Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

1599
(Таҷдидшуда 20:03 20.08.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як нафар аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расид. Акнун теъдоди умумии қурбониён ба 66 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашти як дардманди дигар аз коронавирус ҷон бохт.

Акнун теъдоди умумии қурбониёни ин маризӣ дар кишвар ба 66 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 37 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ сабт гардид. Шумораи умумии гирифторони  COVID-19 ба 8203 нафар расидааст.

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 7006  (85,4%) гирифторони коронавирус шифо ёфтанд.

"Шабонарӯзи охир 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд",- таъкид мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон ба таври расмӣ аз бурузи ин беморӣ 30 - юми апрели соли ҷорӣ хабар дода шуд. Қабл аз эълони бурузи ин маризӣ дар кишвар, ҳукумати Тоҷикистон чораҳои пешгирикунанда аз ин маризиро роҳандозӣ намуда, равобити ҳавоӣ ва заминиро баста намуд.

1599

Вазорати тандурустӣ: шабонарӯзи гузашта боз 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт шуд

284
(Таҷдидшуда 19:02 22.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта боз 44 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9432  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  22 сентябр дар кишвар  8199  (86,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

284
Барчаспҳо:
нашр, омор, Вазорати тандурустӣ, вазорат, фавт, вируси корона, Тоҷикистон
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото

Афзоиши мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: 42 ҳолати ҷадид

932
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 42 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳа Вазорати тандурустии кишвар.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 113 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

"Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 388  нафар баробар шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, то санаи  21 сентябр дар мамлакат  8152 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

932
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

0
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия