Воксинаи коронавирус то тирамоҳ ё зимистон дастрас гардад

847
(Таҷдидшуда 02:21 12.06.2020)
Воксинаи коронавирус, ки онро Донишгоҳи Оксфорд дар якҷоягӣ бо ширкати итолиёвии Irbm таҳия мекунад, метавонад дар тирамоҳ ё зимистон дастрас шавад

ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Волтер Ричардӣ, мушовири вазири тандурустии Италия ва намояндаи ин кишвар дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт, гуфт агар ҳамааш хуб шавад, дар тирамоҳ ва зимистон мо метавонем вояи аввалини воксинро, аз ҷумла барои мардуми итолиё, дастрас хоҳем кард, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Ба гуфтаи Ричардӣ, дар таҳияи воксинҳо Аврупо нисбат ба Иёлоти Муттаҳида пешсаф аст ва доруи итолиёвӣ-бритониёӣ назар ба дигарон дар зинаи пешрафта қарор дорад.

Дар бораи имкони мавҷи дуюми эпидемия, ки дар моҳи октябр ба вуқӯъ меояд, коршиноси итолиёӣ таъкид кардааст, ки “ҳеҷ кас ба ин 100 дарсад боварӣ дошта наметавонад.”

“Аммо мо боварӣ дорем, ки гум шудани вирус аз эҳтимол дур нест… Мо бояд ба як чунин заминларзаи эҳтимолӣ омода бошем”, – таъкид доштааст Ричардӣ.

Дар нимаи моҳи май директори генералии Irbm Пиеро Ди Лоренсо гуфта буд, ки кор бар воксина бениҳоят суръат ёфтааст ва эҳтимолияти зиёд аст, ки миқдори кофии вояҳо дар охири моҳи сентябр пайдо хоҳанд шуд. Вай таъкид карда буд, ки дар охири моҳи апрел воксина ба 510 ихтиёриён гузаронида шуд. Ҳолати онҳо ягон мушкил надорад.

847
Барчаспҳо:
донишгоҳ, зимистон, тирамоҳ, Итолиё, вирус
Молящиеся в защитных масках в мечети

Эрон аз мубтало шудани 2 ҳазор нафар ва фавти 132 кас аз коронавирус дар як рӯз хабар дод

65
(Таҷдидшуда 18:31 08.08.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон бар асари маризии коронавирус 132 нафар ҷон бохтанд. Ҳамзамон 2 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори нави мубтало ба коронавирус ва беҳбудии 282 ҳазор нафар дар ин кишвар хабар дод.

Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон эълом кард.

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 125 бемори нави мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Лорӣ бо баёни ин ки  маҷмуи беморони коронавирус дар Эрон ба 324 ҳазору 692 нафар расидааст афзуд, дар 24 соати гузашта 132 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 18 ҳазору 264 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 282 ҳазору 122 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 20 миллион  нафар расидааст.

65
Люди в защитных масках

Сабти 39 мавриди тозаи сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат

490
Дар Тоҷикистон шабонарӯзи ахир 39 мавриди тозаи гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. Вазорат мегӯяд, ягон ҳолати фавт сабт нашуд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 94 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7745  нафар баробар гардид.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Ҳамзамон, то санаи  8 август дар мамлакат  6528  (84,2%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

490
Барчаспҳо:
омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:50 08.08.2020)
Рӯзи нӯҳуми август аз Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ ҷашн грифта мешавад. Ҳамчунин дар Амрико аз Рӯзи ҳифзи ҷангал қайд мекунанд

Рӯзи 9 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893  Бонки миллии  Италия таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия  6 ҳазор  нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.

Соли 2008 масоили гуногунҷанбаи  Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд

Соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид

Ҷашнҳои рӯзи 9 август

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – кинорежиссер Валерий Аҳадов.

Соли 1949 –ҳунарманд ва режиссер Юнус Юсуфов.

Соли 1974 – журналист Анора Саркорова.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон