Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Вазорати тандурустӣ мубталоёни COVID-19 дар Тоҷикистонро 1118 нафар гуфт

1494
(Таҷдидшуда 19:34 15.05.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 17:20 дақиқаи рӯзи 15 май дар кишвар 1 ҳазору 118 нафар бо сирояти коронавирус ошкор гардида, аз ин беморӣ 33 нафар фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузашта 4 нафари дигар бар асари коронавирус фавтида, беш аз 200 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. 

"То соати 17:20 дақиқаи рӯзи 15 май дар мамлакат 1118 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардида, аз ин беморӣ 33  нафар фавтидаанд", - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид кардааст, ки то имрӯз дар мамлакат 4297 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 477 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Аз шустану кафан то ҷанозаю дар қабргузории фавтида аз COVID-19: эълони Кумитаи дин

Ин ниҳод аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

1494
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (487)

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба қарибӣ дубора ба Тоҷикистон меояд

353
(Таҷдидшуда 10:16 04.06.2020)
Дар нишасти матбуотии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бораи сафари такрории ҳайати ин ташкилот ба Тоҷикистон гуфтанд

 

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт  дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон дубора меояд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Дафтари минтақаи ТУТ дар Аврупо хабар дода шуд.

Доктор Олег Стороженко, корманди маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва ҳамзамон узви ҳайати СҶБ, ки ба Тоҷикистон омада буд, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, мубориза бо коронавирус як равиши хеле ҳамаҷонибаест, ки захираҳои муайянро лозим дорад ва ҳамзамон дар баробари табибон кор бо аҳолиро талаб мекунад.

"Дар ҳолати зарурӣ, ТУТ омода аст шарикони худро барои кӯмак, пешниҳоди таҷрибаи зарурӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ сафарбар намояд. Мо хуб медонем, ки ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ як ташкилот наметавонад танҳо ба пандемия мубориза барад. Мо барои муттаҳидӣ дар ин ҷоем ва агар лозим бошад, дасти худро дароз кунем ", гуфт Стороженко.

Ҳамзамон  Луба Негру, сухангӯи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо илова намуд, ки ҳайати ташкилот ба наздикӣ боз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

 Ёдовар мешавем, сафари охирини гурӯҳи махсуси ТУТ чанде пеш баргузор шуда буд, ки коршиносони он ду ҳафтаи аввали моҳи майро дар Тоҷикистон гузарониданд.

353
Вспышка коронавируса в Китае

Associated Press: Чин додани маълумот оид ба коронавирусро ба СҶБ рад кард

278
(Таҷдидшуда 10:36 04.06.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар нахустин лаҳазот аз мақомоти Чин дар бораи паҳншавии коронавирус ва ҳолати беморон маълумот гирифта натавонист

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар оғози авҷи шиддати нави коронавирус, Чин пешниҳоди иттилооти муҳимро дар бораи ин беморӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ қасдан таъхир кард, хабар додаастхабар медиҳад Associated Press бо истинод ба сабти гуфтугӯҳои дохилии ТУТ.

Мушкилот бахусус дар ҳафтаи аввали моҳи январ шадид буд.

"Онҳо (мақомоти Чин - таҳрир.) онро (маълумот - таҳрир) ба мо 15 дақиқа пеш аз он ки он дар (телевизиони чинӣ – таҳрири) CCTV пайдо шавад, доданд",- гуфт Годен Галеа намояндаи ТУТ дар Чин, дар як маҷлиси дохилӣ.

Дар ҷаласаи дигари ТУТ, эпидемиолог Мария ван Керчов қайд кард, ки ин ташкилот ҳадди аққали маълумот дар бораи коронавирус ва сар задани беморӣ дорад. Аз ҷумла, дар бораи шумораи мубталоён ва ҳолати онҳо маълумоте набуд.

Вобаста ба вазъ дар миёнаи моҳ, намояндаи СҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода  Майкл Райан пешниҳод намуд, ки ба Чин фишор оварда шавад, то такрори вазъияти соли 2002 ҳангоми сар задани синдроми шадиди роҳи нафаскашӣ (SARS) пешгирӣ карда шавад.

"Дақиқ  ҳамон сенарияи пешина, талошҳои бепоён барои дарёфти иттилоъ аз Чин, ки чи рух дода итсиодааст", гуфт ӯ.

Associated Press ҳамчунин қайд мекунад, ки дар аввал, Чин ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ маълумот дар бораи геноми коронавирус, ки аз ҷониби якчанд лабораторияҳои ҳукумат рамзкушоӣ  карда шудаанд, пешниҳод накардааст.

Қаблан низ Доналд Тарам, президенти Амрико Чинро дар маҳфуз нигоҳ доштани иттилоъ дар бораи коронавирус муттаҳам карда, гуфт, агар маълум шавад, ки Пекин "дидаю дониста" маълумоти марбут ба коронавирусро пинҳон кардааст, Чин "ба ҷавобгарӣ кашида мешавад".

Раҳбари Амрико таъкид кард, ки ин вируси хатарнокро пеш аз пандемия дар Чин метавонист қатъ кард, аммо ҳоло тамоми ҷаҳон аз он дар азоб аст.

Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд.

Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд.

Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус қариб  дар саросари ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд.

Бар пояи оморҳо ахир, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 6,46 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва 382 ҳазор бемор аз сироят вафот карданд.

278
Судебный молоток, архивное фото

Жураев 85 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 14:51 04.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор дониста, 85 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Жураев аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол маҳрум шуд, хабар дод “Ҷумҳурият”.

Манбаъ афзуд, Жураев ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб карда, 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, Жураев моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш аз Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019  Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии “Оғабек”-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шудаст, ки  Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст.

Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ.

Дар пайи шикояти Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев ба Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Таъкид шудааст, дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои кор ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кардаст.

0