Сабти беш 10 ҳазор гирифторони COVID-19 тайи 24 соати гузашта дар Русия

488
(Таҷдидшуда 14:35 04.05.2020)
Миёни гирифторони нави COVID-19 дар Русия 50,6 дарсади беморон ҳеч нишонаҳои болинии маризӣ надоштаанд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Русия 10 ҳазору 581 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар 82 минтақаи кишвар сабт гардид.

Тибқи иттилои Ситоди фаврии мубориза бо COVID-19, теъдоди бештари ҳолатҳои нави гирифторшавӣ дар Маскав ошкор гардиданд, ки 5 ҳазору 795 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилояти Маскав – 803 ҳолат ва  Санкт-Петербург – 317 ҳолат ошкор гардиданд.

Ситод таъкид кардааст, миёни маризони нав, ки дар 24 соати гузашта сабт шудаанд, ҳеч нишонаҳои клиникӣ дида намешавад.

Манбаъ илова намуд, ки дар шабонарӯзи гузашта дар кишвар 76 нафар аз коронавирус фавтиданд.

Теъдоди афроде, ки дар 24 соати гузашта комилан аз COVID-19 шифо ёфтаанд, 1 ҳазору 456 нафар арзёбӣ шуд.

Дар маҷмуъ шумори гирифторони коронавирус дар 85 минтақаи Русия 145 ҳазору 268 нафарро ташкил медиҳад.

488
Барчаспҳо:
вируси нав, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (487)

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба қарибӣ дубора ба Тоҷикистон меояд

363
(Таҷдидшуда 10:16 04.06.2020)
Дар нишасти матбуотии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бораи сафари такрории ҳайати ин ташкилот ба Тоҷикистон гуфтанд

 

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт  дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон дубора меояд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Дафтари минтақаи ТУТ дар Аврупо хабар дода шуд.

Доктор Олег Стороженко, корманди маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва ҳамзамон узви ҳайати СҶБ, ки ба Тоҷикистон омада буд, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, мубориза бо коронавирус як равиши хеле ҳамаҷонибаест, ки захираҳои муайянро лозим дорад ва ҳамзамон дар баробари табибон кор бо аҳолиро талаб мекунад.

"Дар ҳолати зарурӣ, ТУТ омода аст шарикони худро барои кӯмак, пешниҳоди таҷрибаи зарурӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ сафарбар намояд. Мо хуб медонем, ки ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ як ташкилот наметавонад танҳо ба пандемия мубориза барад. Мо барои муттаҳидӣ дар ин ҷоем ва агар лозим бошад, дасти худро дароз кунем ", гуфт Стороженко.

Ҳамзамон  Луба Негру, сухангӯи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо илова намуд, ки ҳайати ташкилот ба наздикӣ боз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

 Ёдовар мешавем, сафари охирини гурӯҳи махсуси ТУТ чанде пеш баргузор шуда буд, ки коршиносони он ду ҳафтаи аввали моҳи майро дар Тоҷикистон гузарониданд.

363
Вспышка коронавируса в Китае

Associated Press: Чин додани маълумот оид ба коронавирусро ба СҶБ рад кард

290
(Таҷдидшуда 10:36 04.06.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар нахустин лаҳазот аз мақомоти Чин дар бораи паҳншавии коронавирус ва ҳолати беморон маълумот гирифта натавонист

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар оғози авҷи шиддати нави коронавирус, Чин пешниҳоди иттилооти муҳимро дар бораи ин беморӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ қасдан таъхир кард, хабар додаастхабар медиҳад Associated Press бо истинод ба сабти гуфтугӯҳои дохилии ТУТ.

Мушкилот бахусус дар ҳафтаи аввали моҳи январ шадид буд.

"Онҳо (мақомоти Чин - таҳрир.) онро (маълумот - таҳрир) ба мо 15 дақиқа пеш аз он ки он дар (телевизиони чинӣ – таҳрири) CCTV пайдо шавад, доданд",- гуфт Годен Галеа намояндаи ТУТ дар Чин, дар як маҷлиси дохилӣ.

Дар ҷаласаи дигари ТУТ, эпидемиолог Мария ван Керчов қайд кард, ки ин ташкилот ҳадди аққали маълумот дар бораи коронавирус ва сар задани беморӣ дорад. Аз ҷумла, дар бораи шумораи мубталоён ва ҳолати онҳо маълумоте набуд.

Вобаста ба вазъ дар миёнаи моҳ, намояндаи СҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода  Майкл Райан пешниҳод намуд, ки ба Чин фишор оварда шавад, то такрори вазъияти соли 2002 ҳангоми сар задани синдроми шадиди роҳи нафаскашӣ (SARS) пешгирӣ карда шавад.

"Дақиқ  ҳамон сенарияи пешина, талошҳои бепоён барои дарёфти иттилоъ аз Чин, ки чи рух дода итсиодааст", гуфт ӯ.

Associated Press ҳамчунин қайд мекунад, ки дар аввал, Чин ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ маълумот дар бораи геноми коронавирус, ки аз ҷониби якчанд лабораторияҳои ҳукумат рамзкушоӣ  карда шудаанд, пешниҳод накардааст.

Қаблан низ Доналд Тарам, президенти Амрико Чинро дар маҳфуз нигоҳ доштани иттилоъ дар бораи коронавирус муттаҳам карда, гуфт, агар маълум шавад, ки Пекин "дидаю дониста" маълумоти марбут ба коронавирусро пинҳон кардааст, Чин "ба ҷавобгарӣ кашида мешавад".

Раҳбари Амрико таъкид кард, ки ин вируси хатарнокро пеш аз пандемия дар Чин метавонист қатъ кард, аммо ҳоло тамоми ҷаҳон аз он дар азоб аст.

Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд.

Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд.

Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус қариб  дар саросари ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд.

Бар пояи оморҳо ахир, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 6,46 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва 382 ҳазор бемор аз сироят вафот карданд.

290
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

0
(Таҷдидшуда 16:04 04.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

0