Пизишки қалб ду иштибоҳи ҷиддӣ ҳангоми коронавирусро ном бурд

998
Пизишки рус ду иштибоҳи ҷиддиро ном бурд, ки дар замони пандемия одамон онҳоро содир мекунанду вазъият ваҳимтар мешавад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дасткашӣ аз пӯшидани ниқобӣ тиббӣ яке аз мубрамтарин иштибоҳи мардум дар замони пандемия мебошад, изҳор дошт пизишки қалб Сергей Бойтсов дар мусоҳиба бо "Комсомолская правда".

Пас аз гирифторӣ ба коронавирус кадом витаминҳоро бояд истеъмол кард?: посухи табиб

Пизишк мегӯяд, новобаста аз лағви режими ниқоб, одамон бояд ба пӯшидани он идома медоданд, чунки ин як нишони эҳтиром ба худу атрофиён мебошад.

"Дар хотир доред: вақте ки ҳар ду иштирокчиёни раванди сироятёбӣ, яъне ҳам шахси сироятшуда, аммо ҳанӯз дар бораи он намедонад ва ҳам шахси солим ниқоб пӯшанд, пас танҳо бо ин роҳ аз паҳншавии маризӣ метавон ҷилавгирӣ кард", - гуфт коршинос.

Гузашта аз ин, Бойтсов ба худдавоии мардум таъкид намуда зикр кард, ки ин ҳолат бисёр хатарнок аст.

Чун ҳаргуна доруҳоро, ки бидуни тавсияи табибон истеъмол мекунанд, метавонад ба геморогический инсулт ва ё хунравӣ аз меъдаю рӯда оварда расонад.

Бар тибқи охирин маълумот, то субҳи рӯзи 2 - юми август ар сартосари ҷаҳон беш аз 18 миллион мубталои ин маризӣ буда, 689 бемори коронавирус қурбон шуданд.

998
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (738)

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

176
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

176
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон
Город Лондон. Великобритания

Мавҷи дуюми коронавирус дар Британия: сарвазир маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

250
(Таҷдидшуда 20:05 23.09.2020)
Сарвазири Британия дар робита ба авҷ гирифтани мавҷи дуюми маризии коронавирус, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Британияро мавҷи дуюми маризи коронавирус фаро гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин робита, сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе аснои баромади худ дар парлумон, маҳдудиятҳои нав барои ним соли оянда ҷорӣ кард.

"Коронавирус дар баробари гузариш аз фасли тирамоҳ ба зимистон зудтар паҳн мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд аз ҳозир омодагӣ гирем", - таъкид намудаст Ҷонсон.

Бар тибқи қарори сарвазири Британия, коргарҳо бояд аз фосилаи дур кор кунанд, кори тарабхонаю майкадаҳо на дертар аз соати 10 - и бегоҳ тӯл кашад.

Ҳамчунин, Ҷонсон аз тамоми сокинон даъват намуд, ки маросимҳои хурсандӣ, аз ҷумла тӯю маъракаҳо танҳо бо иштироки 15 меҳмон баргузор шаванд. Дар маросими азодорӣ, ҳамоно на беш аз 30 нафар бояд иштирок кунанд.

Қазоқистон ҳам ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт: СҶБ онро қабул кард

Қобили зикр аст, ки шабонарӯзи ахир дар Британия 4368 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Инчунин давоми як рӯз аз ин беморӣ дар Британия 11 нафар ҷон бохт.

Дар умум, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Британия 398 625 нафар мубтало шуда, 41 788 мариз ба ҳалокат расиданд.

250
Барчаспҳо:
маҳдудият, маризӣ, сарвазир, Британия

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия