Первая в мире вакцина от коронавируса

Нахустин дар ҷаҳон: ваксинаи Русия алайҳи COVID - 19 чӣ гуна сохта шуд

555
Дар мавриди раванди сохта шудани нахустин ваксинаи алайҳи коронавирус дар Русия, муовини мудири Маркази Гамалеи Денис Логунов ба таври муфассал дар мусоҳибае шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Денис Логунов муовини мудири Маркази Гамалеи дар мавриди истеҳсол ва бақайдгирии нахустин ваксинаи алайҳи коронавирус дар мусоҳиба бо агентии Sputnik  суҳбат намуд

Якшанбеи гузашта Шумо ба Вазорати тандурустӣ натиҷаҳои ташхиси клиникиро пешниҳод намудед. Феълан натиҷаҳои ташхис расонаӣ нашудаанд. Бозёфтҳои асосии ин таҳқиқот кадомҳоянд?

- Мо як қатор таҳқиқоти клиникии бехатарӣ ва самаранокии ваксинаро гузаронидем ва баъд ду таҳқиқоти клиникӣ гузаронидем, ки дар он ваксина бо истифода аз ихтиёриёни солим барои нишондиҳандаҳои бехатарӣ ва пайдо шудани масуният омӯхта шудааст. Тибқи натиҷаҳои ин таҳқиқот, ваксина натиҷаи хуби бехатарӣ ва пайдо шудани масунияти баландро нишон дод.

Дар СҲШ содироти ваксина бар зидди вируси коронаи сохти Русияро баррасӣ доранд – навор

Ҳамаи ихтиёрин, ки ваксинаро дар ҳолати моеъ ва хока истифода намуданд, масуният алайҳи маризии коронавирус пайдо карданд.

Лимфоситҳои ситотоксикӣ, ки дар организ ҳуҷайраҳои аз вирус осебдидаро нобуд мекунад, дар ҳамаи ихтиёриён ба мушоҳида расид.

Зимнан, ба организми ҳамаи ихтиёриён ягон зарар аз ваксинаи мазкур ба назар нарасид. Ҳолати солимии гурӯҳҳои ихтиёриён пас аз истифодаи ваксин ҳатман дар шакли гузориш оварда мешавад.

Дар марҳилаҳои якум ва дуюм чанд нафар хоҳишмандон дар озмоиши ваксин иштирок карданд?

- Дар марҳилаҳои якум ва дуюм 38 нафарӣ иштирок карданд. Ҷамъан дар ҳар ду марҳила 76 нафар хоҳишмандон иштирок карда, ваксинаи алайҳи коронавирусро гирифтанд.

Дар озмоиш ихтиёриёни кадом синну сол иштирок намуданд?

-Дар ҳар ду марҳила ихтиёриёни аз 18 то 60 - сола иштирок доштанд.

Дар расонаҳо пайваста қайд мешавад, ки барои омода намудани ваксинаи муассир аз ин беморӣ на камтар аз як сол лозим аст. Ба намояндагони Маркази Гамалеи чӣ хел даст омад, ки дар муддати 5 - 6 моҳ ба истеҳсоли ваксина муваффақ шаванд?

Чунин гуфтан нодуруст аст, ки мо дар як муддати кӯтоҳ ваксинаро аз "сифр" офаридем. Аз рушди технологияи векторҳои аденовирусӣ то татбиқи он даҳ сол гузашт.

Аз соли 2015 дар Марказ Гамалеи ваксинаҳо дар асоси векторҳои аденовирус таҳия карда шуда, дасти кам 3000 нафар эм карда шуданд. Аз ин рӯ, ин ба ҳеҷ ваҷҳ кори панҷмоҳа набуд.

Олим: хоҳед мавҷи дуюм ва ё баландтарин нуқта гӯед, аммо COVID-19 ба сифр намерасад

Гузашта аз ин, ваксинаҳо дар асоси векторҳои аденовирусӣ на танҳо дар Русия сохта шудаанд. Чин, ширкатҳои CanSino ва Johnson & Johnson низ бо векторҳои аденовирусӣ кор мекунанд. Пеш аз ҳама, ин таҳияи ваксинаҳо бар зидди Эбола мебошанд. Ин платформаҳо дар озмоишҳои клиникӣ хуб шинохта шудаанд ва хуб омӯхта шудаанд.

Ваксинаҳои дигар адиновируси 26 ва ё 5 - ро истифода мебаранд. Дар ваксинаи русӣ ҳар дуи онҳо якбора истифода мешаванд. Метавонед муфассалтар фаҳмонед, ки он чӣ гуна кор мекунад?

- Агар ба  тақвими миллии ваксина нигаред, шумо хоҳед дид, ки бисёр ваксинаҳо тақвият дода шудаанд. Яъне, шумо як маротиба ваксина ворид мекунед, баъд дуюм, сеюм ва ғайра. Чаро ин тавр шуд? Бо мақсади ташаккул додани на танҳо як вокуниши баланди иммунӣ, балки барои он ки ин вокуниш дароз карда шавад, то хотираи боэътимоди иммунологӣ ташкил карда шавад.

Ғайр аз иқтисодиёт ва нигоҳубини ақли солим, давомнокӣ ва дараҷаи вокуниши эммунӣ, стратегияи эмгузаронии саривақтӣ, яъне истифодаи ду ё зиёда ваксина ҳамеша беҳтар аст. Ва бояд бо як сабаби оддӣ ваксина бо векторҳои гуногун анҷом дода шавад: вокуниши иммуникӣ пас аз тазриқи аввали дору, аз ҷумла дар вектор, ташаккул меёбад.

Агар шумо ҳангоми эмгузаронии дуюм ҳамон як векторро ҷорӣ кунед, иммунитети зидди векторӣ ташаккулёфта самараи эмкуниро коҳиш медиҳад. Ҳамин тавр, шумо танҳо вектори интиқолдиҳандаро ба ҳамон чизе иваз мекунед, ки посухи масуният онро эътироф намекунад. 

Ваксинаи истеъсолнамудаи шумо муваққатан бақайд гирифта шуд. Ин чӣ маънӣ дорад?

- Сабти муваққатӣ чӣ аст? Мо намехоҳем, ки дар тӯли 1,5 соли оянда бо ихтиёриёни солим сару кор гирем.

Агар мо бо аҳолии оддӣ кор кунем, ки дар байни онҳо гурӯҳҳои хавфнок ҳастанд, яъне одамоне, ки дар натиҷаи мубтало шудан маъюб мешаванд ё мемуранд, пас ба мо механизме лозим буд, ки ваксинаро дар шароити хеле маҳдуд ва дар муддати кӯтоҳ ба муомилот дароварда тавонад.

Дархост барои сабти номи ваксинаҳо дар ҳама беморхонаҳо ва сабти ҳама ҳодисаҳои номатлуб дар ихтиёриён мавҷуд аст. Ҳар як ихтиёрие, ки ваксина карда мешавад, метавонад дар ариза дар бораи саломатии худ гузориш диҳад.

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

Мехоҳам қайд намоям, ки эмгузаронии оммавӣ ба таври маҷбурӣ сурат намегирад, ҳар кас дар интихоб озод аст.

Дар марҳилаи сеюм чанд нафар иштирок мекунанд?

Шумораи ниҳоӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, вале ман ба тахмин мегӯям, ки дар марҳилаи сеюм ҳудуди 30 - 40 ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард.

Чаро марҳилаи сеюми озмоишӣ танҳо пас аз ба қайд гирифта шудани ваксин ба роҳ монда мешавад?

Идея ва маънои бақайдгирии муваққатӣ аз дастрасӣ ба ваксина ба гурӯҳҳои хавфнок ва ҳамин тариқ одамонро аз оқибатҳои вазнини сироят ё марг муҳофизат мекунад. Ҳамзамон, гардиши шаҳрвандии ваксина таҳти назорати қатъӣ сурат мегирад ва ин бақайдгирии муваққатӣ дар ҳар лаҳза метавонад боздошта шавад.

Ҳадафи марҳилаи сеюм ин баҳодиҳии миқёси бехатарӣ ва самарабахшӣ дар шумораи зиёди ихтиёриён дар як санҷиши тасодуфии назоратшаванда мебошад. Ин барои ба даст овардани миқдори зиёди маълумоти оморӣ дар бораи ҳамаи параметрҳои санҷиш зарур аст. Илова бар ин, ин марҳила барои қабули қарор дар бораи бақайдгирии доимии ваксина зарур аст.

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

Чӣ гуна иқтидори истеҳсолии ваксинаро афзун карданӣ ҳастед?

Интизор меравад, истеҳсоли оммавии ваксина моҳи сентябри соли 2020 шурӯъ мешавад. Дар охири соли 2020, ба нақша гирифта шудааст, ки истеҳсоли ваксинаҳо ба 200 миллион воя расонида шаванд, агар ҳамаи объектҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла хориҷӣ низ ҷалб карда шаванд.

Зимнан, ҳудуди 20 кишвари хориҷӣ ба ваксини сохти русӣ таваҷӯҳ намудааст, аз ҷумла Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Филиппин, Бразилия, Мексика ва Ҳиндустон.

Дар истеҳсоли ваксинаи алайҳи коронавирус танҳо мутахассисони рус даст доранд ва ё шарикон аз хориҷи кишвар низ ҷалб шуданд?

Не ваксинаи мазкур дар Маркази Гамалеи худи мутахассисони Русия бидуни дахолати хориҷиҳо истеҳсол карда шуд. Худи технология як қабати бузурги дониш ва таҷрибаи кори илмӣ мебошад. Табиист, ки дар ҷаҳон одамони зиёде бо он кор мекунанд, нашрияҳои зиёде ҳастанд, ки мо бо ин нашрияҳо шинос мешавем, онҳо бо мо ҳастанд, ин як майдони умумии илм аст.

Аммо рушди воқеии ваксина, таҳия ва миқёси он - ҳамаи инро танҳо олимони рус анҷом додаанд.

555
Барчаспҳо:
дору, ҷаҳон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (737)
Город Лондон. Великобритания

Мавҷи дуюми коронавирус дар Британия: сарвазир маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

128
(Таҷдидшуда 20:05 23.09.2020)
Сарвазири Британия дар робита ба авҷ гирифтани мавҷи дуюми маризии коронавирус, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Британияро мавҷи дуюми маризи коронавирус фаро гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин робита, сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе аснои баромади худ дар парлумон, маҳдудиятҳои нав барои ним соли оянда ҷорӣ кард.

"Коронавирус дар баробари гузариш аз фасли тирамоҳ ба зимистон зудтар паҳн мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд аз ҳозир омодагӣ гирем", - таъкид намудаст Ҷонсон.

Бар тибқи қарори сарвазири Британия, коргарҳо бояд аз фосилаи дур кор кунанд, кори тарабхонаю майкадаҳо на дертар аз соати 10 - и бегоҳ тӯл кашад.

Ҳамчунин, Ҷонсон аз тамоми сокинон даъват намуд, ки маросимҳои хурсандӣ, аз ҷумла тӯю маъракаҳо танҳо бо иштироки 15 меҳмон баргузор шаванд. Дар маросими азодорӣ, ҳамоно на беш аз 30 нафар бояд иштирок кунанд.

Қазоқистон ҳам ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт: СҶБ онро қабул кард

Қобили зикр аст, ки шабонарӯзи ахир дар Британия 4368 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Инчунин давоми як рӯз аз ин беморӣ дар Британия 11 нафар ҷон бохт.

Дар умум, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Британия 398 625 нафар мубтало шуда, 41 788 мариз ба ҳалокат расиданд.

128
Барчаспҳо:
маҳдудият, маризӣ, сарвазир, Британия
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Сабти фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: тасдиқи Вазорати тандурустӣ

574
(Таҷдидшуда 20:05 23.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ як ҳолати фавт аз бемории коронавирус сабт шуд

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, тайи шабонарӯзи гузашта 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Расман теъдоди фавтидагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 23 сентябр 74 нафар арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар маҷмуъ аз 30 апрел то 23 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 ҳазору 475 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 8 ҳазору 244  ё худ 87,0%-и гирифторон шифо ёфта, 74 нафар вафот кардаанд.

“Шабонарӯзи охир 108  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Соҳибмулки қаҳвахонаи "Ҷокер", ки ҷавонзанро ҳақорат карду кӯфт, боздошт шуд - навор

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

574
Барчаспҳо:
фавт, беморӣ, Тоҷикистон
Река Кофарниган, архивное фото

Наврӯз нагуфт, ки ӯро Шаҳзода оташ зад: ҷузъиёти ишқи сӯзон дар Ваҳдат-видео

446
(Таҷдидшуда 21:13 23.09.2020)
Наврӯз Раҷабов ба Шаҳзода Шамсиева зарфи сӯзишворӣ дода, гуфтааст, ҳар коре бихоҳад бо ӯ анҷом диҳад, то дилаш ором шавад

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, 26 - уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат, дар соҳили дарёи Кофарниҳон Шамсиева Шаҳзодаи 21-сола, дӯстдоштааш Наврӯз Раҷабови 25-соларо оташ задааст.

Наврӯз худаш ба Шаҳзода сӯзишворӣ дода гуфтаст, ҳар коре хоҳад бо ӯ бикунад

“Аз пушти мошин, бақлашкаи бензинро қатии зажигалка гирифта, дар дастам доду гуфт ин марҳамат чӣ кореям кунӣ, бикун, то дилат хунук шудана. Росто истода ин марҳамат гуфт. Ман ҳам бақлажка дар дастам, аз тори санг истода, болояш рехтам. Басай фиреб гуфтам, то кай фиреб мекунӣ, гуфтам, ин сӯ нигоҳ кун, ки зажигалкаро гирён кардаму оташ сӯяш давид”, - тавзеҳ дод Шаҳзода ҳодисаро.

ВУД мегӯяд, ҷабрдида содиркунандаи ин ҷиноятро пинҳон медошт, аммо кормандони милиса муайян кардаанд, ки ин корро Шаҳзода кардааст.

Наврӯз баъди сӯхтан ба Шаҳзода гуфтаст, ки ба касе чизе нагӯяд-видео

Шаҳзода дар гузориши ВУД изҳор дошт, ки Наврӯз дар роҳ ба ӯ гуфт, “рост ба хона рав, ба телефони ҳеч кас ҷавоб надеҳ, маро надидаӣ, намедонӣ”.

Шаҳзода изҳор доштааст, ки Наврӯз Раҷабов ба зиндагии осоиштаи ӯ дахл карда, сабабгори вайрон шудани оилааш шудааст.

Ба иттилои ВУД феълан аз рӯи ин ҳодиса алайҳи Шаҳзода парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

446