Дедушка в маске в городе Душанбе

Нигаронии Азимӣ аз бепарвоии бархе сокинон дар Суғд

304
Зайнура Азимӣ, муовини раиси Суғд бо сокинони маҳаллаҳои Суғдиён, Сайҳун, Дӯстии халқҳо ва Навбаҳори шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Азимӣ дар мулоқот таъкид кардааст, ки кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурият ва бе ниқоби гигиенӣ ба кӯча баромада истодаанд.

“Ҳамчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани ҷамъшавии одамон, ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад, дар вазъияти имрӯза хатарнок мебошад. Масъулини шаҳрро зарур аст, ки ҷиҳати корандозии маъракаҳои фаҳмонидадиҳӣ фаъол бошанд. Қайд гардид, ки ба марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд оид ба гардиши хона ба хона ва ёрии амалӣ расонидан вобаста шудаанд”, - хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзудааст, ки тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудааст.

Духтурон бо корҷома ва дигар маводи беҳдоштӣ таъмин гардида, дар беморхонаҳо се маҳал хӯроки гарм ташкил шудааст. Тамоми дорухонаҳо бо доруҳои зарурӣ таъмин мебошанд”, - таъкид шудаст матлаб.

Азимӣ дар анҷоми мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ​ худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоянд.

304

Вазорати тандурустӣ: шабонарӯзи гузашта боз 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт шуд

279
(Таҷдидшуда 19:02 22.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта боз 44 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9432  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  22 сентябр дар кишвар  8199  (86,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

279
Барчаспҳо:
нашр, омор, Вазорати тандурустӣ, вазорат, фавт, вируси корона, Тоҷикистон
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото

Афзоиши мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: 42 ҳолати ҷадид

930
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 42 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳа Вазорати тандурустии кишвар.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 113 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

"Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 388  нафар баробар шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, то санаи  21 сентябр дар мамлакат  8152 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

930
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

0
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия