Женщина в защитной маске на улице города Душанбе

Бидуни фавт: суръати афзоиши сироётшавӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон сусттар шуд

2410
(Таҷдидшуда 18:51 28.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 139 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. То соати 17:30 дақиқаи 28 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3563 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидаааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистонто кунун аз ин беморӣ дар кишвар 1674 нафар шифо ёфтаанд. То рӯзи зикргардида дар кишвар аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, то 28 май дар мамлакат 2322 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 423 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

2410
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (606)
Врач в клинике

Омори ноҳияи Ашт: 74 шифоёфтаву 4 фавт аз 82 гирифтори “илтиҳоби шуш”

10
(Таҷдидшуда 19:28 05.07.2020)
Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории “илтиҳоби шуш” ба Неъматулло Ҳикматуллозода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш доданд

ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Таҳмина Мисробӣ, масъули матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт, аз сафари Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода, ёвари Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ин ноҳия хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, Ҳикматуллозода, рӯзи 4-уми июл ба ноҳияи Ашт сафар карда, бо нишондодҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия шинос шудааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, ба ёрдамчии Президент дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия гузориш додааст.

“Аз санаи 29 апрели соли равон то имрӯз ба беморхонаи марказии ноҳия бо ташхиси илтиҳоби шуш 82 нафар сокинони ноҳия бистарӣ шуда, 74 нафар сиҳат ёфтанд. 4 нафар сокинони ноҳия (аз ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён ва Понғоз) аз ин беморӣ фавтидаанд. Айни ҳол дар беморхона 4 нафар табобат гирифта истодаанд”, - иттилоъ додааст Ҷалилӣ.

Ноиби раиси Ашт таъкид намудааст, ки дар ноҳияи Ашт, дар маҷмӯъ барои табобати беморони сироятӣ 110 кат омода шудааст ва ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия бо маводи безараргардонӣ, либоси худмуҳофизатӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дигар маводи зарурии беҳдоштӣ таъмин мебошанд.

Ёрдамчии Президент вазъи эпидемиологии ноҳияро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, аммо таъкид кардааст, ки набояд аз ин вазъ қонеъ шуд, балки ба ҳама гуна пешомадҳо омода бошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 4-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6159 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

10
Барчаспҳо:
фавт, бемор, Тоҷикистон
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Омори охири гирифторӣ ва фавту шифо аз COVID-19 дар Эрон

49
(Таҷдидшуда 17:47 05.07.2020)
Вазорати беҳдошту дармони Эрон охирин омори марбути COVID-19 дар кишварро эълон намуд, ки бар асоси он то имрӯз 201 ҳазор нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2000 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 ва беҳбудии беш аз 201 000 нафар дар кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои сомонаи “Парстудей”, Симо Содоти Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар хабар дод.

“Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 560 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 295 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд”, - афзуд манбаъ.

Таъкид шуд, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 240 438 нафар расидааст. Лорӣ ҳамчунин афзудаст, ки дар тӯли 24 соати гузашта 163 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд. Маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 11 571 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 201 330 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

49