Главный корпус больницы Истиклол

Рустами Эмомалӣ раҳбарони ду беморхонаи калонтарини пойтахтро таъйин кард

3729
(Таҷдидшуда 14:34 06.05.2020)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт раҳбарони ду беморхонаи калонтарини пойтахт - “Истиқлол” ва “Якум советски"-ро таъйин намудааст

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ бо дастури Рустами Эмрмалӣ, Рустам Хуршедзода аз вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” озод гардида, ба мансаби директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” таъйин гардид.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Рустами Эмомалӣ Фаррух Маҳмадзодаро аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” маърум бо “Якум Советский” таъйин кардааст.

Ёдовар мешавем рӯзи гузашта Ҷамолиддин Абдуллозода, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз раҳбарии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва вазири тандурустии Тоҷикистон таъйин шуд.

 

3729
Барчаспҳо:
Беморхона, дастур, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

Роспотребнадзор гуфт, сохтани як ваксина барои COVID-19 ғайриимкон аст

0
Анна Попова, раҳбари Роспотребнадзор дар бораи омода кардани ваксина бар зидди коронавирус сухан гуфт

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ваксинаи ягона барои коронавирус нахоҳад дошт, гуфт роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова ҳангоми мубоҳисаи онлайн дар клуби “Валдай”.

Ба гуфтаи вай, дар Русия якбора якчанд доруҳои мухталифро барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ истифода хоҳанд бурд.

"Бешубҳа, ин як дору нахоҳад буд. Як қатор ваксинаҳо ва доруҳои мухталиф мавҷуданд, ки барои гурӯҳҳои гуногун истифода хоҳанд шуд" - гуфт Попова.

Дар хусуси таъсири ваксинаҳои таҳияшудаи зидди коронавирус ҳанӯз барвақт гуфтан, изҳор дошт роҳбари Роспотребнадзор.

"Мӯҳлати эълон (таҳия намудани ваксина) умеди касе аст. Аммо ба назарам, имрӯз ҳоло умедвор кардан барвақт аст. Мо метавонем бигӯем, ки кай таҳия ва иҷрои ваксина аз ҷиҳати техникӣ имконпазир аст, аммо мо итминон надорем, ки он барои шахс то чӣ андоза самарабахш хоҳад буд",- гуфт Попова.

Вай афзуд, ки бар асари коронавирус, мутахассисон бояд фавран ваксинаҳои зукомро омода кунанд. Тибқи пешгӯии Роспотребнадзор, мавҷи дуюми ин беморӣ дар давраи афзоиши беморищои шадиди роҳи нафас метавонад рух диҳад.

Тахмин меравад, ки дар ин ҳолат як бемор манбаи паҳнсозии ҳарду вирус - ҳам зуком ва ҳам коронавирус мегардад.

Номбурда гуфтааст, рухдоди чунин вазъ раванди вазнин хоҳад буд ва ин комилан, ин моро водор мекунад, ки ваксина алайҳи зукомро ба даст орем ва миқдори онро зиёд бардорем ва кӯшиш кунем, ки шумораи зиёди шаҳрвандон эм карда шаванд.

0
Барчаспҳо:
истеҳсол, вирус, табобат, дору, Тоҷикистон
Женщина в защитной маске на улице города Душанбе

Афзоиши гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон: ба 4,3 ҳазор наздик шуд

235
(Таҷдидшуда 19:31 04.06.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави мубталоёни коронавирус дар кишварро барои имрӯз  4 июн нашр кард

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар давоми шабонарӯзи ахир 98 ҳолати нави гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумот  то имрӯз 4 июн, шумораи умумии беморони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 4289 нафар расид.

Ҳамзамон, дар давоми як рӯзи охир, табибон тавонистанд 54 беморро табобат кунанд.

Сар аз оғози эълони ин бемори дар кишвар то кунун  2 401 нафар шаҳрвандон шифо ёфтанд.

Инчунин то имрӯз, 1418 сокин дар беморхона таҳти назорати кормандони тиббӣ қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ гуфтааст,  давоми шабонарӯзи охир аз коронавирус ҳеҷ кас нафавтидааст. Теъдоди қурбониён то имрӯз аз  ин беморӣ дар кишвар ба  48 нафар мерасад.

Ин ниҳод афзудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мешаванд ва дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

235