Кобилчон Гиёев

"Аҷали вируси корона”: Қобилҷон Гиёев куҷост? мусоҳиба

12674
(Таҷдидшуда 16:41 23.05.2020)
Қобилҷон Гиёев, сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт, ки дар оғози гирудорҳо бо “вируси корона” дар Тоҷикистон як роҳи табобати ғайримаъмул - истифодаи доруи зидди пневмонияи бузҳоро маслиҳат дода буд, тайи як ҳафтаи ахир якбора ғайб зад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Фахриддини Холбек. Ғайбати Гиёев овозаву дарвозаи зиёдеро ба вуҷуд овард, аз ҷумла гуфта мешуд, ки табобати ӯ ботил баромадаву ҳоло аз тамос бо мардум фирор мекунад.

Аммо тибқи овозаҳои дигар, ӯ ба Душанбе омада, бо табобати маризон, аз ҷумла мансабдорон машғул аст. Ҳатто дар шарҳу зергуфторҳои шабакаҳои иҷтимоӣ яке ҳам ӯро “аҷали вируси корона” унвон кард.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон пас аз як ҳафтаи ҷустуҷӯ Қобилҷон Гиёевро пайдо намуд ва як сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод, ки манзури хонандагон мешавад.

- Қобилҷон, қариб 10 рӯз мешавад, ки ба қавле, аз Шумо на хате, на паёме. Ҳоло куҷоед ва ба чӣ кор машғулед?

Ташаккури зиёд ба онҳое, ки дар фикри мо ҳастанд. Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мефармоянд, ки “ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар ӯро ёд бод”. Банда бо табобати маризон машғул ҳастам ва имрӯзҳо хеле секорам.

- Дар Ғармед ё куҷо?

13 шабонарӯз мешавад, ки дар шаҳри Душанбе ҳастам ва бо табобати маризон машғулам.

- Шумо сардухтури шифохонаи Раштед. Оё он ҷо “вируси корона” нест?

- Дар Рашт, хушбахтона, хатари ин маризӣ ба ҳадди сифр наздик омадааст. Чун аз мо даъват шуд, ки ба марказ оем, онро пазируфтем.

- Хуб, дар бораи доруи Шумо суҳбат кунем, ки дар борааш гапу ҳарфи зиёд аст...

- Ба забони сода гӯям, ин як доруи хуб аст ва таъсири хуб дорад. Вақте мегузаронӣ, ду соат пас беҳбудӣ мешавад. Ҳолате буд, ки бовар накунед, наворҳояш ҳастанд, хоҳед мефиристам, мебинед, маризро аз таги кислород ҳам берун овардем...

- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин гуфтугузорҳо низ буданд, ки доруҳои Шумо агар як маризиро сиҳат кунанд, маризии дигарро ба вуҷуд меоранд?

- На, шояд нодуруст фаҳмидаанд. Ман чӣ истифода мекунам? Пенитсилин, ки аворизи ҷонибӣ (побочное явление) надорад, ҳатто барои занони ҳомила истифода мешавад ва стрептамитсин, ки агар бисёр истифода баред, асабонияти шунавоӣ (слуховой неврит) – ро ба вуҷуд меорад. Агар онҳоро бо витаминҳо истифода кунем, ягон таъсири манфӣ надорад. Дигар ин, ки дар муқобили таъсири манфии ин доруҳо боз доруҳои дигар ҳастанд ва онҳо маризиро пурра бартараф хоҳанд кард.

- Доруҳое, ки Шумо алайҳи “вируси корона” истифода мекунед, аз он доруҳое, ки дар таҷрибаҳои давлатҳои дигар истифода мешаванду ҳоло сафҳаҳои интернетиро пур кардаанд, фарқ доранд?

- Бале, аз замин то осмон фарқ доранд. Ҳоло он чӣ ки ба духтурони ҷаҳон машварат дода мешавад, истифодаи интрамитсин, левофлоксатсин мечакконанд, чаккак мемонанд, доруҳои зиддивирусӣ ва ҳормониро истифода мебаранд. Як чиро бигӯям, дар дунё ҳанӯз доруе ба вуҷуд наомадааст, ки махсуси ҳамин гуна микроб ё вирус бошад...

- Шумо ин табобатро аз куҷо пайдо кардед?

- Дар як китоб хонда будам. Соли 1983 дар шаҳри Маскави Русия “вируси корона” – и бузҳо омада буд. Ҳамин доруҳоро истифода бурда, сиҳат ёфта буданд. Сохтори бадани инсону ҳайвон аз лиҳози анатомӣ, физиологӣ ва гистологӣ монанд ҳастанд, аз ин хотир, ин таҷрибаро мо ҳам ба кор бурдем ва то ҳозир муваффақ будем.

- То ба ҳол чанд нафар аз табобати Шумо шифо ёфтаанд?

- Худоро шукр, беш аз 1000 нафарро таҳти табобат гирифтам ва ба фазлу муъҷизаи Худованд шифо ёфтанд. Ва на фақат дар Тоҷикистон. Аз Русия муҳоҷирини корӣ аз шаҳрҳои Красноярск, Екатеринбург, Братск ва ғайра занг зада, маслиҳат пурсиданд. Ба онҳо низ тавсияҳо додем ва хабар медиҳанд, ки ҳамагӣ сиҳат ёфтаанд.

- Вақте Шуморо гум кардем, ба ин маънӣ, ки тилфони дастиатон хомӯш буд ва ҳеҷ кас ҳам суроғаи Шуморо дақиқ намедонист, ин овозаҳо пайдо шуданд, ки Шуморо ба Душанбе овардаанд ва ин ҷо ба табобати мансабдорон машғулед. Оё ин овозаҳо дурустанд?

- Барои табиб фарқе надорад, ки мариз кӣ аст. Афроди зиёдеро табобат кардам, намедонам чӣ вазифаву мансаб доштанд. Ҳоло хушии ман фақат ин аст, ки кӯмакам ба мардуми азизам мерасад. Фақат як мисол меорам: як нафарро дар ҳолати ниҳоят вазнин ва ноумедӣ таҳти табобат гирифтем. Шукри Худо, ду рӯз баъд сиҳат ёфт, ба хӯрдану ҳарф задан шурӯъ кард. Шояд ягон вақт худашон қисса кунанд. Аммо ҳамоно шифову бақои умри инсон ба дасти Худост. Мо ҳамон фарзандону пайравони Ибни Сино, кадрҳои замони истиқлол ва Пешвои миллатем.

- Вақте мегӯед, доруи Шумо таъсири хуб дорад ва ба ин зудӣ сиҳат мебахшад, чаро васеъ дар тамоми шифохонаҳои кишвар истифода намекунанд?

- Ҳоло ба усули мо дар се вилояти кишвар, ки вазъи сиҳӣ хароб шуда буд, истифода мебаранд. Дар Душанбе ин таҷрибаро дар шифохонаи марказии сироятӣ, “Истиқлол”, гастерэнталогия, дар умум аксари шифохонаҳо ба кор бурда истодаанд.

- Аммо ба ин қадар мариз чӣ тур вақт пайдо мекунед?

- Охир, як моҳ шуд. Дар ин муддат чанд шогирд тайёр кардем. Онҳо ба табобат машғуланд, ҳар мушкиле пеш омад ё маслиҳате зарур шуд, ҳатман ба онҳо кӯмак мекунам. Аммо дар умум, ҳамаи маризон таҳти назорати худам ҳастанд.

- Ҳоло дар кишвар “вируси корона” бедодгарӣ дорад. Чӣ кор бояд кард, ки ҳамин табобати муассири Шуморо истифода бурд?

- Мо бояд ин табобатро ба як низом дарорем. Вақте аломати беморӣ пайдо мешавад ва ҳам дар ҳолатҳои миёна, миёнаи вазнин, вазин ва ниҳоят вазнин бояд чӣ бояд кард? Мо аввал бояд ба маслиҳатҳои Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, олими ҷаҳоншумули худамон кор кунем.

Он кас дар ҳолатҳои омадани маризиҳои сироятӣ, ки дар қадим ба вабо маъруф буд, чӣ кор мекарданд? Масалан, аввалин маслиҳаташон ин буд, ки қабристони алоҳида бояд бошад. Дуюм, маризҳо бояд мураттабсозӣ ё сортировка шаванд.

Масалан, маризе, ки дар ҳолати миёна аст, набояд дар канори маризи бо ҳолати вазнин ё ниҳоят вазнин табобат шавад. Вазъи аввалӣ аз дидани вазъи дуввумӣ метавонад ба тарафи манфӣ гароиш ёбад. Ҳамин тавр, боз дигар маслиҳатҳои он бузургвор, пири табибони тоҷик ва ҳам Закариёи Розӣ бояд сармашқ қарор гиранд ва аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ низ истифода шавад.

- Ба унвони охирин, аммо як суоли нобоб: оё барои табобат музд мегиред?

Бале, миллионҳо... дуо! Фақат аз онҳо як чӣ мехоҳам, ки дар ҳаққи ману дигар маризон дуо кунанд, то ҳар чӣ зуд мардуму миллати азизи Тоҷикистон аз ин маризӣ шифо ёбанду пушти кору бори зиндагӣ шаванд. Банда аз ягон чиз камбудӣ ва ниёз ба пул, мол, хона, мошин ва вазифа надорам. Шояд ҳамин савоб камтар буд, ки Худованд насибам кард...

Самаранокии истифодаи доруи байторӣ исбот нашудааст ва ба рӯйхати доруҳое, ки духтурон тасдиқ кардаанд, дохил карда нашудааст. Истифодаи он бидуни машварат бо духтур метавонад ба саломатии шумо зиён расонад.

12674
Барчаспҳо:
дору, вирус, табобат, табиб, Ғарм, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Як фавт ва афзоиши теъдоди беморон: омори тозаи маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон

635
(Таҷдидшуда 18:26 03.06.2020)
Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 сабт шуд. То соати 17:30-и  3 июн  дар Тоҷикистон 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар Тоҷикистоно 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд.

Дар давоми шабонарӯзи гузашта 91 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус сабт шудааст, ки нисбат ба рӯзи 2 июн 4 ҳолат бештар мебошад. 

Ҳамчунин бино ба гузориши Вазорат дирӯз дар кишвар як кас аз бемории корона фавтидааст.

Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд, хабар медиҳад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки ҳоло дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

635
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)

Омори 7 рӯзи охири баҳор дар Хуҷанд: тасфу “илтиҳоби шуш” кам шудааст

589
(Таҷдидшуда 14:36 03.06.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори таби баланду хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” дар охирин рӯзҳои фасли баҳорро ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои охири фасли баҳор, мавридҳои баландшавии ҳарорати бадан ва хуруҷи "илтиҳоби шуш" дар миёни сокинон коҳиш ёфтааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 25 то 31 - уми май дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 52 муроҷиати сокинон бо аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охири баҳори имсол ҷамъан 746 сокин аз ду тарфи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумор бештар аз 120 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии таб будааст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов зикр намуд, ки аз рӯи муроҷиати сокинон, мушоҳида мешавад, ки дар рӯзҳои нахустини фасли тобистон суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён поён рафтааст.

"Рӯзҳои аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон танҳо бо ҳолати баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар як шабонарӯз ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона дар оғози фасли тобистон сабти ин қабил маризӣ дар миёни сокинони шаҳр то ба 8 – 10 ҳолатӣ кам шудааст", - иброз намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ  ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо табибон таъкид меварзанд, ки ки барои пурра нобуд шудани "илтиҳоби шуш" боз ҳам нақши сокинон муҳим ва  минбаъд ҳам набояд риояи гигиенаи тиббӣ сарфи назар шавад.

Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

589
Барчаспҳо:
мошин, ёрии таъҷилӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)
В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом

Аз хона набароед: 45 гурӯҳи кории Рустами Эмомалӣ дар мубориза бо коронавирус

0
Гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони мақомот ва волонтёрон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки безарурат ба кӯча набароянд, ниқоби тиббӣ пӯшанд ва фосиларо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нигоҳ доранд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бо дастури шаҳрдори Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус 45 гурӯҳи корӣ ташкил гардид, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.

Бино бар иттилои манбаъ, гурӯҳ аз намояндагони мақомот ва волонтёрон иборат аст. 

Гурӯҳ  миёни аҳолӣ - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 ва истифодаи ниқобҳои яккарата, инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ ташвиқот мебарад.

Дар маҷмӯъ, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 45 гурӯҳи таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ иборат аз 235 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ташкил шуда, ба маҳаллҳои сернуфуз ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон сафарбар гардидаанд.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали кори гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ дар чор ноҳияи пойтахт дар маҷмӯъ бо 1790 нафар аҳолӣ-намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва бозору марказҳои савдо бе ниқобҳои яккарата гашту гузор мекарданд, ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.

В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом
В Душанбе созданы рабочие группе по борьбе с коронавирусом

Ба онҳо оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморон дар шароити хона ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус - COVID-19 маслиҳат дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои гурӯҳ рӯзи нахустини фаъолият - 2 июни соли ҷорӣ дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 1790 нафар шаҳрвандон ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва маводи таблиғотӣ - тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва мутахассисони кишварро оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 тақдим карданд.  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки масъалаҳои истифодаи ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараркунанда (антисептик) ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, бе зарурат аз хона набароянд.

0