Норозигии президент аз дониши хатмкардаҳои донишгоҳҳои соҳаи тиб: ба сифат аҳамият диҳед

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тоҷикстон зимни мулоқот бо кормандони тиб аз мушкилоти дар ин самт ҷойдошта изҳори назар карда, донишу малакаи хатмкардагони Донишгоҳҳои ин ришта изҳори норозигӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Президенти кишвар гуфт тибқи таҳлилҳо сатҳи дониш ва малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии соҳа ва махсусан, коллеҷҳои тиббии кишвар ба меъёрҳои қабулшуда ва талаботи рӯз чандон мувофиқ нест.

Магнитно-резонансная томография в 451-м военном госпитале в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Баъзеҳо 3-4 моҳ берун нарафтанд: Раҳмон дар бораи гирифтории табибон ба COVID-19

“Бинобар ин, роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббиро зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала, яъне баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати омодагии касбии донишҷӯён тадбирҳои қатъӣ андешанд”,-гуфт, Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур гуфт, ин масъаларо қаблан низ гуфта буд ва ҳоло низ муҳим аст, ки мо бояд ба сифати тайёр кардани кадрҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем, на ба шумораи онҳо.

Номбурда гуфт, тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар 31 муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Аз шумораи умумии муассисаҳои таълими тиббӣ 20 муассиса, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар табиб намерасад

Ӯ гуфт, дар 29 соли охир бо мақсади аз байн бурдани норасоии мутахассисон ҳар сол бо дастгирии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тавассути Стипендияи Президенти мамлакат "Дурахшандагон", аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ зиёда аз 500 нафар мутахассисон дар муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил ва бозомӯзӣ кардаанд, ки ин барои ба роҳ мондани хизматрасониҳои нави тиббӣ мусоидат намуд.

Лентаи хабарҳо
0