Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода

Вазири тандурустӣ гуфт, чӣ қадар табиб барои мубориза бо COVID-19 маоши иловагӣ гирифт

254
(Таҷдидшуда 09:51 25.07.2020)
Ҷамолиддин Абдуллозода,  вазири тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус ба чанд табиби кишвар иловапулӣ дода шуд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазири тандурустии кишвар зимни нишистаи хабарияш бо ҳузури рӯзноманигорон гуфт, тӯли як моҳи охир беш аз 8000 табибон дар баробари маошашон иловапулӣ гирифтанд.

Номбурда гуфт, дар марҳилаи аввал, 5256 табибе, ки дар раванди ташхис ва табобати коронавирус дар муассисаҳои тиббӣ фаъолона кор мекунанд, маоши иловагӣ гирифтанд.

“Пас аз он ки мо марказҳои саломатиро ба низоми шабонарӯзӣ гузаронидем, шумораи табибон афзоиш ёфт ва дар моҳи дуввум ин рақам ба беш аз 8 ҳазор табибе расид, ки ба маоши худ иловапулӣ гирифтанд ",- Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ёдовар мешавем, ки сар аз оғози эълони бемории коронавирус дар кишвар раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз Фонди эҳтиётии президент 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловагӣ ба маоши табибон ҷудо карда буд.

Гуфта мешуд, маблағи мазкур ба кормандони тиб, ки бо пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус мубориза мебаранд, барои се моҳ  дар ҳаҷми як маоши расмӣ дода мешавад.

254
Гробы умерших от коронавируса, архивное фото

Боз фавт: эълони омори сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

430
(Таҷдидшуда 19:22 28.10.2020)
Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10900 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард, ки мувофиқи он боз як шаҳрвани кишвар қурбони ин беморӣ шуд.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10900 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, дар 24 соати охир 61 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10070 (92,4%)  баробар гардид.

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

Тибқи иттилои Вазорат дар давоми шабонарӯзи гузашта аз COVID - 19 боз як нафари дигар ҷон бохта, шумораи умумии қурбониёни ин вабои аср ба 82 нафар расид.

Манбаъ афзуда, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

430
Барчаспҳо:
омор, вируси корона, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров пас аз алоқа бо як маризи COVID - 19 хонашин шуд

245
(Таҷдидшуда 14:14 28.10.2020)
Ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров ба таъхир гузошта шуд. Феълан аҳволаш хуб аст

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров пас аз суҳбат бо нафари сироятшуда аз коронавирус, хонашин шуд, хабар медиҳад ВКХ ФР.

Вазорати умури хориҷаи Русия, қайд карда, ки айни замон аҳволи вазир хуб аст.

Қайд мешавад, ки ба далели хонашинӣ, ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Равров ба таъхир гузошта шуданд.

Дар баробари ин гуфта нашудааст, ки вазир кай ва бо кӣ суҳбат кардааст.

Сергей Лавров рӯзи 21 март 70-сола шуд. Ӯ аз рӯи синну сол  ба гурӯҳи хавфи баланд, дохил мешавад.

Тибқи фармони амалкунанда, ашхоси синнашон аз 65 боло бояд ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд.

Бо вуҷуди ин, вазири корҳои хориҷии Русия фаъолона кор мекарду мулоқот бо ҳамкорон ва боздид аз дигар кишварҳоро идома медод.

Аз ҷумла, 26 октябр Лавров бо сафари расмӣ ба Юнон рафт ва аллакай рӯзҳои 28-29 октябр ӯ бояд ба Сербия сафар мекард.

245
Барчаспҳо:
алоқа, вируси корона, Сергей Лавров
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия