Шарҳи мақомот дар бораи вазъи саломатии Шоҳрух Саидзода

© © Sputnik / Амир ИсаевШохрух Саидов начальник уголовного розыска, архивное фото
Шохрух Саидов начальник уголовного розыска, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикисон сарусадо дар бораи вазъи вахими саломатии сардори раёсати мазкур, Саидзода Шоҳрух Абдуфаттоҳро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Раёсати кофтукоби ҷиноӣ бистарӣ шудани Саидзода дар беморхонаро рад карда, таъкид намудааст, ки ӯ танҳо сармо хӯрда, дар хона дар гӯшанишинӣ мебошад.

Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон ба раисони вилояту навоҳӣ барои пурзӯр кардани мубориза алайҳи COVID-19

“Сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, Саидзода Шоҳрух Абдуфаттоҳ дар беморхона бистарӣ нашудааст! Бо мақсади эҳтиёт, дар гушанишинӣ дар хона мебошад. Сабаб шамол хӯрдан аст. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба манбаҳои беэътимод бовар накунед ва вобаста аз имконият аз хона берун набароед”, - омадааст дар изҳороти нашркардаи Раёсати кофтукоби ҷиноӣ.

Подполковник Саидзода 33 сол дошта, тиби ҳолномаи нашркардаи ВУД, дорои маълумоти олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқшиносӣ мебошад. Манбаъ афзуд, аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат мекунад ва айни замон дар факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда таҳсил намуда истодааст.

Саидзода аз соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, феълан дар ин мақом адои вазифа намуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0