Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Коронавирус нишон дод: хулосаи Раҳмон аз вазъи феълӣ ва изҳори ҳамдардияш ба мардум

778
(Таҷдидшуда 17:05 23.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар мегӯяд бемории коронавирус нишон дод, ки соҳаи тандурустии кишвар мушкилоти зиёд дорад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро зимни табрикоти идонааш изҳор дошта, гуфтааст, бемории коронавирус нишон дод, ки мо дар ин самт, хусусан, дар масъалаи омода кардани кадрҳо, таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ ҳанӯз чӣ қадар мушкилоти зиёд дорем.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид.

Аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад.

Вале мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар кишвари мо низ пайдо шуд ва то имрӯз даҳҳо нафар ҳамватанонамон бар асари он вафот карданд.

Раисиҷумҳури кишвар дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён мекунам ва ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил мехоҳам.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин бо садоқат ба савганди касбии худ ба мардуми Тоҷикистон софдилона ва шабу рӯз хизмат карда истодаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ кардааст.

Дар идома президенти кишвар таъкид кардааст, ки ҳар яки мову шумо дар рӯзҳои ид ва умуман, ҳамеша илова ба анҷом додани фаризаҳои динӣ ва амалҳои хайру савоб бояд ба тозагӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.

Ӯ гуфтаст, ин масъала, яъне тозагӣ ва эҳтиёт, хусусан, дар мавсими хуруҷи беморие, ки имрӯзҳо идома дорад, барои ҳар як шахс ҳаётӣ ва заруру ҳатмист.

Бар пояи оморҳои ахир дар кишвар 2551 ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт гашта аз он 1089 нафар шифо ёфтаанд.

Ҳамзамон, теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус  44 нафарро ташкил медиҳад.

 

778
Барчаспҳо:
вирус, камбудӣ, соҳаи тандурустӣ, президент, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Женщина в защитной маске на улице города Душанбе

Афзоиши гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон: ба 4,3 ҳазор наздик шуд

122
(Таҷдидшуда 19:31 04.06.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави мубталоёни коронавирус дар кишварро барои имрӯз  4 июн нашр кард

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар давоми шабонарӯзи ахир 98 ҳолати нави гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумот  то имрӯз 4 июн, шумораи умумии беморони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 4289 нафар расид.

Ҳамзамон, дар давоми як рӯзи охир, табибон тавонистанд 54 беморро табобат кунанд.

Сар аз оғози эълони ин бемори дар кишвар то кунун  2 401 нафар шаҳрвандон шифо ёфтанд.

Инчунин то имрӯз, 1418 сокин дар беморхона таҳти назорати кормандони тиббӣ қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ гуфтааст,  давоми шабонарӯзи охир аз коронавирус ҳеҷ кас нафавтидааст. Теъдоди қурбониён то имрӯз аз  ин беморӣ дар кишвар ба  48 нафар мерасад.

Ин ниҳод афзудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мешаванд ва дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

122
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Хушхабар: Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар Душанбе аз маризони COVID - 19 орӣ шуд

421
Тамоми маризони COVID -19, ки дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, шифо ёфта мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз орӣ шудани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе аз маризони коронавирус хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи маризони коронавирус, ки дар ин беморхона бистарӣ буданд, шифо ёфта ба хонаҳои худ баргаштанд.  

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

Зимнан, вазорат таъйид намудаст, ки дар чанд рӯзи ахир қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  муддати муайян дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегирифтанд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил" ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", ки ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҳоло  дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус кам шудааст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 паси сар шудааст.

421
Барчаспҳо:
маризон, бемористон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Ҳавопаймои Ютайр, акс аз бойгонӣ

Оғози фурӯши чиптаҳо: аз шарҳи мақомоти Тоҷикистон то Росавиатсия

106
(Таҷдидшуда 19:40 04.06.2020)
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия - Utair ва "Уралские авиалинии" дар сомонаҳояшон ба фуӯши чиптаҳо дар масири Маскав – Душанбе ва баръакс оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Санаи чиптаи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон баъди 30 июн нишон дода шудааст. Аммо расман мақомоти умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар бораи аз сар гирифтани парвозҳо миёни ду кишвар ҳеч иттилое ироа надодаанд.

Sputnik Тоҷикистон талош кард ба масъалаи оғози парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯшанӣ андозад

Ожонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон сарусадо дар бораи оғози парвозҳои мунтазамро бепоя хонда, таъкид намудаст, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар баъди ба эътидол омадани вазъи марбути COVID-19 ва эълони расмии мақомоти ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, аз хариди чиптаҳо худдорӣ кунанд ва эълон дар бораи оғози парвозҳо расман ироа хоҳад шуд.

Мақомоти Росавиатсия низ масъалаи фурӯши чиптаҳо дар масири Тоҷикистону Русияро шарҳ доданд.

“Ҳеч иттилое дар бораи оғози парвозҳо мутаассифона рӯи даст надорем, мутаносибан чизе барои шарҳ нест. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ – субъектҳои хоҷагидори алоҳидаанд, ки фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд”,  - изҳор дошт манбаи наздик ба Росавиатсия.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ таъкид кард, ки феълан танҳо парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд, ки аризаашон тариқи Пойгоҳи ягонаи хизматрасонии давлатӣ ворид мешаванд.

“Фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ширкатҳо барои парвозҳои махсус аз Тоҷикистон истисност. Таъкид мекунем, ки феҳрасти парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдор то санаи 12 июн мувофиқа шудааст”,- хабар доданд дар сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Сафорат қотеона аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, барои хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки шомили парвозҳои махсус нестанд, чипта нахаранд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шаҳрвандон дар масъалаи парвозҳо танҳо ба маълумоти расмӣ, ки тариқи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорат дар Маскав ироа мешавад, такя намоянд.

Sputnik Тоҷикистон барои шарҳи фурӯши чиптаҳо ба хадамоти матбуоти  ширкатҳои ҳавопаймоии Utair  ва "Уралские авиалинии" дархост ирсол кард.

106
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, парвоз, Тоҷикистон