45 мавриди ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат омори нав нашр кард

543
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 45 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироят ва шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта дасти кам 45 мавриди тозаи сироятшавӣ ба ин беморӣ сабт карда шуд.

Бо илова шудани мавориди нави мубталошавӣ, теъдоди умумии гирифторони вируси COVID-19 ба 7583 нафар баробар шудааст.

Тасмими маркази Гамалея барои озмоиши воксинаи зидди COVID-19 дар кӯдакон

Манбаъ меафзояд, ҳудуди 83,8 дарсади гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз бемории мазкур дар мамлакат ба 61 нафар расид.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

543
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (745)
Мужчина в защитной маске

Омори коронавирус дар Тоҷикистон: 45 нафар шифо ёфтанду 41 тани дигар бемор шуданд

369
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори як рӯзи ахир аз фавту шифоёбӣ ва мубталошавии сокинон ба коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 41 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Вазорат теъдоди умумии гирифторони маризии коронавирусро ба 9 646 нафар арзёбӣ кард.

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Ҳамзамон, то санаи  27 сентябр дар мамлакат  8430 ё 87, 4 дарсади беморон аз COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 75 нафар фавтидаанд.

Зимнан, Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

369
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (745)
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аз 33 миллион нафар бештар шуд

45
(Таҷдидшуда 18:02 27.09.2020)
Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз ҳадди 33 миллион нафар гузашта, наздики як миллион нафар бар асари ин беморӣ ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Оморҳои марокизи расмии теъдоди мубталоён ба COVID-19, нишон медиҳад, ки шумори мубталоён дар рӯзи якшанбе ба 33 миллиону 35 ҳазор нафар расидааст, хабар дод сомонаи Парстудей.

Манбаъ бо такя ба гузориши вебсайти омории “Worldometers”, ки охирин омори мубталоён ба куруноро ба сурати лаҳзаӣ гузориш медиҳад, шумори маргу мири ҷаҳонӣ бар асари ин беморӣ ба 988 ҳазору 88 нафар расидааст.

Бештарин  омори маргу мир низ дар 24 соати гузашта мутааллиқ ба Ҳинд, Амрико ва Бразилия будааст.

“Дар Ҳинд 1 ҳазору 123 нафар, дар Амрико 717 ва дар Бразилия 697 нафар ҷони худро ба далели бемории COVID-19 аз даст доданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

"Форел" бо шиногоҳ - яке аз иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд

Таъкид шудааст, ки Русия ва Колумбия низ ба тартиб дар зинаҳои чаҳорум ва панҷуми бештарин мавориди ибтило ба куруно дар ҷаҳон ҳастанд.

45
Барчаспҳо:
беморӣ, Ҷаҳон, Тоҷикистон
День 28 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.09.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳр мебошад. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ низ 28 сентябр ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.

Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русияоғоз гардид.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон  дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ карда буданд.

Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии баҳр.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.

Соли 1951 Риёзидон  Сайфулло Бобоев.

Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.

Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон