Медицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик

Ҷаҳон дар гирдоби COVID-19: шумори фавтидагон аз ним миллион гузашт

158
Дар қатори шумораи фавтидагон ИМА пешсаф буда теъдоди он ба 125 щазору 803 нафар мерасад. Дар маҷмӯъ, дар ҷаҳон 10 117 326 сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, шумораи қурбониёни коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон аз 500 ҳазор нафар гузашт.

Бар пояи маълумотҳои соати 9:40-и имрӯз, 501 ҳазору 281 ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи аз ҳама зиёди фавтидагон дар ИМА 125 ҳазору 803 нафар мебошад.

Теъдоди умумии ҳолатҳои сирояти коронавирус дар ҷаҳон ба 10 миллиону 117 ҳазору 326 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар беш аз 210 давлат ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба гузориши портали ягонаи миллии Тоҷикистон оид ба коронавирус, теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар то шоми рӯзи 28 июн, ба 5 ҳазору 849 нафар расид

Ҳамчунин то имрӯз дар кишвар 4448 нафар гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

 

158
Город Астана, архивное фото

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

235
(Таҷдидшуда 15:04 09.07.2020)
Роҳбари Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев хатоҳои роҳбарияти собиқи Вазорати тандурустии ҷумҳурияшро яке аз сабабҳои афзоиши бемории коронавирус номид

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Рӯзи 13 июл дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни коронавирус мотами миллӣ эълон карда шуд.

Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев зимни як муроҷиатнома ба мардум изҳор дошт.

“Мутаассифона, ин беморӣ ҳаёти сокинони Қазоқистонро гирифта истодааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ садҳо оила мотам дорад. Касе падар, модар, бародар, хоҳар, писар ё духтарро аз даст додааст. Ман ба хонаводаҳои ҳалокшудагон тасаллият изҳор мекунам. Ин фоҷиаи умумӣ барои ҳамаи мост. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки 13 июлро ҳамчун рӯзи мотами миллӣ эълон кунам ”,- гуфт Тоқаев.

Роҳбари Қазоқистон хатогиҳои сохтори роҳбарияти пешини Вазорати тандурустиро яке аз сабабҳои афзоиши бемории коронавирус номид.

Тоқаев илова намуд, ки айни замон дар Қазоқистон нишонаҳои аввалини мӯътадилшавии вазъи эпидемиологӣ ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, вай эълон кард, ки дар тамоми ҷумҳурӣ карантини дуҳафтаина ҷорӣ карда мешавад.

"Дар ҳоли ҳозир, нишонаҳои аввалини мӯътадилшавии вазъ пайдо шуданд. Аммо, албатта, роҳат шудан ҳануз барвақт аст. Ҳафтаҳои ояндаи муборизаи мо бар зидди пандемия ҳалкунанда хоҳанд буд", - таъкид кард раҳбари Қазоқистон.

Бино бар пояи омори ахир, дар пайи гирифторӣ ба коронавирус 280 нафар шаҳрвандони ин кишвар ҳалок шуданд.

Теъдоди умумии гирифторон беш аз 51 ҳазор нафар шудааст.

235
Сотрудник охраны рынка Мехргон проверяет температуру у посетителя

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

1152
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 53 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 30 апрел то 7 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6 ҳазору 315 нафар расид. 

Манбаъ афзуд, ки то кунун дар мамлакат 4965 нафар ё худ 78,4%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, дар муддати зикргардида аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 220 нафар гирифторони эҳтимолӣ зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон гузориш медиҳанд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.

1152
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, фавт, беморӣ, Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Русия омода аст парвозҳоро ба 13 кишвар барқарор кунад

0
Роспотребнадзор пешниҳод кардааст, ки бо назардошти беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳо бо 13 кишвар барқарор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Русия дар ду марҳила ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро бо кишварҳои дигар  барқарор мекунад.

Ин тасмим аз ҷониби ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар пас аз як ҷаласа қабул карда шудааст.

Роспотребнадзор идеяи ситоди фавриро дастгирӣ намуд, кушодани парвозҳо ба 13 кишварро пешниҳод кардааст.

Мактуби дахлдорро Михаил Орлов, муовини сардори Раёсат ба Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва Вазорати нақлиёт фиристодааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки пас аз таҳлили вазъи эпидемикӣ, Роспотребнадзор 13 кишварро ҳамчун номзад барои барқарор кардани парвозҳо дар марҳилаи аввал баррасӣ мекунад.

Сухан дар бораи Бритониё, Маҷористон, Олмон, Дания, Италия, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Шри Ланка меравад.

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

Ҳамзамон, дар бораи шартҳои барқарор кардани парвозҳо ва имкони қабули шаҳрвандони Русия ба парвозҳо маълумоте нест.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Қаблан Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи тамдиди манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия то 1 август дастур дода буд.

0