Мирсаид Сатториён

Суҳбати рӯзноманигори тоҷик, ки аз COVID - 19 шифо ёфт: шароит дар "Истиқлол" чигуна аст?

973
(Таҷдидшуда 16:54 22.05.2020)
Рӯзноманигори ҷавон Мирсаид Сатториён, ки мубталои коронавирус шуда ва хушбахтона пас аз табобат ба пуррагӣ шифо ёфт, дар бораи беморӣ ва шароити табобат дар "Истиқлол" нақл кард

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik.Рӯзноманигори ҷавон Мирсаид Сатториён, дар суҳбат бо хабарнигори Вазорати тандурустӣ Насимҷон Мирзоев дар бораи ибтило шудан ба коронавирус ва роҳи табобат нақл кард.

Сафари хатарнок

Рӯзноманигор мегӯяд пас аз сафар ба Суғд мубталои COVID - 19 шудааст. 

Рӯзи 13 апрели соли равон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта будам. Масири роҳи сафари ман шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан ва Панҷакентро дарбар мегирифт. Ин сафар 5 рӯз тӯл кашид ва баъди анҷоми он ба пойтахт омадам. Шаб дер расидам. Ҳолатам хуб буд. Пагоҳаш дарс рафтам ва баъд аз он ба кор. Ҳамин тавр, давоми як ҳафта мунтазам ба дарсу кор мерафтам. Рӯзи 24 апрел дар вақти дарс вазъи саломатиам бад шуд. Аз устод ҷавоб гирифта ба берун баромадам. Оҳиста – оҳиста саломатиам беҳтар шудан гирифт. Баъди дарс ба кор рафтам. Дар корхона аҳволам хуб буд. То бегоҳ чун ҳаррӯза кор кардам. Баъди анҷоми кор ба хона рафтам. Шаб саломатиам хуб буд.

Субҳи шанбе вақте аз хоб хестам, аҳволам хуб набуд. Ба дарс рафта натавонистам. Сарам дард мекард. Маҷоли аз ҷой хестан надоштам. Дилам беҳузур мешуд ва дар қисми поёни ишкамам дард эҳсос кардам. Вақте аз ҷой хестам, сарам чарх заду афтидам. Субҳ тавассути телефон ба рақами 511-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ занг зада, нишонаҳои бемориамро гуфтам. Суроғаамро навишта гирифтанд ва гуфтанд, ки нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” мефиристанд.

Аммо, Сатториён тасмим гирифтааст, ки бо пои худ ба беморхонаи “Истиқлол” меравад. Он ҷо шушҳояшро рентген карда бо хулоса аломатҳои бронхопневмония дар ошёнаи 1 – уми қисми 5Б бистарӣ шудаааст.

Пас аз гузаронидани тест гирифтории рӯзноманигор ба COVID - 19 маълум шудааст.

"Ҳамшира омада ҳароратамро санҷид, ки баланд буд. Дору доданд. Дертар табиб омад. Нишонаҳоро пурсид. Чизе, ки буд, гуфтам. Баъдан, ба ман дору мегузарониданду сӯзандору мекарданд. Хӯрдану нӯшидани аксар ғизоҳоро манъ карданд. Аз ҷумла, хӯрокҳои биринҷӣ, тухмбирён, равғани зард, донагӣ, нӯшокиҳи хунук ва монанди ин.Баъдан тест супоридам. Ба хотири натарсиданам натиҷаашро нагуфтанд. Аммо ман аз чизе наметарсидам, чунки медонам, ки вақте одам метарсад, вирус ба ӯ бештар таҳдид мекунад. Фаҳмидам, ки сироят шудаам. Табиб тавсия дод, ки оби лимӯро бо оби ҷӯшида омехта карда нӯшам. Инчунин, ҳамшираҳо тез-тез ҳароратамро месанҷиданду дору медоданд ва сӯзандору мекарданд".

Табобат дар Истиқлол

Ҳамсуҳбат мегӯяд, доруҳоямро сари вақт мехӯрдам. Сӯзандоруҳоямро ҳам ҳамшираҳо дар вақташ мегузарониданд. Тез-тез оби ҷӯшомада ё лимӯчой менӯшидам, чунки ҳалқам хушк мешуду гулӯям мехорид. Баъд мураббои олучаро ба чой андохта, менӯшидам. Тавсияҳои табибонро пурра ва саривақт иҷро мекардам. Дасташон дард накунад, ки беҳтарин муносибат доштанд.

Рӯзноманигор дар бораи шароити хизматрасонӣ ва муносибати табибони бемористони "Истиқлол" нақл кард.

"Табибон ва ҳамшираву фаррошони беморхонаи “Истиқлол”, ки ба мо хизмат мерасониданд, беҳтарин муносибатро бо беморон доштанд. Мегӯянд, ки "сухани хуши табиб ҳам беморро шифо мебахшад”. Воқеан, ҳамин ширинзабонӣ ва сухани хуби табибон буд, ки мо дардро камтар ҳис мекардем. Ҳар замон омада, аз ҳоламон мепурсиданд. Дар як ҳуҷра мо ду нафар мехобидем. Ҳуҷраамон ҳамеша тоза буд. Фаррош тез – тез оби ҷӯшонидашуда меовард, чунки бисёр ташна мемондем. Ҳамшираҳо саривақт доруҳоямонро мегузарониданд. Ман ба ҳамаи табибони ин беморхона ва маҷмӯан ба кулли кормандони соҳаи тандурустии кишвар миннатдории самимӣ баён менамоям. Онҳо дар ҳақиқат қаҳрамони асри моянд".

Дар поёни суҳбат рӯзноманигори тоҷик ба мардуми Тоҷикистон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус тавсияҳо дод.

Ӯ мегӯяд муҳим аз ҳама тарсидан лозим нест, чунки нотарсӣ худ беҳтарин дору муқобили ин вирус аст.

Баъдан, риоя кардани қоидаҳои гигиенӣ ва беҳдошт ба салоҳи кор аст. Ҳатман дастҳоро бо собун шуста, бо маҳлули антисептикӣ безарар кардан лозим аст. Бе зарурат набояд аз хона баромад. Инчунин, падару модар  бояд ба кӯдакон бештар таваҷҷӯҳ намоянд. Онҳоро беназорат нагузоранд. Дар ин вазъият аз рафтан ба меҳмонӣ худдорӣ кардан даркор аст. Кӯшиш кунанд, ки бо даст салом накунанд, зеро вирус ин тавр метавонад ба каси дигар сироят кунад. Хоҳиш мекунам, ки ба таҳлука дода нашаванд. Ин вирус гузаранда аст ва умед дорам, ки он ба наздикӣ нест мешавад. Худ ва наздиконашонро аз хатари сироятёбӣ ҳифз кунанд.

Сатториён мегӯяд, баъди аз беморхона ҷавоб шудан табобатро дар хона зери назорати табиби оилавӣ идома додааст. Муҳлати карантин ҳам, ки 14 рӯз муқаррар шуда буд, ба поён расид. Айни ҳол саломатиаш хуб ҳаст ва худро нағз эҳсос мекунад.

973
Барчаспҳо:
вируси нав, табобат, беморӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Як фавт ва афзоиши теъдоди беморон: омори тозаи маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон

873
(Таҷдидшуда 18:26 03.06.2020)
Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 сабт шуд. То соати 17:30-и  3 июн  дар Тоҷикистон 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар Тоҷикистоно 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд.

Дар давоми шабонарӯзи гузашта 91 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус сабт шудааст, ки нисбат ба рӯзи 2 июн 4 ҳолат бештар мебошад. 

Ҳамчунин бино ба гузориши Вазорат дирӯз дар кишвар як кас аз бемории корона фавтидааст.

Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд, хабар медиҳад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки ҳоло дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

873
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)

Омори 7 рӯзи охири баҳор дар Хуҷанд: тасфу “илтиҳоби шуш” кам шудааст

599
(Таҷдидшуда 14:36 03.06.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори таби баланду хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар охирин рӯзҳои фасли баҳорро ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои охири фасли баҳор, мавридҳои баландшавии ҳарорати бадан ва хуруҷи "илтиҳоби шуш" дар миёни сокинон коҳиш ёфтааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 25 то 31 - уми май дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 52 муроҷиати сокинон бо аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охири баҳори имсол ҷамъан 746 сокин аз ду тарфи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор бештар аз 120 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии таб будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов зикр намуд, ки аз рӯи муроҷиати сокинон, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои нахустини фасли тобистон суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён поён рафтааст.

"Рӯзҳои аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон танҳо бо ҳолати баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона дар оғози фасли тобистон сабти ин қабил маризӣ дар миёни сокинони шаҳр то ба 8 – 10 ҳолатӣ кам шудааст", - иброз намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ  ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо табибон таъкид меварзанд, ки ки барои пурра нобуд шудани "илтиҳоби шуш" боз ҳам нақши сокинон муҳим ва  минбаъд ҳам набояд риояи гигиенаи тиббӣ сарфи назар шавад.

Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

599
Барчаспҳо:
мошин, ёрии таъҷилӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

0
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

0