Борис Джонсон

Сарвазири Британия гуфт, табибон ба эълони марги ӯ омода буданд

819
(Таҷдидшуда 13:46 03.05.2020)
Сарвазири Британияро пас аз 17 рӯзи табобат аз бемористон мураххас намуданд. Дар рӯзи аз беморхона баромадан ӯ соҳиби фарзанд шуд ва навзодро ба шарофати ду духтуре, ки Ҷонсонро табобат карданд, номгузорӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Борис Ҷонсон сарвазири Британия даҳшати маризии худро ба ёд оварда мегӯяд, табибон ҳатто омода буданд, то марги ӯро эълон кунанд.

"Ин як лаҳзаи бисёр вазнин буд, ман инро инкор намекунам. Саломатии ман хуб набуд ва медонистам, ки духтурон барои ҳолатҳои ғайричашмдошт нақша доштанд. Муддати тӯлонӣ ман тавассути ниқоб  оксиген нафас мекашидам... Ман наметавонам шарҳ диҳам, ки чӣ тавр  сиҳат шудам",-изҳор доштаст Ҷонсон.

Гуфта мешавад, пас аз 17 рӯзи талош барои зинда мондан, Ҷонсон соҳиби фарзанд шуд. Бо аз бемористон мураххас шудан, ҳамсараш писар таваллуд кард.

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гирифтори коронавирус шуд

Исми навзодро Ҷонсон ба шарофати ду пизишке, ки ҷони ӯро аз дами марг наҷот доданд, номгузорӣ кард. Пизишкони ӯ Николас Прайс ва Николас Харта буданд. Номи Ҷонсони хурдиро Уилфред Лори Николас номгузорӣ каранд. 

Ёдовар мешавем, ки Борис Ҷонсон худаш дар як паёмаш дар шабакаи интернет эълон карда буд, ки мубтало ба коронавирус шудааст.

 

819
Барчаспҳо:
беморӣ, Британия, сарвазир

Шифои 119 ҳазор нафар аз коронавирус дар Эрон

109
(Таҷдидшуда 18:58 31.05.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 118 ҳазору 848 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишварро ироа намуд.

Дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 516 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд, хабар дод "Парстудей" аз қавли Ҷаҳонпур.

Ҷаҳонпур афзудаст, ки аз байни мубталоёни ҷадид, 511 маврид бистарӣ ва 2 ҳазору 5 бемор ба сурати сарпоӣ хадамотрасонӣ шуданд ва маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 151 ҳазору 466 нафар расид.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 63 бемор дар 24 соати гузашта гуфтаст, фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 7797 нафар расидааст.

Дар ҷаҳон то кунун ҳудуди шаш миллиону 200 ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда ва 380 ҳазор нафар низ ҷон бохтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 805 745 нафар), Бразилия (498 440), Русия (396 575), Испания (239 228), Британияи Кабир (272 826), Италия (232 264), Олмон (183 234), Ҳиндустон (182 143) ва Туркия (163 103) Перу (155 671) дохил мешаванд.

109

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯбекистон аз 3,5 ҳазор гузашт

196
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар робита ба маризии коронавирус омори нав нашр намуд. Бар тибқи маълумоти вазорат шумораи умумии беморон аз 3,5 ҳазор ҳам бештар шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи дардмандони маризии коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Тибқи иттилои вазорат, дар давоми як рӯзи охир дар Ӯзбекистон 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

"То 31 май шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3554 нафар баробар шудаастнафар аст", - таъкид мешавад дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

196
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, Узбакистон

Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад

0
(Таҷдидшуда 03:31 01.06.2020)
Донишманди ӯзбекистонӣ эълом кардааст ҳавои гарм метавонад сирояти COVID-19-ро коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии вирусологияи вазорати тандурустӣ Хайрулло Мустафоев, эълон кардааст, ки ҳавои гарм метавонад пеши коронавирусро гирад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба “Правда Востока”.

Вай афзудааст, ки ҳавои Ӯзбекистон торафт гарм мешавад ва дар чунин шароит вирус инкишоф ёфта наметавонад.

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

Хайрулло Мустафоев, таъкид доштааст, ки беҳтарин ҳарорат барои мавҷудияти коронавирус 5 – 8 дараҷа селсия ва на камтар аз 60 дарсад намӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар кишвари мо иқлим хушку гарм аст. Умуман, ҳама бемориҳои шамолхӯрӣ дар давраи гармо ҳамеша аз байн мераванд”, - афзуд вирусшинос.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори ахири вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар давоми як рӯзи охир дар ин кишвар 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

0
Барчаспҳо:
коҳиш, вирус, гарм, гармо, ҳаво, донишмандон, Ӯзбекистон