳое, ки ҷиноятҳои сангин, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, қатлу куштор ва ғайраро муртакиб шудаанд.

Қаблан Мансурҷон Умаров ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки масъалаи раҳоии зиндониён дар ҳоли шуюъи "вируси корона" ба Додситонии кул, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл рабт мегирад ва дар ҳоли пеш омадани вазъи хос маҳз онҳо ҳаққи гирифтани тасмимро доранд.

975
Барчаспҳо:
ВАҳдат, Душанбе, табобат, рӯзадорӣ, Мансур Умаров, зиндониён, Тоҷикистон

Омори 7 рӯзи охири баҳор дар Хуҷанд: тасфу “илтиҳоби шуш” кам шудааст

85
(Таҷдидшуда 21:36 02.06.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори табъи баланду хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар охирин рӯзҳои фасли баҳорро ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар рӯзҳои охири фасли баҳор, мавридҳои баландшавии ҳарорати бадан ва хуруҷи “илтиҳоби шуш” дар миёни сокинон коҳиш ёфтааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 25 то 31 - уми май дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 52 муроҷиати сокинон бо аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охири баҳори имсол ҷамъан 746 сокин аз ду тарфи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор бештар аз 120 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии табъ будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов зикр намуд, ки аз рӯи муроҷиати сокинон, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои нахустини фасли тобистон суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён поён рафтааст.

"Рӯзҳои аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон танҳо бо ҳолати баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона дар оғози фасли тобистон сабти ин қабил маризӣ дар миёни сокинони шаҳр то ба 8 – 10 ҳолатӣ кам шудааст", - иброз намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ  ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо табибон таъкид меварзанд, ки ки барои пурра нобуд шудани "илтиҳоби шуш" боз ҳам нақши сокинон муҳим ва  минбаъд ҳам набояд риояи гигиенаи тиббӣ сарфи назар шавад.

Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

85
Барчаспҳо:
мошин, ёрии таъҷилӣ, Тоҷикистон
Доктор в маске и защитном снаряжении

Фонди захиравии Президент ба 5256 пизишк иловапулӣ ихтисос дод

162
Феълан 4,2 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, бояд саривақт ба пизишкон пардохт карда шавад

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати молия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 21 майи соли 2020 ба 5256 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ иловапулӣ дода мешавад, хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, иловапулӣ бояд ба 995 нафар духтур, 1833 корманди миёнаи тиб, 1547 корманди хурди тиб ва 881 нафар дигар кормандони соҳа пардохт карда шавад.

Феълан 4,2 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, пардохти саривақтии он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки барои моҳҳои минбаъда пардохти иловапулии мазкур тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 аз ҳисоби Фонди захиравии Президент 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунанда ба кормандони соҳаи тиб ихтисос дода шуд.

Иловапулӣ аслан ба он кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарорд доранд, пардохт карда мешавад.

162
Барчаспҳо:
маблағи иловагӣ, пизишкон, фонди захиравӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон