Пробирка с тестом на коронавирус в руках

Афзоиши теъдоди маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори тозаи Вазорат

3118
(Таҷдидшуда 18:42 26.05.2020)
Вазоарти беҳдошти Тоҷикистон нахустин мавориди гирифторӣ ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 - ро рӯзи 30 апрел эълон карда буд. Бино ба иттилои ин ниҳод, то 26 май дар Тоҷикистон 3266 нафар ба ин маризӣ гирифтор шудааст

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. То соати 17:30 дақиқаи рӯзи 26 май дар Тоҷикистон 3266 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси навъи COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун 1417 нафар шифо ёфтаанд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт дар давоми шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ дар кишвар ҳамагӣ як нафар фавтида шумоари умумии қурбониёни вирус ба 47 кас расид.

Бино ба иттилои манбаъ, то 26 май дар мамлакат 2588 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 436 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Шифо ёфтани 60 нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ин ниҳод мегӯяд, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шуда, ба табобати беморон машғуланд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

3118
Барчаспҳо:
вируси нав, гирифторони беморӣ, гирифторон, Тоҷикистон
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

199
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

199
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мадина Акназарова - Бо ту / Madina Aknazarova - Bo Tu (2020) - YouTube

Мадина Ақназарова гуфт, чӣ гуна метавон аз COVID - 19 эмин шуд- видео

1080
(Таҷдидшуда 19:09 12.07.2020)
Сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон Мадина Ақназарова дар як наворе фаҳмонд, ки чӣ гуна бояд худ ва атрофиёнро аз сироятшавӣ бо COVID - 19 муҳофизат кард

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Мадина Ақназарова, ки ахиран бо гурӯҳи тарғиботии мубориза бар зидди COVID - 19 дар Тоҷикистон пайваст, дар як наворе дар саҳифааш дар Instagram фаҳмонд, ки чӣ гуна бояд ниқоби тиббиро пӯшид.

Ӯ дар ин навор аз мардум даъват кард, ки ба зиндагии худ ва атрофиён бетараф набошанд ва ниқобро дуруст бипӯшанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#AKAH#covid19#besafe 🌿

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

"Салом дӯстони азиз! Тамоми ҷаҳон мубориза бо COVID - 19 - ро идома медиҳад ва пӯшидани ниқобро касе манъ накардааст. Вазъи аксари мардум ваҳим аст ва бархе ҳам бидуни нишона ин бемориро аз сар мегузаронанд ва паҳнкунандаи сироят ҳастанд. Барои ҳамин биёед нисбати ин беморӣ ҷиддӣ муносибат кунем ва саломатии миллатамонро нигоҳ дорем", - таъкид кардааст Мадина дар навор.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоб ҳатмӣ аст. Тибқи тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ гардидааст.

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

1080
Барчаспҳо:
вируси нав, муҳофизат, ниқоби сиёҳ, Мадина Ақназарова
Тюремная вышка, архивное фото

Зиндонхо: дар ним сол чанд кас фавтид?

0
(Таҷдидшуда 11:16 13.07.2020)
Вазорати адлия Тоҷикистон теъдоди фавти маҳбусон аз бемориҳои гуногунро дар зиндонҳои кишвар эълон кард

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз 13 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, давоми шаш моҳ 41 нафар маҳбус фавтидаас.

Ба иттилои манбаъм, дар муассисаҳои ислоҳӣ 213 нафар маҳкумшудагон гирифтори Вируси норасоии масунияти одам, 85 нафар гирифтори сил ва 244 нафар нашъамандон мебошанд.

Номбурда гуфт,  дар муассисаҳо 98 нафар бо ташхиси илтихоби шадиди шушҳо ба қайт гирифта шуданд

“Дар натичаи ин бемориҳо 41 нафар дар нимсолаи аввал фавтиданд аз ин 11 нафар бо бемории илтиҳоби шадиди шушмебошад”,- гуфт вазири адлия

Ашуриён Музаффар гуфт, бо қарори Стоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дидору мулоқот бо маҳбусон манъ шудааст.

Номбурда гуфт,  ин кор то муътадил шудани вазъ идома мекунад,  аммо дар масъалаи қабули хурокҳо ягон мамониат нест

“Тасаввур кунед,  агар пас аз вохурӣ як маҳкумшуда ба ин беморӣ гирифтор шавад, дар дохили муассиса метавонад чи қадар дигаронро гирифтор намояд”,- гуфт Ашуриён Музаффар

0