Врач в клинике

Омори ноҳияи Ашт: 74 шифоёфтаву 4 фавт аз 82 гирифтори “илтиҳоби шуш”

398
(Таҷдидшуда 19:28 05.07.2020)
Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории “илтиҳоби шуш” ба Неъматулло Ҳикматуллозода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш доданд

ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Таҳмина Мисробӣ, масъули матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт, аз сафари Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода, ёвари Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ин ноҳия хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, Ҳикматуллозода, рӯзи 4-уми июл ба ноҳияи Ашт сафар карда, бо нишондодҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия шинос шудааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, ба ёрдамчии Президент дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия гузориш додааст.

“Аз санаи 29 апрели соли равон то имрӯз ба беморхонаи марказии ноҳия бо ташхиси илтиҳоби шуш 82 нафар сокинони ноҳия бистарӣ шуда, 74 нафар сиҳат ёфтанд. 4 нафар сокинони ноҳия (аз ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён ва Понғоз) аз ин беморӣ фавтидаанд. Айни ҳол дар беморхона 4 нафар табобат гирифта истодаанд”, - иттилоъ додааст Ҷалилӣ.

Ноиби раиси Ашт таъкид намудааст, ки дар ноҳияи Ашт, дар маҷмӯъ барои табобати беморони сироятӣ 110 кат омода шудааст ва ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия бо маводи безараргардонӣ, либоси худмуҳофизатӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дигар маводи зарурии беҳдоштӣ таъмин мебошанд.

Ёрдамчии Президент вазъи эпидемиологии ноҳияро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, аммо таъкид кардааст, ки набояд аз ин вазъ қонеъ шуд, балки ба ҳама гуна пешомадҳо омода бошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 4-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6159 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

398
Барчаспҳо:
фавт, бемор, Тоҷикистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

494
(Таҷдидшуда 19:51 03.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати ахир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7538  нафар баробар гардид.

"То санаи  3 август  дар мамлакат  6317 (83,8%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ қайд карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват дорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

494
Барчаспҳо:
омор, тандурустӣ, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ

Рошал COVID - 19 - ро омодагӣ ба ҷанги биологӣ гуфт

323
(Таҷдидшуда 14:02 03.08.2020)
Ҷарроҳи номӣ, доктори илмҳои тиб Леонид Рошал изҳор дошт, ки COVID - 19 ин санҷиши ҳифзи биологии давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Президенти Донишкадаи пажӯҳиши илмии ҷарроҳии кӯдакона ва шикастабандӣ, доктори илмҳои тибб Леонид Рошал ҳамагирии COVID - 19 - ро бо омодагӣ барои ҷанги биологӣ муқоиса кард.

Рошал қайд кард, ки на ҳамаи кишварҳои ҷаҳон барои мубориза бо вабо омода буданд.

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

Ӯ қайд кард, ки вирус ҳудуд намешиносад ва миқёси эпидемияро пешгӯӣ карда намешавад, аз ҷумла ба сабаби рафтори мардум ва риоя нашудани қоидаҳо.

Дархости пизишки машҳури рус: воҳимаандозони коронавирус муҷозоти шадид шаванд

"Вақте ман ин ҳодисаро таҳлил мекунам, мефаҳмам, ки ин омодагӣ барои ҷанги биологӣ аст. Ман намегӯям, ки ин вирус дастсохт аст: барои чунин изҳорот асоси кофӣ нест, зиёда аз ин ман вирусшинос нестам. Вале ин сашҷиши соҳаи тибб ва ҳифзи биологии кишвар аст", - қайд кард Рошал.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки низоми ҳифзи биологии ИҶШС дар сатҳи олӣ сохта шуда буд, вале феълан он коста гардидааст.

Пизишки қалб ду иштибоҳи ҷиддӣ ҳангоми коронавирусро ном бурд

Ёдрас мешавем, ки дар замони ҳамагирии коронавирус дар Русия 850 ҳазор кас мубталои ин маризӣ шуд, аз он 650 ҳазор тан шифо ёфт ва 14, 128 кас ҷон бохт.

323
Барчаспҳо:
Русия, омодагӣ, тандурустӣ, пешгӯӣ, духтурон, ҷарроҳӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 4 августа

Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:49 03.08.2020)
Рӯзи чоруми август дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил, дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ ва дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад

Рӯзи 4 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1777 дар Лондон нахустин Сирк дар ҷаҳон кушода шуд.

Соли 1870 дар Олмон аввалин мусобиқаи байналмилалии шоҳмот баргузор гардид.

Шахматы
© CC0 / Pixabay
Шахматы

Соли 1884 дар ИМА санги аввал барои бунёди пайкараи Озодӣ гузошта шуд.

© Sputnik / Алексей Филиппов
Города мира. Нью-Йорк

Соли 1942 дар Канада дар фурӯши чой ва қаҳва маҳдудият ҷорӣ карда шуд.

День 3 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1944 аввалин санҷиши ҳавопаймоҳои реактивии Англия — Gloster Meteor гузаронида шуд.

Соли 1963 Бонки рушди Африқо таъсис ёфтааст.

Соли 1976 дар Лондон аввалин мусобиқаи чирчирак миёни дастаҳои занона баргузор гардид.

Соли 1993 Парлумони Молдова оид ба ворид шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳалнома қабул кард.

Рӯзи 4 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 1997 Маҷлиси олии Тоҷикистон қарор "Дар бораи авфи иштирокчиёни даргириҳои сиёсӣ ва низомӣ"-ро қабул кард.

Соли 2009 миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса Протокол оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо маблағи 27 миллион евро ба имзо расид.

 Новый терминал душанбинского аэропорта. Архивное фото
© Sputnik
Новый терминал душанбинского аэропорта. Архивное фото

Соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиши байналмилалии «Рушди энергетикаи Афғонистон» баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Истаравшан дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Оби Зулол» бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 август

  • Дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил.
  • Дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ.
  • Дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 4 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдулазизова (Ҳаётова) Оиша (1921-2012) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бурҳониддин Баҳоваддинов (1953) – доктори илми тиб, профессор.

Андрей Волос (1955)- нависанда (зодаи Тоҷикистон).

Матлуба Ғаффорова (1954) – доктори илми тиб, профессор.

Мирзо Давлат (1953) – нависанда.

Ҷамшед Каримов (1940) –арбоби давлатӣ, доктори илми иқтисод, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Ҳотам Солеҳбоев (1910-1987)- арбоби давлатӣ.

Табибӣ (Қосимов Абдулҳаким) (1935)- шоир.

Самеъҷон Уроқов (1947) – карнайнавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Евгений Фала (1913 – 1988) – сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Рӯзи 4 август кӣ ба дунё омадааст

Барак Обама (1961)- 44-умин президенти ИМА.

Президент США Барак Обама
© Sputnik / Сергей Гунеев
Президент США Барак Обама
0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 31 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон