Дар Афғонистон теъдоди дардмандони коронавирус марзи 19 ҳазор нафарро убур кард

98
(Таҷдидшуда 18:32 06.06.2020)
Дар Афғонистон ҳамакунун 19 551 ҳолати мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Афғонистон ба беш аз 19,5 ҳазор нафар расидаст, хабар медиҳад Tolo News бо такя ба маълумоти Вазорати беҳдоштӣ ин кишвар.

Манбаъ меафзояд, дар Афғонистон аз замони авҷ гирифтани ин маризӣ 327 нафар ҷон бохтанд ва 1,8 ҳазор мариз шифо ёфта аз дармонгоҳҳо аллакай мураххас шудаанд.

"Шабонарӯзи ахир 582 ҳолати нави мубталошавӣ ба ин беморӣ сабт гардидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

СУТ аз хатари воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

Гузашта аз ин, давоми як рӯз 18 бемори вируси COVID - 19 дар манотиқҳои гуногуни Афғонистон ба ҳалокат расиданд.

Ёдовар мешавем, ки маризии сироятии коронавирус ба Афғонистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид гардид. Дар Эрон давоми ду рӯз мешавад, ки теъдоди гирифторони ин вирус беш аз 2 ҳазор маврид сабт мегардад.

ҶИЭ аллакай беш аз 8 ҳазор маризро аз даст дод.

98
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

1007
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

1007
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)

Коршинос: барои сироятёфтагони COVID-19 тирамоҳ метавонад душвортар бошад  

519
(Таҷдидшуда 18:03 10.08.2020)
Эҳтимол, дар тирамоҳ ҷараёни беморӣ дар одамоне, ки қаблан ба коронавирус сироят нашуда буданд, назар ба онҳое, ки дар баҳору тобистон бемор буданд, шадидтар хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Академики Академияи Илмҳои Русия, Директори Пажӯҳишгоҳи Эпидемиология ва Микробиологияи Пастер, Саримунологи Санкт Петербург Арег Тотолян пешнгӯӣ кардааст, ки COVID-19 дар тирамоҳ нисбат ба баҳор мушкилтар хоҳад шуд, хабар медиҳад “Известия”.

Ба гуфтаи вай, тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна одамоне, ки ҳанӯз бемор нашудаанд, дар тирамоҳ сирояти коронавирусро аз сар мегузаронанд. Шояд бемории онҳо назар ба онҳое, ки дар баҳор ва тобистон сироят ёфтаанд, шадидтар хоҳад буд.

"Ман метарсам, ки дар тирамоҳ нисбат ба баҳор ба раванди шадидтари COVID-19 дучор шавем ва мо бояд ба он аз ҷиҳати психологӣ омода бошем”,- гуфт Тотолян.

Ба гуфтаи коршинос, инчунин маълум нест, ки омезиши тирамоҳи SARS-CoV-2, ки онро бисёр коршиносон пешгӯӣ кардаанд, чӣ гуна хоҳад буд.

Олимон сабаби фавти зиёд аз коронавирусро муайян ва роҳи пешгирӣ аз маргу мирро гуфтанд

Сардори Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дод, ки дар ин мавсими эпидемиологӣ гардиши навъҳо зуком дар назар дошта мешавад, ки дар муқоиса бо солҳои пешин мушоҳида мешавад. Русиягиҳо ҳанӯз бар зидди онҳо эм карда нашудаанд.

519

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

0
(Таҷдидшуда 17:57 11.08.2020)
Вуруд ва бурун рафтан аз бозори "Теплий стан" дар шаҳри Маскав муваққатан масдуд гардид. Иллати баста шудани бозор ба шикори муҳоҷирони ғайриқонунӣ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар бозори "Теплий стан" - и шаҳри Маскав алъон рейди кормандони пулис алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷараён дорад.

Даромад ва баромади мардум ба бозори мазкур муваққатан масдуд гардидааст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Муҳоҷирон бекор монданд: дар Маскав бузургтарин бозору марказҳои савдо баста мешаванд

Зикр мегардад, ки рейди мазкур ба хотири дастгир намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ пиёда гардидааст.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбаршудагоне, ки дар сохтакории як қатор ҳуҷҷатҳо ва мӯҳрҳо машғул буданд, ҳоло дастгир карда мешаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, амалиёти мазкур дар ҳамкории пулис бо Хадамоти федеролии Русия ва Росгвардия сурат мегирад.

Тибқи гузоришҳои тасдиқнашуда, ин рейд метавонад ба бархӯрди байни муҳоҷирон ва полис дар авоили моҳи август бастагӣ дошта бошад.

0
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, муҳоҷирон, Маскав, баста, бозор