Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти полковник Рашидов, мақомдори гумрук аз “илтиҳоби шуш”-акс

1063
Полковник Дилмурод Рашидов, ки 25 соли охир дар мақомоти гумрук, аз ҷумла дар мақомҳои роҳбарӣ дар раёсати гумрук дар Суғд кор мекард, имрӯз дар синни 50 -солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Рашидов, ки аз бемории “илтиҳоби шуш” дар яке аз бемористонҳои Хуҷанд табобат мегирифт,  рӯзи 24-уми август аз олам чашм пӯшид, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

 “Имрӯз соати 16:00,  баъд аз зуҳр маросими ҷанозаи Дилмурод Рашидов баргузор гардид. Марҳум Рашидов дар қабристони ба номи Марғедари шаҳри Панҷакент ба хок супорида шуд”, гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.

 Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, полковник Рашидов дар гузашта (солҳои 2017-2018) сардори бахши Хадамоти гумрук дар шаҳри Панҷакент фаъолият карда, ҳудуди 25 сол дар ин соҳа хидмат кардааст.

Бар асоси ҳолномаи нашркардаи наздикон,  Рашидов Дилмурод Хурсандмуродович 12 августи соли 1970 дар деҳаи Панҷрӯди ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба дунё омада, баъд аз таҳсил дар донишгоҳ,  аз соли 1995 то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти гумрук дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолият намудааст.

1063
Барчаспҳо:
беморӣ, Тоҷикистон

Теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар Эрон аз 24 ҳазор гузашт

34
(Таҷдидшуда 18:16 19.09.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе гуфт, теъдоди ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 дар ин кишвар аз 24 ҳазор нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Симо  Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта  2 ҳазору 845 бемори ҷадиди COVID-19  дар Эрон шиносоӣ шуд, хабар дод радиои тоҷикии Садоии Хуросон.

Ба иттилои манбаъ, маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 419 ҳазору 43 нафар расидааст.

“Аз ин теъдод то кунун 357 ҳазору 632 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Лорӣ афзудааст, ки муттаассифона дар 24 соати гузашта  166 нафар аз беморони COVID-19  ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 24 ҳазору 118 нафари расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 30 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  956 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 22 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд.

34
Барчаспҳо:
фавт, беморӣ, Эрон

Беш аз 6 ҳазор ҳолат дар як рӯз: афзоиши мабталошавӣ ба маризии коронавирус дар Русия

117
(Таҷдидшуда 15:45 19.09.2020)
Дар Федератсияи Русия мавориди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Шабонарӯзи гузашта беш аз 6 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуд

Танҳо дар як рӯзи ахир дар Русия 6 065 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 144 мариз ҷон аз даст доданд. Инчунин як рӯзи ахир аз дармонгоҳҳои Русия 5 255 бемор мураххас гардиданд.

Манбаъ меафзояд, аз 19 - уми июл то ба ин сӯ, ин нахустин ҳолатест, ки шумораи зиёди одамон ба вируси COVID - 19 гирифтор шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҳама беш дар пойитахт - шаҳри Маскав мубталошавии сокинони ба коронавирус сабт гардидааст.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад

Шабонарӯзи ахир дар Маскав дасти кам 825 ҳолати ҷадид ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳамин минвол, дар Русия шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1 097 251 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, 19 339 бемор ба ҳалокат расида, 906 462 нафари дигар шифо ёфтанд.

Бар тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар ҷаҳон беш аз 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало гардида, 943 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.

117
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

0
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон