Люди в лицевых масках

Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 3 миллион нафар гузашт: 1 миллион аз ИМА

1075
(Таҷдидшуда 01:22 28.04.2020)
Шумори мубталоёни коронавирус дар сартосари ҷаҳон бино бар оморҳои ахирине ки нашр шуданд аз се миллион нафаргузашт

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik.  Бино ба омори ахире, ки аз суи Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА чанд дақиқаи пеш нашр шуд шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллиону 002 ҳазору 303 нафар расидааст.

Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико, Испания ва Италия ҳануз дар ҷойи авваланд. Чин, ки маркази  пайдоиши ин беморӣ буд, аз рӯйи сироятёбӣ дар зинаи нуҳум қарор гирифт. Эрон дар ҷойи ҳаштум ва Русия дар зинаи 10 қарор дорад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 000 300 нафар), Испания (219 764), Италия (199 414), Олмон (158 154), Британияи Кабир (157 149), Фаронса (128 339), Туркия (112 261) , Эрон (91 472),   Русия (87 147) ва Чин (84 338),дохил мешаванд.

Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар ИМА – 100 875, Олмон —106 062, Чин — 77 474 нафар, Испания – 98 732, 103 023 – 58 112, Эрон – 70 933, Италия – 66 624, Фаронса – 45 513, Туркия — 33 791, Швейтсария – 22 300, Бразилия – 30 152 ва Канада – 18 093 нафар мебошанд.

Русия аз Чин пеш гузашт: теъдоди дардмандони коронавирус ба беш аз 80 ҳазор нафар расид

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (56 096), Италия (26 977 нафар), Испания (23 521), Фаронса (23 293), Британияи Кабир (21 092), Эрон (5 806), Чин (4 642), Олмон (6 006), Нидерланд (4 518) ва Белгия (7 207) дохил мешаванд.

 

1075
Барчаспҳо:
фавт, сироят, Олмон, Чин, Русия, ИМА, вирус, Ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
Таблетки, архивное фото

"Левилимаб": дуюмин доруи зидди COVID - 19 дар Русия аз сӯи Вазорати беҳдошт тасдиқ шуд

672
Вазорати беҳдошти Русия дуюмин доруеро тасвиб кард, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадан монеъ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Вазорати тандурустии Русия боз як доруи зидди COVID -19 -ро, ки аз озмоиш бомуваффақият гузашт, иҷозати ба истеҳсол бароварданро дод.

Ба иттилои манбаъ, "Левилимаб" (номи тиҷоратии "Илсира") пас аз озмоишҳои клиникӣ шаҳодатнома дар бораи сабти ном гирифт.

Вазорат гуфт, ки дору дар беморони гирифтори коронавируси вазнин бисёр муассир аст.

Дору, ки аз ҷониби ширкати биотехнологии Русия "Биокад" таҳия шудааст, дар ибтидо барои табобати артрит истифода мешуд.

СУТ аз ҷаҳиши дубораи "мудҳиш"-и коронавирус дар ҷаҳон ҳушдор дод

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дода буд.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан имкон надорад.

672
Барчаспҳо:
тасдиқ, маризӣ, дору, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)

Дар Афғонистон теъдоди дардмандони коронавирус марзи 19 ҳазор нафарро убур кард

64
(Таҷдидшуда 18:32 06.06.2020)
Дар Афғонистон ҳамакунун 19 551 ҳолати мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Афғонистон ба беш аз 19,5 ҳазор нафар расидаст, хабар медиҳад Tolo News бо такя ба маълумоти Вазорати беҳдоштӣ ин кишвар.

Манбаъ меафзояд, дар Афғонистон аз замони авҷ гирифтани ин маризӣ 327 нафар ҷон бохтанд ва 1,8 ҳазор мариз шифо ёфта аз дармонгоҳҳо аллакай мураххас шудаанд.

"Шабонарӯзи ахир 582 ҳолати нави мубталошавӣ ба ин беморӣ сабт гардидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

СУТ аз хатари воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

Гузашта аз ин, давоми як рӯз 18 бемори вируси COVID - 19 дар манотиқҳои гуногуни Афғонистон ба ҳалокат расиданд.

Ёдовар мешавем, ки маризии сироятии коронавирус ба Афғонистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид гардид. Дар Эрон давоми ду рӯз мешавад, ки теъдоди гирифторони ин вирус беш аз 2 ҳазор маврид сабт мегардад.

ҶИЭ аллакай беш аз 8 ҳазор маризро аз даст дод.

64
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

163
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

163