Ҳабиб гуфт, падараш мубталои коронавирус шудааст: "вазъаш ниҳоят вазнин аст"

579
(Таҷдидшуда 14:04 19.05.2020)
Вирус ба дили Нурмуҳаммадови калонӣ сахт таъсир карда ва ӯ ҳоло дар ҳолати ниҳоят вазнин дар беморхона қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нуруҳаммадов тасдиқ кард, ки падар ва мураббияш Абдулманноф Нурмуҳаммадов мубталои коронавирус шудааст

Ин беморӣ ба қалби ӯ, ки қаблан инсултро аз сар гузаронид сахт асар карда, саломатияш хеле вазнин арзёбӣ мешавад.

"Ин вирус ба дил таъсир кард. Як сол пеш ӯ ҷарроҳӣ шуда буд. Вай дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ташаккур ба ҳар нафаре, ки менависад ва дастгирӣ мекунад. Бигзор Худо ба ҳамаи мо кумак кунад", гуфт Ҳабиб дар як паёми видеоӣ дар Instagram.

Ёдовар мешавем, ки падар ва мураббии Ҳабиб дар Доғистон гирифтори илтиҳоби шадиди шуш гардид ва барои чанд муддат дар дармонгоҳи ватанаш бистарӣ шуда буд.

Аммо дар робита ба вазнин шудани вазъи саломатии ӯ, мураббии номиро фавран тариқи парвози махсус ба Маскав барои муолиҷа интиқол доданд. Размикори доғистонӣ ҳамчунин аз ҳамватанонаш даъват кард, ки талаботи табибонро қатъӣ  риоя кунанд ва Иди Рамазонро дар хона ҷашн гиранду ба хонаҳои ҳамдигар нараванд.

“Мо дар Доғистон вазъияти хеле вазнин  ва гировар дорем. Беморхонаҳо пуранд. Бисёр одамон бемор шуданд, шумораи зиёд одамон фавтидан ”- гуфт Нурмуҳаммадов.

Ӯ ҳамчунин гуфт, танҳо беш аз 20 нафар аз наздиконаш дар аз ин беморӣ дар ҳолати вазнин қарор дошта, бархе низ фавтидаанд.

Президенти Русия Владимир Путин зимни як конфронси видеоӣ бо роҳбарият ва намояндагони ҷамъияти Доғистон гуфтааст, ки сабаби ҳалокати зиёди аз коронавируси ва ҳолатҳои ҷиддии ин беморӣ дар ҷумҳурӣ кӯшиши худтабобаткунь ва дер ба табибон муроҷиат кардан аст.

Тибқи маълумоти охирини расмӣ, Доғистон аз рӯи шумораи сироятёбандаҳо дар байни минтақаҳои Русия дар ҷои панҷум аст: дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3460 ҳолати бемор ошкор карда шуд. 1807 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуданд, 29 нафар вафот карданд.

Суръати сирояти коронавирус дар Русия коҳиш меёбад

Тибқи маълумоти охирини расмӣ, Доғистон аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар байни минтақаҳои Русия дар ҷои сем пас аз Москва ва Вилояти Москва меистад. Дар ҷумҳурӣ наздики сеюним ҳазор ҳолати бемор ошкор карда шуда, 1807 нафар шифо ёфтаву  29 нафар вафот карданд.

Тибқи охирин омор танҳо дар шабонарӯзи ахир 196 ҳолати нав дар ин минтақа ба қайд гирифта шудааст.

579
Барчаспҳо:
вазнин, сактаи қалб, беморӣ, вирус, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Доғистон, Русия
Женщина в защитной маске на улице города Душанбе

Бидуни фавт: вазорат омори нави гирифторони коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

37
(Таҷдидшуда 19:16 04.06.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави мубталоёни коронавирус дар кишварро барои имрӯз  4 июн нашр кард

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар давоми шабонарӯзи ахир 98 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумот  то имрӯз 4 июн, шумораи умумии беморони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 4289 нафар расид.

Ҳамзамон, дар давоми як рӯзи охир, табибон тавонистанд 54 беморро табобат кунанд.

Сар аз оғози ълони ин бемори дар кишвар то кунун  2 401 нафар шаҳрвандон шифо ёфтанд.

Инчунин то имрӯз, 1418 сокин дар беморхона таҳти назорати кормандони тиббӣ қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ илова гуфтааст,  давоми шабонарӯзи охир аз коронавирус ҳеҷ кас нафавтидааст. Теъдоди қурбониён то имрӯз аз  ин беморӣ дар кишвар ба  48 нафар мерасад.

Ин ниҳод афзудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мешаванд ва дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дар Тоҷикистон аз бурузи маризии коронавирус ба таври расмӣ 30 - юми апрел хабар доданд.

 

 

37
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Хушхабар: Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар Душанбе аз маризони COVID - 19 орӣ шуд

333
Тамоми маризони COVID -19, ки дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, шифо ёфта мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз орӣ шудани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе аз маризони коронавирус хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи маризони коронавирус, ки дар ин беморхона бистарӣ буданд, шифо ёфта ба хонаҳои худ баргаштанд.  

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

Зимнан, вазорат таъйид намудаст, ки дар чанд рӯзи ахир қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  муддати муайян дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегирифтанд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил" ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", ки ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҳоло  дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус кам шудааст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 паси сар шудааст.

333
Барчаспҳо:
маризон, бемористон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Путин аз беҳбуд шудани вазъи коронавирус дар Русия хабар дод

0
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъияти феълӣ дар роибта ба авҷи маризии коронавирус, рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъият дар робита ба маризии коронавирус рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Сомонаи Кремл хабар медиҳад, ки Владимир Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия дар бораи вазъи феълӣ мулоқот баргузор намудаст.

Ба гуфтаи Путин, бо вуҷуди беҳтар шудани вазъ, назорат дар ҳар минтақа бояд пурзӯр карда шавад "ва дар сурати мушоҳида кардани тағйироти кӯчак дар робита ба авҷи коронавирус фавран бояд чораҷӯӣ кард".

232 бемор: фавти рекордӣ аз коронавирус дар Русия давоми як рӯз

Зимнан, раисҷумҳури Русия аз афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар манотиқи Забайкал шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Дар робита ба ин, Владимир Путин барои назорати вазъ дар ин манотиқ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои нав дод.

Бар  тибқи тозатарин маълумотҳо, дар Федератсияи Русия ба ҳолати 4 - уми июн 441 ҳазор дардмандони маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин маризӣ дар Русия 204 ҳазор бемор шифо ёфта, ҳамзамон 5384 нафар ҷон бохтанд.

0
Барчаспҳо:
маризон, вазъият, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон