Министр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода

Суҳбати Абдуллозода бо намояндаи СҶБ: аз мубориза ба COVID-19 то омодагӣ ба кумак

603
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Ҳанс Ҳенри Клюге, директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо зимни як суҳбати телефонӣ масъалаи мубориза бо коронавирусро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорат дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони  сирояти коронавируси нави COVID-19-ро дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, Ҳанс Ҳенри Клюге, директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо иброз доштааст, ки ин ташкилот омодааст мутахассисони зудамалро ба Тоҷикистон сафарбар намояд.

“Ҳамзамон, номбурда пешниҳод намуд, ки бояд ташхисгоҳҳои сайёри мобилӣ ҷиҳати гузаронидани аҳолӣ аз ташхисҳои тестӣ ба роҳ монда шавад”-афзудааст манбаъ.

Дар идомаи суҳбат вазири тандурустӣ бо Ҳанс Ҳенри Клюге, оид  ба дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳавасмандии хешро иброз  доштанд.

Бар пояи оморҳои рӯзи гузаштаи мақомоти Тоҷикистон шумори мубталоёни беморӣ дар кишвар ба 729 нафар расида, аз он 23 тан фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус 30 апрел хабар дода буд.

 

603
Барчаспҳо:
вирус, Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Ҷамолиддин Абдуллоев
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице

Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

13
Дар Қирғизистон фавти нав аз маризии коронавирус сабт шудааст. Бо иловаи фавти ҷадид теъдоди қурбониёни ин маризӣ ба 17 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар вилояти Нарини Қирғизистон як зани 79 - сола, ки гирифтори маризии сироятии коронавирус буд, ба ҳалокат расид.

Ба иттилои муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, зани солхӯрдаро ҳанӯз 13 - уми май бистарии беморхона намуданд.

Марҳум дар баробари мубтало шудан ба коронавирус, ҳамзамон аз маризии қалб ва фишорбаландӣ низ азият мекашидаст.

"Вазъи саломатии бемор рӯзи 30 - юми май бад шуда, санаи 1 - уми июн пизишкон ӯро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карданд", - шарҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.

Усенбоев таъкид кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди пизишкон қалби ӯ аз тапидан бозмонд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониёни маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба 17 нафар баробар шуд.

Гузашта аз ин, дар Қирғизистон ҷамъан 1845 ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст. Аллакай 1219 нафар пас аз шифо ёфтан аз дармонгоҳҳои ин кишвар мураххас шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ бурузи ин маризиро санаи 30 - юми апрел эълон карданд ва то кунин аз ин беморӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 47 нафар ба ҳалокат расиданд.

13
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19

Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

1059
Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, мегӯяд, истифодаи ин маҳлул, эҳтимоли сирояти дигаронро 99 фоиз кам карда, барои духтурону бемордорон хатари сироятёбӣ қариб аз байн меравад

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, истеҳсоли маҳлули антисептикии пошанда (спрей)-ро ба роҳ мондаст, ки “Антиковид-19” ном дорад

Маҳлул дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад, хабар додаст нашрияи парлумони Тоҷикистон, “Садои мардум”.

Ба иттилои манбаъ, Ҳикматов муътақид аст, ки агар беморони гирифтори коронавирус рӯзе 6-8 маротиба маҳлулро ба кому даҳон пош диҳанд, эҳтимолияти сироят ёфтани дигарон 99 дарсад кам мешавад.

“Духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон тамос доранд, агар бо ин маҳлули антисептикӣ даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзуд, бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз маҳлули “Антиковид-19” истифода бурдаанд, беҳбудиро эҳсос намуданд.

Нашрия навиштааст, ки яке аз бартариҳои нӯшдорую маҳлули антисептикии пошандаи “Антиковид-19” дар он аст, ки хосияти иммуномодуляторӣ дошта, қувваи муҳофизатии ҷисмро пурқувват мекунад.

“Магнийи таркиби сиёҳдона фаъолияти системаи дилу рагҳо, шуш, мағзи сар, системаи асаб ва мушакҳоро беҳтар мегардонад. Оҳан барои хунофарӣ, мис барои беҳтаргардонии раванди табодули моддаҳо дар ҳуҷайраҳо, манган баҳри фаъолияти хуби ғадуди зери меъда, селен дар муолиҷаи бемориҳои саратонӣ кумак мерасонанд. Витаминҳои гурӯҳи В дар фаъолияти хуби ҷигару низоми асаб нақши муҳим  мебозанад”, - омадааст дар матлаб.

1059
Барчаспҳо:
истеҳсол, дорусозӣ, дору, сироят, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Мақомот ҳалокати сардори шуъбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шарҳ дод

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 майро ки дар пайи он Худоиев Асланшоҳ, сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Ванҷ бо писараш фавтид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи  Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб рух дод.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

“Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бар асари ин садамаи мудҳиш корманди ин ниҳод бо писараш ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд

Гуфта мешавад, ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

0
Барчаспҳо:
фавт, КҲФ Тоҷикистон, Ванҷ, Тоҷикистон