Люди в защитных масках на улице Душанбе

Ҳушдори вакили парлумон: гаштугузор бидуни ниқоб сабаби хуруҷи дубораи COVID-19 мегардад

396
(Таҷдидшуда 09:23 17.06.2020)
Вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ шарҳ дод, ки чаро ҳифзи ҳолати гаштугузор дар кишвар бо ниқобҳои муҳофизатӣ зарур аст

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Ҳангоми барқарор кардани кори ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, риоя накардани меъёрҳои эпидемиологӣ метавонад мушкилоти ҷиддӣ гардад, гуфт  вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Равшан Раҷабзода дар мусоҳиба бо “Ховар”.

гуфт ташаббускори ҷорӣ кардани ҷарима барои риоя накардани  истифоди ниқоб,

Номбрурда гуфт, моҳи май ҳангоми баррасии чораҳо оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон андешаҳои мухталиф ба миён омаданд: пешниҳодҳо оид ба ҷорӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва ҳатто ҷорӣ кардани карантини пурра ҷой доштанд.

"Аммо, ба ҳар ҳол, аксарияти аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешиданд, пиронсолон хонанишиниро ихтиёр карданд, ноболиғон ба кӯчаҳо камтар баромаданд",- гуфт Раҷабзода.

Вакил илова кард, ки бо кам шудани шумораи гирифторони ин беморӣ ва бартараф кардани баъзе маҳдудиятҳо, аҳолӣ дар иҷрои чорабиниҳои санитариву эпидемиологиро камтаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунад.

"Дар ҷомеа сабуксозии маҳдудиятҳо идома дорад. Агар аҳолӣ қоидаҳои заруриро риоя накунад, пас тамоми чораҳои андешидаи ҳукумати кишвар бефоида хоҳанд буд ва мо боз шоҳиди хуруҷи дигарбораи коронавирус хоҳем шуд, ки шояд нисбат ба қаблӣ вазнинтар бошад",- гуфт Раҷабзода.

Аз ҷарима то 10 соли зиндон: ҷазо барои надоштани ниқоб, паҳнсозии беморӣ ва дурӯғ

Вакили порлумон қайд кард, ки тамоми тадбирҳои андешидаи ҳукумат танҳо ба пешгирии паҳншавии минбаъдаи коронавирус дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Ёдовар мешавем, Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон аз аввалин ташаббускори ҷорӣ кардани ҷарима барои риоя накардани  истифоди ниқоб, дар кишвар мебошад.

396
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото

Лентаҳои сурхи замони COVID -19 дар бозори “Панҷшанбе”

613
(Таҷдидшуда 19:18 10.07.2020)
Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, ба хотири риоя шудани масофаи иҷтимоӣ байни хариддорону фурӯшандаҳо ба масъулини бозорҳо дастур додаанд, ки дар растаҳои фурӯши маҳсулот лентаҳои сурх кашанд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Гуфта мешавад муқаррароти нигоҳ доштани масофа ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии "вируси корона" аст.

Бо дастури масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, имрӯз чунин лентаҳои сурх дар бозори “Панҷшанбе” - и Хуҷанд насб карда шудааст, ки минбаъд масофаи байни фурӯшанда ва хариддоронро нигоҳ медорад.

Ғаниҷон Почоев, раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо дастури масъулин, ба насби лентаҳои сурх дар саҳну атрофи бозор машғул шудаанд.

Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, ҳамарӯза дар бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои ҷамъиятии ҳудуди вилоят барои огоҳии мардум аз хатари паҳншавии бемории коронавирус корҳои профилактикӣ мегузаронанд."Ҳамин рӯз ду се нафар аз Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ба бозори Панҷшанбе омада ба мо чунин дастур доданд. Мо ин муқаррароти онҳоро ба иҷро расонида, дар растаҳои бозор лентаҳои сурх насб намудем", - гуфт Почоев.

Раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” гуфт ба ҷуз насби лентаҳои сурх, онҳо инчунин аз тариқи баландгӯякҳо ба сокинон эълон мекунанд, ки қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоят кунанд.

"Мо эълони тавсияи ниқоббандиро сабт кардаем ва ҳаррӯз он чанд маротиба садо медиҳад", - гуфт Почоев.

Ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 9-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6410 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 5067 нафар ё худ 79%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинон даъват мекунанд, ки аз коҳиш ёфтани ин маризӣ бепарво набуда, тавсияи табибонро риоя кунанд.

613
Барчаспҳо:
Панҷшанбебозор, бозор, вируси нав, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омори шаҳри Панҷакент: 383 шифоёфтаву 8 фавт аз 394 гирифтори "илтиҳоби шуш"

364
(Таҷдидшуда 16:38 10.07.2020)
Раъно Абдуллоева, муовини сартабиби Бемористони шаҳри Панҷакент, омори гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” - ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Муовини сартабиби шаҳри Панҷакент дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, шумори гирифторони "илтиҳоби шуш" назар ба як моҳи гузашта коҳиш ёфта айни ҳол, танҳо 3 нафар дар бемористон табобат мегиранд.

"Аз оғози ҳафтаи равон дар бахши сироятии Бемористони шаҳри Панҷакент шумори беморони мубтало ба "илтиҳоби шуш" танҳо 3 нафар, 2 мард ва 1 зан боқӣ мондаанд. Вазъи саломатии ду нафари онҳо нисбатан вазнин, вале саломатии як нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад”, - гуфт Абдуллоева.

Муовини сартабиби Панҷакент таъкид намуд, ки аз рӯи 30-уми апрели соли ҷорӣ, яъне аз замони нахустин сабти ин беморӣ то ҳоло 394 маврид бо аломатҳои "илтиҳоби шуш" бистарӣ шудани сокинон қайд шуда, аз ин шумор 109 нафар дар бемористон ва 282 нафар дар хонаҳояшон зери тадобии духтурон шифо ёфтаанд.

Ба иттилоъи манбаъ дар умум аз 394 мавриди сабти беморӣ, 8 нафар фавтидаанд.

Раъно Абдуллоева, афзуд ҳоло назар ба як моҳи қабл, ки то 60 нафар дар бемористон бистарӣ буданд, ҳоло вазъ дар шаҳри Панҷакент муътадил буда, дар ҳоли ҳозир танҳо 3 нафар бо аломати “илтиҳоби шуш” дар бемористон табобат мегиранд.

Барои табобати беморон дар Бемористон таҷҳизотҳои лозим аз қабили Оксгенератор ва Дастгоҳи нафаси сунъӣ (ИВЛ) ворид карда шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 9-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6410 нафар баробар шудааст.

То санаи зикргардида дар мамлакат 5067 нафар ё худ 79%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

364
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, омор, Панҷакент
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Заправочная колонка на автозаправочной станции

Чаро нархи газ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз боло меравад?

0
(Таҷдидшуда 14:43 11.07.2020)
Арзиши гази моеъ умдатарин маводи ҳаракатдиҳандаи воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон ба 4 сомонӣ дакка хурдааст, ки ин назар ба як моҳи пеш 45 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Тайи як ҳафтаи охир қимати фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 50 дарсад гарон шудани нархи газро дақиқан шарҳ намедиҳанд.

Як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб гуфт, сабаби баланд рафтани нархи газро дақиқан шарҳ дода наметавонад.

"Мо коргари оддӣ ҳастем. Ҳисобу китоби хариди фурӯш дар ихтиёри роҳбарият аст, чи хел нархро муқаррар кунанд, мо аз рӯи ҳамон ба фурӯш мегузорем", -  гуфт ҳамсуҳбати мо.

Корманди як таъмингоҳи маводи сӯзишворӣ дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки болоравии нархи газ ба ҳаҷми воридоти он вобаста аст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ворид намудани газ ба Тоҷикистон кам шуда ва аз ҳамин лиҳоз нархи он баланд рафтааст.

Аммо Усмон Раҳматов, коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, баланд бардоштани нархи газ дар рӯзҳои охир, ба афзоиши гаштугузори мошинҳо дар роҳу ҷодаҳои Тоҷикистон пас аз замони хатми қарантинаи хонагӣ аст.

Чаро дар нархи нафту газ мувозинат дида намешавад

"Агар нархи навъҳои дигари сӯзишворӣ масъалан бензин ва дизел ҳам дар баробари газ то 50 % боло мерафтанд, гуфтан мумкин буд, ҳаҷми воридоти маводи сӯхт дар Тоҷикистон кам шуда, ин ба болоравии нарх бетаъсир намондааст. Аммо тавре мебинед, танҳо газ боло рафтааст. Ин аз он сабаб, ки ҳоло бештари воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бо газ ҳаракат мекунанд", - афзуд коршинос.

Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло қимати 1 литр гази моеъ ба 3, 9 то 4 ва дар баъзе ҷойҳо 4, 2 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои май ва июн, арзиши он аз 2, 5 то ба 2, 8 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ронандаҳои таксӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, болоравии нархи газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба ҷайби сокинон таъсир мерасонад.

"Ҳоло барои як нуқтаи сафар 10 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз сабаби қимат шудани нархи газ, ҳеҷ ронанда бо ин нарх мусофир намекашонад. Зеро нархи хизматрасонӣ, хароҷоти хариди сӯзишвориро намебарорад", - гуфт як ронандаи таксӣ.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

"Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон" аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

0
Барчаспҳо:
қиматшавӣ, газ, нарх, Тоҷикистон