Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

5499
(Таҷдидшуда 17:30 24.05.2020)
Дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус дар ҳоли афзоиш аст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироятшудагонро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то имрӯз дар кишвар 2929 кас гирифтори ин вабои аср шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 191 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, то 24 майи соли равон теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон 2929 кас бемор шудааст. Дар баробари ин 3 ҳазор кас таҳти назорати пизишкон боқӣ мемонад.

Ёдрас мешавем, ки пештар дар кишвар 187 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки давоми ҳафтаи охир камтарин нишондод буд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то имрӯз 46 кас дар Тоҷикистон аз коронавирус вафот кардааст.

5499
Барчаспҳо:
афзоиш, вируси нав, гирифторони беморӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)
Сотрудник охраны рынка Мехргон проверяет температуру у посетителя

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

921
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 53 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 30 апрел то 7 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6 ҳазору 315 нафар расид. 

Манбаъ афзуд, ки то кунун дар мамлакат 4965 нафар ё худ 78,4%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, дар муддати зикргардида аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 220 нафар гирифторони эҳтимолӣ зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон гузориш медиҳанд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.

921
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, фавт, беморӣ, Тоҷикистон
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Нишондоди бесобиқаи марги беморон аз COVID- 19 дар Эрон тайи як шабонарӯз

175
(Таҷдидшуда 18:34 07.07.2020)
Мақомоти Эрон гузориш доданд, ки бо ҷон бохтани 200 нафари дигар аз мубталоён ба COVID- 19 дар кишвар тайи шабонарӯзи гузашта, бештарин теъдоди қурбониён дар як рӯз сабт шуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Тайи шабонарӯзи гузашта 200 нафар аз гирифторони COVID- 19 фавтиданд, ки болотарин нишондод аз замони оғози ҳамагирии корона то кунун мебошад.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба COVID- 19 дар ин кишвар ба хабарнигорон гузориш дод.

“Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 637 бемори ҷадиди мубтало ба COVID- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 ҳазору 455 маврид бистарӣ шуданд ва ба абқияи беморон низ хадамоти дармонӣ ироа шуд”, - хабар дод радиои тоҷикии Садои Хуросон аз Лорӣ.

Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони COVID- 19 дар Эрон ба 245 ҳазору 688 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 207 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд.

“Дар 24 соати гузашта 200 нафар аз беморони COVID- 19 ҷони худро аз даст додаанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 11 ҳазору 931 нафар расид”, - омадааст дар иттилоия.

Теъдоди афроди мубтало ба COVID- 19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 11 миллиону 740 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 540 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва дасти кам шаш миллиону 736 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

175
Барчаспҳо:
ҳалокат, беморӣ, Эрон

Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

0
(Таҷдидшуда 02:19 08.07.2020)
Нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия ба Бишкек, барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо густариши коронавирус хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо коронавирус хабар дод, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Вай гуфт, коршиносони Русия ба раёсати Вячеслав Смоленский, муовини раиси ниҳоди нозири мавсум ба "Роспотребнадзор" барои кумак ба ҳамтоёни қирғиз вориди Бишкек шуданд.

Боронов афзуд, коршиносони рус ба ҳамтоёни қирғиз таҷҳизоти ташхиси коронавирус таҳвил ва иттилооте дар бораи равишҳои навини дармони бемории коронавирусро ироа медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки шаби шашум ба ҳафтуми июли соли равон дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

0
Барчаспҳо:
Бишкек, вирус, коршиносон, Русия, Қирғизистон