Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон

Интиқоди Фирӯза Шарифӣ аз занони Хатлон: ба азо бе ниқоб ва риояи фосила мераванд

749
(Таҷдидшуда 09:22 02.06.2020)
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, аз занони минтақа интиқод кардааст, ки ҳангоми иштирор дар маъракаҳои азодорӣ қоидаҳои муаянгашта барои пешгирии коронавирусро риоя намекунанд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон, номбурда ин нуктаро зимни ҷаласаи ахири ситоди вилоятӣ изҳор карда, гуфтааст, ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва дар маросимҳои азодорӣ иштирок намудани наздикони майит дар ноҳияҳо дар пайи як санҷиш муаян шуд.

“Санҷиш муайян намуд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи занон ба хонаи фавтидагон рафта, бе риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб иштирок мекунанд, ки сабаби афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла паҳншавии коронавирус шуда метавонад”,-гуфтааст муовини раиси вилоят.

Ба таъкиди ӯ, чунин камбудиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён ва Вахш ба қайд гирифта шудаанд.

Хонум Шарифӣ гуфтааст, бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда, ҳанӯз ҳам корҳои оммафаҳмонӣ бояд пурзӯр карда шуда, аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатӣ ба аҳолӣ бештар шарҳу тафсир дода шавад.

Ба иттилои манбаб, аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 34 ҳазор манзили зист бо истифода аз маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ поксозӣ шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоотҳо саддҳои безараргардонӣ гузошта шудааст.

749
Барчаспҳо:
азодорӣ, занон, интиқод, муовини раис, Хатлон, Тоҷикистон
Город Лондон. Великобритания

Мавҷи дуюми коронавирус дар Британия: сарвазир маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

131
(Таҷдидшуда 20:05 23.09.2020)
Сарвазири Британия дар робита ба авҷ гирифтани мавҷи дуюми маризии коронавирус, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Британияро мавҷи дуюми маризи коронавирус фаро гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин робита, сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе аснои баромади худ дар парлумон, маҳдудиятҳои нав барои ним соли оянда ҷорӣ кард.

"Коронавирус дар баробари гузариш аз фасли тирамоҳ ба зимистон зудтар паҳн мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд аз ҳозир омодагӣ гирем", - таъкид намудаст Ҷонсон.

Бар тибқи қарори сарвазири Британия, коргарҳо бояд аз фосилаи дур кор кунанд, кори тарабхонаю майкадаҳо на дертар аз соати 10 - и бегоҳ тӯл кашад.

Ҳамчунин, Ҷонсон аз тамоми сокинон даъват намуд, ки маросимҳои хурсандӣ, аз ҷумла тӯю маъракаҳо танҳо бо иштироки 15 меҳмон баргузор шаванд. Дар маросими азодорӣ, ҳамоно на беш аз 30 нафар бояд иштирок кунанд.

Қазоқистон ҳам ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт: СҶБ онро қабул кард

Қобили зикр аст, ки шабонарӯзи ахир дар Британия 4368 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Инчунин давоми як рӯз аз ин беморӣ дар Британия 11 нафар ҷон бохт.

Дар умум, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Британия 398 625 нафар мубтало шуда, 41 788 мариз ба ҳалокат расиданд.

131
Барчаспҳо:
маҳдудият, маризӣ, сарвазир, Британия
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Сабти фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: тасдиқи Вазорати тандурустӣ

585
(Таҷдидшуда 20:05 23.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ як ҳолати фавт аз бемории коронавирус сабт шуд

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, тайи шабонарӯзи гузашта 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Расман теъдоди фавтидагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 23 сентябр 74 нафар арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар маҷмуъ аз 30 апрел то 23 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 ҳазору 475 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 8 ҳазору 244  ё худ 87,0%-и гирифторон шифо ёфта, 74 нафар вафот кардаанд.

“Шабонарӯзи охир 108  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Соҳибмулки қаҳвахонаи "Ҷокер", ки ҷавонзанро ҳақорат карду кӯфт, боздошт шуд - навор

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

585
Барчаспҳо:
фавт, беморӣ, Тоҷикистон
Река Кофарниган, архивное фото

Наврӯз нагуфт, ки ӯро Шаҳзода оташ зад: ҷузъиёти ишқи сӯзон дар Ваҳдат-видео

452
(Таҷдидшуда 21:13 23.09.2020)
Наврӯз Раҷабов ба Шаҳзода Шамсиева зарфи сӯзишворӣ дода, гуфтааст, ҳар коре бихоҳад бо ӯ анҷом диҳад, то дилаш ором шавад

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, 26 - уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат, дар соҳили дарёи Кофарниҳон Шамсиева Шаҳзодаи 21-сола, дӯстдоштааш Наврӯз Раҷабови 25-соларо оташ задааст.

Наврӯз худаш ба Шаҳзода сӯзишворӣ дода гуфтаст, ҳар коре хоҳад бо ӯ бикунад

“Аз пушти мошин, бақлашкаи бензинро қатии зажигалка гирифта, дар дастам доду гуфт ин марҳамат чӣ кореям кунӣ, бикун, то дилат хунук шудана. Росто истода ин марҳамат гуфт. Ман ҳам бақлажка дар дастам, аз тори санг истода, болояш рехтам. Басай фиреб гуфтам, то кай фиреб мекунӣ, гуфтам, ин сӯ нигоҳ кун, ки зажигалкаро гирён кардаму оташ сӯяш давид”, - тавзеҳ дод Шаҳзода ҳодисаро.

ВУД мегӯяд, ҷабрдида содиркунандаи ин ҷиноятро пинҳон медошт, аммо кормандони милиса муайян кардаанд, ки ин корро Шаҳзода кардааст.

Наврӯз баъди сӯхтан ба Шаҳзода гуфтаст, ки ба касе чизе нагӯяд-видео

Шаҳзода дар гузориши ВУД изҳор дошт, ки Наврӯз дар роҳ ба ӯ гуфт, “рост ба хона рав, ба телефони ҳеч кас ҷавоб надеҳ, маро надидаӣ, намедонӣ”.

Шаҳзода изҳор доштааст, ки Наврӯз Раҷабов ба зиндагии осоиштаи ӯ дахл карда, сабабгори вайрон шудани оилааш шудааст.

Ба иттилои ВУД феълан аз рӯи ин ҳодиса алайҳи Шаҳзода парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

452