Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Вазир дар бораи як моҳи мубориза бо COVID-19 ва омори маргумир : “худро намебахшам”

2054
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, вазъи коронавирус дар кишвар таҳти назорат буда, тибқи оморҳо он майли коҳишёбӣ дорад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Номбурда ин нуктаро зимни суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор карда, гуфтааст, бо назардошти корҳои муҳими ташкилию безараргардонӣ барои пешгирии ин беморӣ мо дар маҷмӯъ, тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол роҳандозии карантин дар кишвар ногузир мешуд.

Ӯ гуфтааст,  агар миқдори зиёдтарини сироят - 210 нафар рӯзи 21 май ба қайд гирифта шуда бошад, аз он рӯз гирифторӣ пайваста кам шуда, то 123 нафар поин омад, ки ин тамоюли умедворкунанда аст. Яъне тамоюли устувор.

Вазири тандурустӣ дар бораи омори маргумир ва табобаи аз ин беморӣ гуфтааст,  дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки даҳҳою садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. Тавре шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам,

“Фавт аз ин маризӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам”,-гуфтааст Абдуллозода.

Абдуллозода ҳамчунин дар посух ба танқидҳо ки чаро кишвар қарантина ҷорӣ накард,  гуфтааст: “Тоҷикистон роҳи карантини нармро пеш гирифт. Яъне, маҳдудсозии интихобӣ ва ҳудудӣ. Ва такя ба фарҳангу фаросати халқи шарифи тоҷик. Ҳоло бинед, дар кӯча аксарият ниқоб мепӯшанд, гаштугузор дар кӯчаҳо хеле кам шудааст. Дастшӯӣ бо собун ё антисептик барои хурду бузург кори муқаррарӣ шуд. Ана ҳамин аз эҳтиёт кор гирифтани мардум беҳтарин ёрӣ ба табибон аст. Чунки шумораи сироят зиёд намешавад”.

Номбурда ҳамчунин гуфтааст, имрӯз барои табобати гирифторони ин беморӣ ҳама шароитҳо мавҷуданд ва дорувориҳо низ ҳаст,  ки новобаста аз минтақа дар пайи дархости беморхонаҳо дастрас мегардад.

Ба таъкиди вазири тандурустӣ,  пандемия нишон дод, ки ҳеҷ набошад, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарин ташхисгоҳҳо дошта бошем, то дар мавриди зарурат, ки ҳисоб метавонад ба соату дақиқа равад, имконияти  гузарондани тестҳои на танҳо фаврӣ, балки оммавӣ дошта бошем.

“Яке аз муҳимтарин вазифае, ки назди вазорат истодааст, ҳалли ҳамин масъала аст”,-гуфтааст ӯ.
2054
Барчаспҳо:
Ҷамолиддин Абдуллоев, табобат, омор, марг, вирус, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон
Заместитель председателя Согдийской области Азимӣ Зайнура Окилзода

Мақомоти Суғд мактабҳоро барои пешгирӣ аз COVID-19 пайваста назорат дорад

85
(Таҷдидшуда 15:37 30.09.2020)
Муовини раиси вилояти Суғд таъкид доштааст, ки масъулин ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар самти пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19  вохурӣ анҷом доданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки, ҳадаф аз гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълими шаҳри Хуҷанд  пеш аз ҳама пайваста огоҳ намудани муҳассилин барои пешгирии бемории сироятии  вируси корона аст.

Ҳамзамон манбаъ зикр намулдааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ идома доранд ва ҳангоми боздид аз рафти чораҳои пешгирикунанда муайян шудааст, ки масъулин ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Инчунин вазорати тандурустӣ иттилоъ додааст, ки дар идомаи сафари корӣ мутахассисони марказ бо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода вохӯрӣ намуда, аз чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавируси нави COVID-19 дар марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд низ  дидан намуданд.

85
Барчаспҳо:
вируси корона, паҳншавӣ, назорат, масъулин, Суғд, мактаб, Тоҷикистон
Производство вакцины от COVID-19

То чӣ андоза ваксина хатарнок аст: ИМА посух талаб дорад, Урупо фоида ҳисоб мекунад

232
(Таҷдидшуда 15:54 30.09.2020)
Мушкилоти ваксинаи AstraZeneca, ки аз ҷониби ширкати формакологии Бритониё ва Шветсия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст, бештар шуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik, Ирина Алкснис. ИМА натанҳо озмоишҳои ҳафтае пеш қатъ кардаашро аз сар нагирифт, балки расонаҳои пеши ин кишвар бештар аз бехатарии ваксина суолгузорӣ мекунанд. Баландтар аз ҳама Си-эн-эн овоз баровард.

Чуноне малум аст, озмоиши клиникии AstraZeneca-ро ду маротиба мавқуф гузоштанд - моҳи июл ва сентябр: дар бадани ду нафар аз ихтиёриён нишонаҳои ғайриодии бемориҳои асаб пайдо шуд. Алоқамандии ҳарду маворид ба эмкунӣ рабт дода нашуд ва дар бархе аз давлатҳо аз ҷумла дар Бритониё озмоиши ваксина идома кард.

Вале олимон ва коршиносони соҳаи тандурустии ИМА кунҷковтар будаанд ва дар гузориш дар бораи таъсири манфии ваксина ихтилоф пайдо карданд.

Қазияи моҳи июли AstraZeneca, ҳодисаи қаблан ташхис нашудаи склеросро тасдиқ кард. Аммо дар торномаи Донишгоҳи Оксфорд онро чун "нишонаҳои номаълуми бемории асаб" таъриф кардаанд.

Дар робита ба қазияи моҳи сентябр ширкат ошкоро изҳор дошт, ки дар бадани як зани ихтиёрӣ "бемории номаълум" мушоҳида шуд. Вале, дар дохили ҳуҷҷат ин ҳолат чун миелет (бемории камёби асаб), шарҳ дода шудааст.

Дар натиҷаи чунин ихтилофот, амрикоиҳо саволи мантиқӣ мегузоранд. AstraZeneca аллакай дар бораи шаффофияти кори худ оид ба таҳияи ваксина шикоятҳои ҷиддӣ шунидааст ва баҳсҳое, ки ҳоло ба миён омадаанд, танҳо эътимоднокии дору ва бехатарии онро бештар зери суол мебарад.

Зиёда аз ин, масъалаи бемории ихтиёриён ҳамоно беҷавоб боқӣ мемонад. Чуноне яке аз профессорҳои амрикоӣ мегӯяд: ҳамин, ки ҳарду беморӣ ба асаб сару кор доранд, "изтиробовар" аст.

Шояд бахти AstraZeneca омад накард ва ин дар воқеъ як тасодуфи холӣ аст, ки ба таҳияи ваксина ҳеҷ иртиботе надорад. Аммо ақли солим ҳадди аққал равшан кардани ин нуктаро талаб мекунад - ва бояд ба мақомоти зиддахли амрикоиҳо арҷгузорӣ кард, ки чашмашонро напӯшониданд ва озмоиши ваксинаро дар манотиқи худ қатъ карданд.

Ин ҷо бештар мавқеъи ҳамкорони урупоияшон ҳайратовар аст, ки ҳамаи инро нодида гирифтаву ба озмоиш идома доданд.

Аммо, оромии мақомоти Иттиҳоди Урупо ва худи ширкат дар чунин мавзӯъи доғи рӯз, ки метавонад мушкилоти азимро ба бор орад (агар ваксина воқеан хатарнок бошад) шарҳи оддӣ дорад.

Чанде пеш ожонсии Reuters бо истинод ба намояндаи расмии ИУ хабар дод, ки AstraZeneca қисман маснуъият гирифт.

Созишнома моҳи август баста шуд, вале бархе аз ҷузъҳояш ҳамакнун расонаӣ шуданд.

Гап сари ин, ки ширкати формакологӣ ваксинаро ба Иттиҳоди Урупо ба нархи нисбатан арзонтар медиҳад ва ӯҳдадориҳо барои таъсири манфии онро сарфи назар мекунад. Бандҳои алоҳидаи созишнома ошкор намешавад, вале муайян шуда, ки Урупо барои як дозаи AstraZeneca 2,5 евро пардохт хоҳад кард. Ширкати ваксинбарори фаронсавии Sanofi, ба Урупо ба қиммати 10 евро пешниҳод карда буд ва бе масъуният монд.

Ногуфта намонад, ки ҳарду ширкат ҳам аз ҷониби Иттиҳоди Урупо пешпардохти бебозгашт гирифтанд. AstraZeneca 336 миллион евро барои 400 миллион доза ва Sanofi — 324 миллион барои 300 миллион.

Ҳамин тавр, агар дар давраи эмкунии сартосарӣ бо ваксинаи AstraZeneca дар воқеъ маълум шавад, ки он ба саломатии инсон зарар мерасонад, барои ширкат таъсире нахоҳад буд. Ҷубронпулиро ба ҷабрдидагон ҳукуматҳои миллӣ ё аниқтараш андозсупорандагони кишварҳои дахлдор пардохт мекунанд.

Ставкаи Урупо ба ин ду ваксина, ки дар таҳияи он роҳу равишии гуногунро ба кор мебаранд, аҷиб аст.  Маълум аст, ки ин барои дастгириҳои иҷтимоӣ ва сӯистифодаи сиёсӣ имкониятҳои зиёдеро фароҳам меорад. Ҷолиби диққат аст, ки кадом давлатҳои Иттиҳоди Урупо кадом ваксинаро мегиранд ва чӣ гуна дар дохили худи кишварҳо, вобаста аз некӯаҳволии минтақаҳо ва вазъи иҷтимоии мардуми муқими он, тақсим карда мешаванд.

Чунин менамояд, ки барои урупоиҳои интихобшуда, ки саломатии онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд зери хатар гузошт, ваксинаи фаронсавии Sanofi ҳамеша дастрас хоҳад буд, чун ширкати фаронсавӣ барои бехатарии ваксинааш бояд худ кафолат диҳад - яъне ба бехатарӣ ва самаранокии он эътимод бештар аст.

Дар ин росто воқеъияти Русия, ки бархе аз кормандони воломақом ихтиёран барои озмоиши ваксинаи ватанӣ пардохтанд, хеле аҷиб менамояд. Расонаҳои ҷаҳонӣ ҳатто мегуфтанд, ки элитаи Русия чанд моҳ боз бо ваксинаи озмоишнашуда, эм карда мешаванд.

Мавқеъи онҳоро нисбати бехатарии "Sputnik-V" дар чунин росто, танҳо тахмин кардан мумкин аст. 

Эҳтимол, Ғарб тақдиран дар робита бо Русия зери шиори "кӣ дар фикри чӣ" ба сар мебарад.

232
Барчаспҳо:
Русия, дар Урупо, ИМА
Город Эль-Кувейт

Амири нави Кувайт савганд ёд кард

0
(Таҷдидшуда 19:04 30.09.2020)
Амири нави Кувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Кувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст  хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91 солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84 сола, ки ба унвони амири Кувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифо, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Кувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91 солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавт кард.

Вай 29 январи 2006 дар Кувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Кувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Кувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт