ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Волонтерон, ки дар озмоишҳои ваксина алайҳи коронавирус, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиа ширкат мекунанд, хуб кор мекунанд, гуфт хадамоти матбуотии қисми ҳарбӣ.
Ҳеҷ кадоме аз гурӯҳи якум, ки яке аз ду ҷузъи ваксинаро рӯзи 18 июн гирифтааст, аз вазъи саломатии худ шикоят накардааст ва ягон ҳодисаи ҷиддии манфӣ ҷой надорад.
Таркиби гурӯҳи дуввум, ки ҷузъи якуми ваксинаро 23 июн гирифтааст ва дар рӯзи 21 баъд аз он, тибқи нишондоди ҷузъи дуюм ҷорӣ карда мешавад, инчунин худро мӯътадил ҳис мекунад, ягон мушкилӣ ё аксуламалҳои манфӣ вуҷуд надорад.
Озмоиш ду ҳафта қабл дар якҷоягӣ бо Маркази Миллии Эпидемиология ва Тадқиқоти Микробиология оғоз ёфт. То охири моҳи июл ба нақша гирифта шудааст.
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ҷамъбасти рӯзи 15-ум бидуни коронавирус дар ҷумҳурӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.
Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон беш аз ду ҳафтаи охир дар сомонаи расмии covid.tj хабар медиҳад, ки дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфтаанд.
Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, 99,3 дарсади онҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба вируси корона гирифтор шудаанд, шифо ёфтаанд ва танҳо 0,7 дарсад бар асари ин маризӣ ҷон додаанд. Теъдоди умумии фавтидагон бар асари коронавирус 90 нафар арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват дорад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанду фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд.
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба коронавирус, ки ахиран иҷозати бозкушоии дарҳои Масоҷидро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ эълон кард, аз намозгузорон риояи ҳатмӣ ва қатъии чораҳои зиддиэпидемиологиро тақозо мекунад.
Дар робита ба кушода шудани дари масҷидҳо аз 1- уми феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиолог бо кулли имомхатибон мулоқот баргузор намуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқт ба имомхатибон дастур дода шуд, ки ба масоҷид намозгузорони бидуни ниқобро роҳ надиҳанд.
Ҳамчунин дар ҳамаи масҷидҳо овезаҳо бо навиштаҷоти "Бе ниқоб даромадан манъ аст" ва "Бо даст салом кардан ва оғӯш гирифтан манъ аст" бояд овехта шаванд.
Таъкид гардид, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешавад бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.
Шӯрои уламо намоз дар автобусу қаторро ҷоиз хонд: гуфт, чӣ гуна бояд адо шавад
Гуфта шуд, ки бояд ҳар як масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад.
Зикр гардид, ки бояд утоқҳои масҷидҳо бо миқдори кофии маводи безараргардонӣ, собун ва маҳлули зиддиуфунӣ (антисептикӣ), инчунин ҳароратсанҷи фосилавӣ таъмин карда шаванд.
Санҷиши ҳатмии намозгузорон ва муроҷиаткунандагон ба масҷидҳо ва дигар марказҳои динӣ тавассути ҳароратсанҷи фосилавӣ бо мақсади маҳдуд намудани ашхосе, ки таби баланд ё аломатҳои бемориҳои роҳҳои нафас доранд ба роҳ монда шавад.
Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо
Махсусан, таъкид гардид, дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар анҷоми мулоқот раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Хуҷанд Муҳсин Миркамолов низ суханронӣ намуда, аз имомхатибон даъват ба амал оварданд, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаро дар ҷараёни адои намоз дар масҷидҳо қатъиян ба ҷо биоваранд.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Собиқ президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии кишардори навинтихоб Содир Ҷабборов даъват шудааст. Ин хабарро сухангӯи президент Галина Байтерек таъйид кард.
Ба гуфти ӯ ба маросим савгандёдкунӣ Роза Отуебоева ва чанде аз номзадҳои пешин ба мақоми президентӣ даъват шудаанд.
Жээнбеков, ки се сол дар сари қудрати Қирғизистон буд, пас аз ҳодисоти моҳи октябри соли 2020 ба истеъфо рафт. Содир Ҷабборов, ки он замон иҷрокунандаи вазифаи президент буд, қарор дар бораи собиқ президенти кишвар будани Жээнбековро имзо кард.
Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири ин кишвар таъйин гардид.
Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид
Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Акнун маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.