Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Сипос ва пешниҳодҳои нави раиси ВМКБ ба Бунёди Оқохон

1463
(Таҷдидшуда 16:20 17.06.2020)
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, бо Муҳаббат Баҳромов, мудири иҷроияи Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карда, масъалаи таъминот бо дору, омодасозии табибон ва таъмиру сохтмони беморхонаро ба миён гузоштааст

ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Файзов барои кумакҳо ба  Хадамоти Оқохон сипос гуфта, дар давраи хуруҷи беморӣ дастрасӣ ба доруҳоро масъалаи асосӣ донист.

Ӯ афзуд, ки баробари кумакҳои  Ҳукумат ба ВМКБ, шарикони рушд низ дастгирии пайваста намуданд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки масъалаи таъмири бинои беморхонаи вилоятӣ, дастрас намудани асбоби махсус барои ташхиси бемории covid 19 ва оксигенгенератор аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз маблағи харҷкардаашон алайҳи COVID - 19

Намояндагони Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ таъкид намуданд, ки дар ин самт бо Ҳукумати мамлакат ҳамкорӣ дошта, метавонанд дар ин ҷода кумаки башардӯстонаи худро пешниҳод намоянд.

Ёдгор Файзов бо зикри сироятӣ будани бемории коронавирус муҳим хондааст, ки  ҳарчи зудтар дар ҳудуди вилоят бунёди беморхонаи сироятӣ  ба роҳ монда шавад.

Дар мулоқот инчвунин ниёзмандӣ ба мутахассисони соҳибтаҷриба таъкид шудааст, ки бо дастгирии Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ метавон онҳоро омода намуд.

"Ёри рафта": Зайнура Пӯлодова суруди Манижа Давлатоваро бозхонӣ кард - навор

Котиботи мақомоти ВМКБ афзуданд, ки намояндагони Хадамоти Оқохон изҳор доштаанд, ки дар самти мубориза бо covid 19 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумат нақшаҳои пешниҳодгардидаро амалӣ хоҳанд намуд.

1463
Люди в защитных масках на улице Душанбе

Аз 6500 гузашт: омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

179
Аз 30 апрел то 12 июл дар Тоҷикистон шумораи гирифторони COVID-19 ба 6552 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 5228 кас ё худ 79,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аз 30 апрел то 12 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6552 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5228 нафар ё худ 79,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд.

"Давоми шабонарӯзи охир 190 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

179
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, гирифторони беморӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

222
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

222
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Здание администрации города Хорог, архивное фото

Ниқоб пӯшеду фосиларо нигоҳ доред: идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бадахшон

0
(Таҷдидшуда 15:54 13.07.2020)
"Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" барои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ аз ҷониби кормандони ин муассиса дар ВМКБ гузаронида шуд.

Зимни вохурӣ аз сокинони ин вилоят даъват ба амал оварданд, ки аснои сайругашт дар кӯчаҳо ҳатман ниқоби тиббӣ пӯшанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир гардида истодаанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ширкати "Хрустал"  ба  муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кумаки навбатӣ расонид, ки он аз  либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад.

Даргузашти шоира Гулнисои Ризвоншо

Сардори раёсати тандурустии  вилоят Фарид Музаффаров гуфт, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ  тақдим  намудааст.

Ба изҳори ӯ, ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
корҳои фаҳмондадиҳӣ, Бадахшон