Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Афзоиши гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон: дар кадом шаҳру вилоят чанд нафар?

13644
(Таҷдидшуда 17:51 04.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз шумораи шахсони гирифтор ба коронавируси COVID-19 дар кишвар102 нафар зиёд шуда, ба 230 кас расид

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, то имрӯз  3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шуд.

"То соати 16:30 дақиқаи 4 май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид. Ҳамзамон, то имрӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шуд", - омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 4 май дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246  нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Тибқи маълумоти нави Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамагӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 582 ҳазору 804 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 245 ҳазору 567 нафар вафот карда, 1 миллиону 160 ҳазору 110 кас шифо ёфтаанд ва 50 ҳазору 20 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

13644
Мужчина в защитной маске

Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва шифо ёфтани 1575 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

1048
(Таҷдидшуда 18:16 27.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳури аз маризии коронавирус ягон бемор нафавтид

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. То соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат аз шумораи дигари қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки  имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

1048
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Подпись документов

Таъсиси ордени "Саломатӣ" барои беҳтарин табибон дар Ӯзбекистон

92
(Таҷдидшуда 11:45 27.05.2020)
Ҷоизаи ифтихорӣ ба ӯзбекҳо, хориҷиён ва инчунин шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои барандагон маблағҳои пулӣ ва ҳамзамон  имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Қарор дар бораи таъсиси ордени "Саломатлик" (“Саломатӣ”) аз сӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи гузашта ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Гуфта мешавад, ҷоизаи ифтихорӣ барои хизматҳои барҷаста дар рушди системаи тандурустии кишвар, беҳбуд бахшидани саломатии мардум ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа супурда мешавад. Онро метавон аз ҷумла хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд низ ба даст оваранд.

Нишон аз ду дараҷа иборат аст. Ордени дараҷаи I ба шахсоне, ки барои саҳми назаррас дар рушд ва такмили соҳаи тандурустӣ ва мустаҳкамгардонии саломатии мардум, ордени дараҷаи II ба шахсоне дода мешавад, ки дар ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ, пешгирии бемориҳои мухталиф ва рафъи онҳо фаъоланд, мукофотонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, барои ҳавасмандӣ ҳамзамон барандагонро маблағҳи пулӣ ва имтиёзҳо тақдим мешавад.

92
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2638
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2638
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон