Олимон қадимтарин доруеро ёфтанд, ки метавонад коронавирусро мағлуб кунад

2737
(Таҷдидшуда 21:44 25.06.2020)
Олимон муаян кардаанд, ки дар табобати коронавирус, доруе, ки зиёда аз 2 ҳазор сол истифода шудааст, натиҷаҳои мусбат нишон додааст

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Колхитсин, доруи зидди илтиҳоб, ки аввалин бор садсолаҳо пеш истифода шуда буд, барои коронавируси нав муассир будааст, менависад маҷаллаи илмии JAMA Network Open бо такя ба як тадқиқоти олимони Юнонӣ.

Гуфта мешавад, доруи мазкур барои коҳиш додани бемориҳои, артрит ва панкреатит муаян карда шудааст. Бори аввал маҳсулот барои омода кардани ин дору аз гули крокуси тирамоҳӣ тақрибан ду ҳазор сол пеш ба даст оварда шуда буд.

Дар ҷараёни таҳқиқот олимон беморони гирифтори коронавирусро ба ду гурӯҳ тақсим карда, ба 55 бемор дар тӯли се ҳафта колхитсин тавсия карда ва 50 нафари боқимондро ба таври маъмулӣ табобат кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба 55 нафари аввал, ки колхитсин тавсия шуд  танҳо як нафар ба дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ ниёз пайдо кард, аммо дар гуруҳи дигар ки бо усули маъмулӣ табобат мегирифтанд ҳафт нафарашон зери дасгоҳи ИВЛ рафтанд.

"Ҳамин тариқ, фарқияти шумораи ҳолатҳои вазнин ҳафт маротиба афзоиш ёфтааст", гуфта мешавад дар мавод.

Коршиносони юнонӣ натоиҷи пешакии тадқиқотро гуфта, изҳор доштаанд, ки такроран санҷишҳои иловагӣ гузаронида мешавад.

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Тибқи гуфтаҳои  кардиологи Донишгоҳи Калифорния Амир Раббонӣ, пажӯҳиши олимони Юнон нишон медиҳад, ки колхисин таъсири зидди илтиҳобӣ ва зиддикоагулянтӣ дорад, ки ин эҳтимолияти зарар ба дилу рагҳоро замони гирифторӣ ба коронавирус коҳиш медиҳад.

2737
Люди в защитных масках на улице Душанбе

Аз 6500 гузашт: омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

160
Аз 30 апрел то 12 июл дар Тоҷикистон шумораи гирифторони COVID-19 ба 6552 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 5228 кас ё худ 79,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аз 30 апрел то 12 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6552 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5228 нафар ё худ 79,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд.

"Давоми шабонарӯзи охир 190 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

160
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, гирифторони беморӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

222
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

222
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

89
(Таҷдидшуда 15:56 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

89
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон