Таблетки, архивное фото

"Дексамитазон" дору алайҳи коронавирус: Созмони ҷаҳонии беҳдошт онро пазируфт

2010
(Таҷдидшуда 12:31 17.06.2020)
Олимони Бритониё доруе, ки сатҳи маргу мир аз маризии коронавирусро коҳиш медиҳад, пайдо карданд. Бастаи ин дору ҳамагӣ 5 фунт стерлинг муодили 65 сомонӣ нарх дорад

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт нахустин натиҷаҳои озмоиши клиникӣ дар Бритониёро истиқбол намудаст. Озмоиш нишонд дод, ки доруи "Дексамитазон" сатҳи маргу мир миёни маризони гирифтори COVID -19  - ро ба таври назаррас коҳиш медиҳад,  хабар медиҳад котиботи созмони мазкур.

Ба иттилои манбаъ, тибқи як тадқиқот, ки дар Оксфорд анҷом шудааст, доруи "Дексаметазон" хавфи маргро барои бемороне, ки ба дастгоҳи нафасдиҳи сунъӣ пайваст мебошанд то 35 дарсад кам мекунад.

Болову поинравии нархи “Арбидол”: суду зиёни харидорону фурӯшандаҳо дар даври коронавирус

Ҳамчунин маризоне, ки танҳо ба оксиген пайвастанд, то 20 дарсади фавт миёни онҳоро кам мекунад. Муассирияти ин дору дар ҳолест, ки дар Бритониё арзиши он ҳамагӣ 5 фунт стерлинг мебошад.

Зимнан, ҳукумати ин кишвар рӯзи сешанбе "Дексамитазон" - ро расман барои муолиҷаи беморони гирифтори COVID -19 тасдиқ намуд.

"Ин аввалин доруест, ки паст шудани сатҳи фавтро дар байни беморони коронавирус, ки ба табобати оксиген ва дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  ниёз доранд, нишон медиҳад", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, мудири Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адхан Ҷебрейюс натиҷаҳои санҷишро "хабари хуб" номидааст.
СҶБ инчунин илова намуд, ки ташкилот интизори таҳлили пурраи маълумот дар рӯзҳои наздик аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати беҳдошти Русия дуюмин доруеро тасвиб кард, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадан монеъ мешавад

 "Левилимаб" (номи тиҷоратии "Илсира")  ва "Авифавир" ду доруи мустақими сохти Русия мебошанд, ки дар озмоиши клиникӣ самараи хубро нишон доданд.

Гуфта мешавад, ҳар ду даво ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

 

2010
Барчаспҳо:
дору, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (603)

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон

612
(Таҷдидшуда 20:18 04.07.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси навъи COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Дар давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 4 июл ба 6159 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз дар кишвар 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

612
Барчаспҳо:
вируси нав, фавт, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (603)

Фавти 10 мариз ва олуда шудани 506 нафар ба коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

478
(Таҷдидшуда 18:14 03.07.2020)
Дар Қирғизистон ҳамарӯза теъдоди сироятёфтагон ва қурбониёни вируси COVID - 19 рӯ ба афзоиш мениҳад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ин кишвар 10 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ аз замони хуруҷи вируси COVID - 19 дар Қирғизистон мебошад.

Бар хабари Sputnik Қирғизистон, шабонарӯзи ахир 506 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид.

Чанд рӯз қабл, нишондиҳандаи рекордии мубталошавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, ки 526 ҳолат дар як рӯзро дарбар гирифт.

Зимнан, теъдоди умумии дардмандони коронавирус дар ин кишвар ба 6767 нафар расидааст.

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қирғизистон: 45 мариз дар ҳолати вазнин қарор доранд

Бо илова шудани 10 қурбонии ҷадид, теъдоди ҳалокшудагон аз ин вирус ба 76 нафар баробар шуд.

Ҳамчунин давоми як рӯз 73 корманди соҳаи тиб низ ба ин маризӣ гирифтор шудаанд. Ҷамъан дар Қирғизистон 994 табиб олудаи коронавирус гардидаанд.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, феълан дар дармонгоҳҳои Қирғизистон 638 мариз қарор доранд, ки 99 бемор дар ҳолати вазнин буда, ҳамчунин 19 нафар дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Гузашта аз ин, ҳудуди 3 398 нафари дигар, ки бидуни аломат мубталои ин беморӣ ҳастанд, ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шуданд.

478
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (603)

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (603)