Жээнбеков барои ташхиси коронавирус тести такрорӣ супорид

134
(Таҷдидшуда 14:21 29.06.2020)
Жээнбеков баъди  бозгашт аз Маскав озмоиши дигареро барои коронавирус супурд. Ҳоло вай корҳои давлатдориро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Таҳлилҳои такрории президент Сооронбой Жээнбеков дар бораи ҳузури COVID-19 натиҷаи манфӣ нишон доданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Қаблан, ӯ замони расидан Маскав ва бозгашт ба Бишкек аз озмоишҳо гузашт, ки натиҷаҳояшон манфӣ буданд.

Ёдовар мешавем охири ҳафтаи гузашта дар 17 корманди дастгоҳи президент вуҷуди коронавирус тасдиқ шуд.

"Дар ин рӯзҳо, Сооронбой Жээнбеков барои дур кардани тамос,  дар қароргоҳи давлатӣ Ала-Арча корашро идома медиҳад. Пагоҳ, 30 июн, сарвари давлат дар ҷаласаи Жогорку Кенеш ширкат меварзад", - омадааст дар хабар.

Дар ҷаласаи парлумон аъзои нави ҳукумат қасам мехӯранд.

Ёдовар мешавем санаи 24 июн Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков натавонист дар Паради Ғалаба ба муносибати 75-солагии хотима ёфтани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ширкат варзад.

Мувофиқи низомнома пас аз расидани ҳайати кишвар аз ташхиси коронавирус гузаштанд. Натиҷаҳои он муайян карданд, ки ду узви ҳайати Қирғизистон мабталои КОВИД-19 будаанд.

Дар робита ба ин, раҳбари Қирғизистон маҷбур шуд, ки зуд ба Бишкек  баргардад ва ба худҷудоӣ равад.

Бино ба оморҳои ахир теъдоди умумии маризони коронавирус дар ин кишвар ба 5017 нафар расида, аз ин беморӣ 50 тан ҳалок гаштааст. Тайи чанд рӯзи ахир, анқариб ҳамарӯза беш аз 200 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.

Шумораи рекордии гирифторшавӣ ба ин беморӣ рӯзи шанбе сабт гардида буд. Он рӯз 306 нафар тоза мубталои бемории коронавирус гардиданд.

134

Омори шаш моҳи Суғд: фавти беш аз 300 нафар аз "илтиҳоби шуш"

66
(Таҷдидшуда 12:58 14.07.2020)
Мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, теъдоди таваллуд ва маргумир дар шаш моҳи соли ҷориро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Лолахон Файззода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар Суғд, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 6063 вафоти сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 285 ҳолат зиёд будааст.

"Давмои шаш моҳи соли ҷорӣ 25 ҳазору 482 таваллуд сабт карда шудааст. Дар ин давра 281 ҳолат тифлони мурда таваллудёфта ва 374 ҳолати вафоти кӯдакони то 1 сола ба қайд гирифта шудааст. Дар умум дар давраи ҳисоботӣ 6 ҳазору 63 ҳолати фавт расман ба қайд гирифта шудааст, ки ин теъдод назар ба соли қаблӣ 285 маврид зиёд аст", - гуфт Файззода.

Ба ин саволи рӯзноманигорон, ки оё пандемияи COVID -19 то куҷо ба афзоиши шумори ҳолатҳои маргумир таъсир расонидааст?, Фараҳманд Нарзизода, сармутахассиси САҲШ дар вилояти Суғд гуфт, ки ягон ҳолати фавт ба бемории COVID -19 алоқаманд набуда, балки бештар аз 300 маврид бо бемории "илтиҳоби шуш ва норасоии кори дилҳо ва шушҳо" ба қайд гирифта шудааст.

"Тибқи шаҳодатномаи тиббӣ, ки дар бораи бемории нафари даргузашта маълумот медиҳад, ягон ҳолати фавт аз ҳисоби маризии COVID -19 қайд нашудааст. Сабаби марги 312 нафар аз бемории илтиҳоби шуш ва норасоии шадиди кори дилҳо ва шушҳо гуфта мешавад", - таъкид намуд Нарзизода.

Масъулони Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар Суғд гуфтанд, ки онҳо бар асоси шаҳодатномаи тиббӣ ҳодисаҳои фавтро расман ба қайд мегиранд.

66
Барчаспҳо:
омор, Суғд, Тоҷикистон
Гробы с умершими от заражения вирусом

Омори нави коронавирус дар як рӯз: 195 000 сироят шуда, беш аз 3 000 кас фавтиданд

65
(Таҷдидшуда 12:29 14.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳонро нашр намудааст

 ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. СҶБ мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 195 ҳазор нафар ба маризии коронавирус гирифторшудаанд, ки ҳамакнун теъдоди умумии сироятёфтагон ба 13,2 миллион нафар баробаршуд.

Ба гузориши созмони мазкур, аз ин маризӣ дар ҷаҳон 575 540 нафар вафот карда, 7 698 371 кас шифо ёфтаанд. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 195 878 нафар ва теъдоди фавтидагон 3 731  кас зиёд шуд.

Омори СҶБ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 198 197 ҳолати сироятёбӣ ва 4 122 фавт ошкор гардида буд.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ёдовар мешавем, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 479 483 нафар), Бразилия (1 887 959), Ҳиндустон (907 645), Русия (733 699), Перу (330 123), Чили (317 657), Мексика (304 435), Испания (303 033), Британияи Кабир (290 133) ва Африқои Ҷанубӣ (287 796) дохил мешаванд.

65
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

0
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

0