Медики транспортируют пациента с подозрением на коронавирусную инфекцию

Мураххас шудани беш аз 5 ҳазор шифоёфтагони коронавирус дар Русия давоми як шабонарӯз

1170
(Таҷдидшуда 17:44 09.05.2020)
Дар Русия аз замони авҷи маризии коронавирус бори нахуст беш аз 5 ҳазор бемор, ки комилан шифо ёфтанд, аз бемористонҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Аз дармонгоҳҳои Русия давоми як шабонарӯзи ахир 5308 нафар мураххас шуданд. Вале дар ҳамин муддат боз 10817 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.

Ба ҳамин минвол бо ошкор шудани ҳолаатҳои нави мубталошавӣ ба ин беморӣ, теъдоди умумии дардмандон дар Русия ба 198 676 нафар баробар шуд.

Рекорди нав дар Русия: мубтало шудани 7000 кас дар як рӯз ба COVID -19

Маскав ҳамоно аз лиҳози теъдоди бештари мубталоёни коронавирус дар мақоми аввал ҷой дорад. Танҳо дар як шабонарӯзи ахир даар пойтахти Русия 5667 ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуд.

Зикр мегардад, ки синну соли аксари мубталоён ба коронавирус аз 65 - сола поён мебошад.

Бояд гуфт, ки Русия ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии барзиёди ин маризӣ ҳатто имрӯз, 9 - уми май аз баргузории сартосарии Иди Ғалаба низ даст кашид.

1170
Барчаспҳо:
мураххас мешавад, маризон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19

Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

1 / 2
2
Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, истеҳсоли маҳлули антисептикии пошанда (спрей)-ро ба роҳ мондаст, ки “Антиковид-19” ном дорад

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Маҳлул дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад, хабар додаст нашрияи парлумони Тоҷикистон, “Садои мардум”.

Ба иттилои манбаъ, Ҳикматов муътақид аст, ки агар беморони гирифтори коронавирус рӯзе 6-8 маротиба маҳлулро ба кому даҳон пош диҳанд, эҳтимолияти сироят ёфтани дигарон 99 дарсад кам мешавад.

“Духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон тамос доранд, агар бо ин маҳлули антисептикӣ даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзуд, бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз маҳлули “Антиковид-19” истифода бурдаанд, беҳбудиро эҳсос намуданд.

Нашрия навиштааст, ки яке аз бартариҳои нӯшдорую маҳлули антисептикии пошандаи “Антиковид-19” дар он аст, ки хосияти иммуномодуляторӣ дошта, қувваи муҳофизатии ҷисмро пурқувват мекунад.

“Магнийи таркиби сиёҳдона фаъолияти системаи дилу рагҳо, шуш, мағзи сар, системаи асаб ва мушакҳоро беҳтар мегардонад. Оҳан барои хунофарӣ, мис барои беҳтаргардонии раванди табодули моддаҳо дар ҳуҷайраҳо, манган баҳри фаъолияти хуби ғадуди зери меъда, селен дар муолиҷаи бемориҳои саратонӣ кумак мерасонанд. Витаминҳои гурӯҳи В дар фаъолияти хуби ҷигару низоми асаб нақши муҳим  мебозанад”, - омадааст дар матлаб.

2
Барчаспҳо:
истеҳсол, дорусозӣ, дору, сироят, Тоҷикистон
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Беморхонаи сироятӣ дар Хистеварз - зодгоҳи сарвазир ва раиси ситоди COVID -19

81
(Таҷдидшуда 11:16 02.06.2020)
Дар ҷамоати наздисарҳадии деҳоти Хистеварз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳукумат ба сохтмони як Бемористони сироятӣ оғоз намудааст

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бар пояи иттилоъи Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ин беморхона аз ду ошёна иборат буда, 22 ҳуҷраҳои табобатию ёрирасони он, дорои 30 кат будааст.

"Тибқи нақша дар беморхонаи мазкур 18 воҳиди корӣ таъсис дода хоҳад шуд ва дар он 2 табиб - сироятшинос, 11 ҳамшираи шавқат ва 5 корманди хурди техникӣ фаъолият мебранд”, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Фармоишгари ин иншоот, ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, корҳои сохтмонӣ аз сӯи ПМК № 115 ба иҷро расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти ҳукумат иттилоъ медиҳад, ки ба ҳисоби Бемористони сироятӣ ба истифодадиҳии ҳудуди сад иншооти сохташавандаи соҳаи маишӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ба нақша гирифта шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳини сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз раванди корҳои сохтмонии ин иншоот шинос шуда, дар бораи ташкил намудани озмоишгоҳ дар ин беморхона дастур додааст.

Раиси вилояти Суғд ахиран дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ дар замони авҷи хуруҷи маризии коронавирус дар кишвари ҳаммарзи Қирғизистон ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда дар мулоқот бо масъулини ноҳия аз ҷумла мақомоти сарҳадбонӣ масъалаи пешгирӣ аз сироятӣ ин маризиро ба баррасӣ гузошта, дар бораи ба он тарафи марз – ба тарафи хатари сирояти беморӣ нагузаштани сокинон дастур дода буд.

Ҷамоати Хистеварз, дар қатори ҷамоати Овчи - Қалъача яке аз ду ҷамоатҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Деҳаи Хистеварз зодгоҳи сарвазир ва ҳамзамон раиси Ситоди COVID-19 и кишвар Қоҳир Расулзода аст.

81