Доктор проверяет панель управления аппаратом искусственной вентиляции легких

“Камолид” ва “Седармона”: олимони тоҷик дастгоҳи нафсдиҳиву ду доруи зиддивирусӣ сохтаанд

993
(Таҷдидшуда 12:13 21.05.2020)
Олимони соҳаи тибби мамлакат дар якҷоягӣ бо олимони Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон дастгоҳи ёрирасони нафасдиҳии сунъиро  ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 21 май— Sputnik. Ин дастгоҳро табибон дар Беморхонаи  ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе якчанд муддат озмоиш намудаанд.

Натиҷаи озмоиш нишон дод, ки  ин дастгоҳ пурра ба дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии стандартӣ ҷавобгӯ буда, барои бемороне, ки аз нафастангӣ душворӣ мекашанд, пешбинӣ шудааст, хабар додааст “Ховар”

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизот бо неруи барқ фаъолият намуда, 5 кило вазн дорад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ,гуфтааст, таҷҳизоти  нафасдиҳии сунъӣ аллакай дар Беморхонаи  ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе  дастрас гардида, аз он барои осон гардидани нафасгирии беморон истифода бурда мешавад.

 Ӯ гуфтааст, тамоми таҷҳизоти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  пурра истеҳсоли ватанӣ буда, он мувофиқ ба талаботи имрӯза сохта шуда, тасмим  доранд, ки марҳала ба марҳала шумораи чунин дастгоҳи нафасдиҳиро зиёд намоянд.

Дастури Раҳмон ба сарвазир барои пешниҳоди омори дақиқи коронавирус: “пинҳонкорӣ накунед”

Фарҳод Раҳимӣ ҳамчунин гуфтааст, аз ҷониби олимони тоҷик ду навъи дору истеҳсол гардидааст, ки яке барои баланд намудани имунитети  одам ва дуюмин барои нест намудани микробҳо дар организм пешбинӣ шудаанд.

“Ин доруҳо “Камолид” (аз решаи камол) ва “Седармона” (аз се гиёҳ) омода шуда, хосияти зиддивирусӣ ва баландбардории иммунитетро доранд”, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Зикр гардид, тамоми таҷҳизоти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  пурра истеҳсоли ватанӣ буда, он мувофиқ ба талаботи имрӯза сохта шудааст.  Масъулин  тасмим  доранд, ки марҳала ба марҳала шумораи чунин дастгоҳи нафасдиҳиро зиёд намоянд.

993
Барчаспҳо:
Фарҳод Раҳимӣ, дору, Олимон, табибон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Тоҷикистон
Помощь Эмомали Рахмона для врачей ГБАО

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

214
(Таҷдидшуда 14:08 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки озуқаворӣ равон кард

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи табибони ВМКБ кумак кард, хабар медиҳад мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят.

Бино ба иттилои манбаъ, кумаки навбатии президент, барои дастгирии намудани табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки дар ин рӯзҳои мушкил бо бемории сироятии короновирус ё худ COVID - 19 мубориза бурда истодаанд дастрас гардид.

"Кӯмак аз қабили пиёз, сабзи, картошка, орд, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят дастраси 166 хонаводаҳои табибон гардид", - омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо

Ёдрас мешавем, ки пештар ҳам президент ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 тонна кумаки иборат аз доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ барои табибон, ниқоб, маҳлулхои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ кумак карда буд.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ВМКБ: 45 мошин маводи ғизоию тиббӣ фиристод

214
Барчаспҳо:
пизишкон, кумак, Эмомалӣ Раҳмон, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

2257
(Таҷдидшуда 14:18 01.06.2020)
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз беморхона баромада ва ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

ДУШАНБЕ, 1  июн — Sputnik. Сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ёдгор Файзов субҳи имрӯз, 1 июн пас аз шифо ёфтан, аз табобатхона ҷавоб шуд.

"Раис субҳи имрӯз аз беморхона ҷавоб шуд ва барои аз наздик ошно шудан бо вазъият ба ноҳияи Рӯшон сафар кард", - гуфт Ниятбеков.

Ёдрас мешавем, ки раиси ВМКБ ҳафтае пеш дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хоруғ бистарӣ гардид, вале ба гуфти Ғолиб Ниятбеков телефонӣ бар ҳамаи умуи вилоят расидагӣ дошт.

Ёдгор Файзов пас аз чандин соли фаъолият сохторҳои Бунёди Оқохон соли 2018 раиси вилоят таъин шуд. Ба гуфти коршиносон ва фаъолони ҷомеа то кунун Ёдгор Файзов худро як намунаи раҳбари замонавӣ ва фаъол дар ҷомеа нишон додааст.

2257
Барчаспҳо:
вазъият, сафар, Рӯшон
Вид на город Хорог, ГБАО.

Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус

0
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз дахлу харҷи суратҳисоби бонкие, ки барои мубориза бо сирояти коронавирус ташкил кардаанд, ба аҳолӣ ҳисобот доданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба гузориши мақомоти ВМКБ, дар суратҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ба ҳолати 28 майи соли равон 304 ҳазору 121 сомонӣ ва ба таври наќдӣ ба дастгоҳи раиси ВМКБ 36 ҳазору 900 сомонӣ ва 400 доллари амрикоӣ аз ҷониби ашхоси саховатпеша дохил гардидааст.

Ҳамчунин, ба кортҳои бонкие, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд кушода шудаанд, 41 ҳазору 122 сомонӣ бо асъори миллӣ ва 4 ҳазору 48 доллари амрикоӣ ворид шудаст.

Бино ба гузориши манбаъ, сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, то санаи 28.05.2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда 600 сомонӣ ҷиҳати харидории селофан барои Касалхонаи вилоятӣ, 30 ҳазор сомонӣ чун кумак барои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷудо гардида, ҳамчунин бо мақсади дастрас намудани доруворӣ, сару либоси тиббӣ ва маводи озуқавоӣ барои касалхонаҳои марказии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб 5 ҳазору 470 сомонӣ сарф карда шуд.

Инчунин 11 ҳазору 673 сомонӣ барои харидории ќисмҳои эҳтиётӣ, 14 хазору 969 сомонӣ барои сӯзишворӣ, 3 ҳазору 348 сомонӣ барои хариди равғанҳои молиданӣ, дар маҷмўъ 29 ҳазору 990 сомонӣ барои стансияи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷиҳати таъмири мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи касалиҳои рўхии вилоятӣ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

Инчунин, барои интиқоли рахти хоб ва маводи хўрокворӣ ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа, дастрас намудани либосҳои муҳофизати фардӣ аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, қабул ва гусели масъулону ронандагоне, ки кумакҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру навоҳии вилоят дастрас намуданд, 921 сомонӣ сарф гардидааст.

Барои қабул ва гусели намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ошно шудан бо вазъи беморони вилоят аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон сафар намуд 600 сомонӣ, барои эҳтиёҷоти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҷиҳати табдил додан ба беморхонаи муаваққатӣ 2 ҳазору 310 сомонӣ, хароҷоти нақлиёт барои дастрас намудани маводи доруворӣ аз ноҳияи Мурғоб ба шаҳри Душанбе 7 ҳазор сомонӣ, таҷҳизонидани утоқи табобатӣ дар касалхонаи вилоятӣ 600 сомонӣ ва харидории редуктори кислород барои касалхонаи вилоятӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуда, ки аз ҳисоби ҳамаи маблағҳои воридгардида санаи 28 майи соли ҷорӣ 35 ҳазору 60 сомонӣ барои харидории 50 адад кислород, ки тавассути Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ дастрас карда мешавад, ҷудо гардидааст.

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

Инчунин, барои пардохти маоши кормандони дастаи иловагии стансияи Ёрии таъҷилӣ 5 ҳазору 739 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

Дар охири гузориш омада, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

0
Барчаспҳо:
хазина, ҳисобот, ВМКБ, Тоҷикистон