Люди в масках в Душанбе

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

672
(Таҷдидшуда 18:34 26.08.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, аз 30 апрел то 26 август шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8413 нафар расид.

Бар асоси иттилоияи расмӣ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7 ҳазору 214 нафар ё худ 85,7%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 67 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.

“Шабонарӯзи охир 76 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран мақомоти Хуҷанд изҳори нигаронӣ карданд, ки бархе шаҳрвандон, ки миёни хонавода ва пайвандонашон бемории короновирус ошкор шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарӯза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд.

672
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, омор, беморӣ, Тоҷикистон
Врач у постели пациента во время обхода в госпитале

Пизишки рус иштибоҳи нафароне, ки мубталои коронавирус ҳастанд, ифшо кард

302
(Таҷдидшуда 15:24 01.10.2020)
Мутахассиси рус мегӯяд, мубталоёни маризии коронавирус набояд ба худдавоӣ машғул шаванд, балки ҳатман барои гирифтани табобати сареҳ, ба пизишк муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Умдатарин иштибоҳи нафарони гирифтор ба маризии коронавирус, ин сари вақт муроҷиат накардан ба духтур мебошад, мегӯяд Виктор Зуев, мудири шӯъбаи микробиологияи сироятҳои ниҳонии Институти Гамалея.

Зуев ба тамоми шаҳрвандон муроҷиат намуда, дархост кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба худдармонӣ машғул нашаванд, балки баръакс ҳар чӣ зудтар бояд ба мутахассис муроҷиат кунанд.

"Агар вазъи саломатиятон беҳад вазнин аст ва мадори то беморхона рафтанро надоред, зуд мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед", - афзудааст Зуев.

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, намояндаи Роспотребнадзор Наталя Пшеничная мегӯяд, Русия пас аз чанд ҳафтаи оянда, ба баландтарин қуллаи авҷи маризии коронавирус мерасад.

Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки мавориди нави сироятшавӣ ба COVID - 19 аз 9 000 ҳолат дар як рӯз, зиёдтар сурат намегирад.

Зимнан, ӯ қайд кард, ки сатҳи афзуншавии теъдоди мавридҳои нави гирифторшавӣ ба ин дард, аз худи сокинон вобаста аст.

Пшеничная мегӯяд, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва оддитарин қоидаҳои санитарӣ, метавонанд ин ададро коҳиш диҳанд.

302
Барчаспҳо:
иштибоҳ, маризӣ, пизишк
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро то ҳол аз Русия воксинаи зидди коронавирус дархост накардааст

406
Сабаби асосии аз Русия дархост накардани ваксинаи коронавирус дар он аст, ки он аз тамоми озмоишҳо нагузаштааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тоҷикистон ҳоло аз Русия аввалин ваксинаи алайҳи коронавируро дархост намекунад, гуфт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Самариддин Ализода зимни як нишасти хабарӣ пас аз поёни миссияи мутахассисони ТУТ-GOARN аз Роспотребнадзор.

"Тоҷикистон ҳанӯз аз Русия ваксинаи коронавирус дархост накардааст, зеро он ҳанӯз ҳам аз озмоишҳои клиникӣ мегузарад",- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин намояндаи Вазорати тандурустӣ, дар бораи таъмини ваксина ба Тоҷикистон вақте гуфтан имконпазир хоҳад буд, ки он ҳамаи озмоишҳоро гузарад ва ба истифодаи фаъол шурӯъ кунад.

Семёнов гуфт, ки мӯҳлати интиқоли ваксина аз Русия ба Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст

Ёдовар мешавем, қаблан хабарҳо шуда буд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Вазорати тандурустии Русия дар бораи хариди ваксина алайҳи коронавирус гуфтушунид мекунад.

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

Ба ҷуз аз Тоҷикистон, 26 давлати дигар барои харидории ваксина дар навбат истодаанд.

406
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Русия, Тоҷикистон
Спичка, архивное фото

Пулро гирифту хонаро оташ зад: боздошти хонандаи синфи 10 дар Истаравшан

0
Мақомоти милитсия аз боздошти як ноболиғи 16 - сола, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва сӯзонидани хона даст задааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд рухдоди ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Сокини 16 - солаи шаҳри Истаравшан, хонандаи синфи 10, ки ҳоло танҳо аз вай Д. Б. ном бурда мешавад, санаи 10 - уми сентябр, соати 07: 30 ба манзили соҳибкор, марди 38 - солаи сокини ин шаҳр воқеъ дар кӯчаи Ҳакимова дохил шуда, 4 ҳазору 400 доллари амрикоиро тасарруф намуд", - шарщ дод Шарифӣ.

Ба изҳори ӯ, ноболиғ барои рӯйпуш кардани изи ҷинояти содиркардааш, хонаи соҳибкорро оташ зад.

Дар асоси муроҷиатномаи соҳибкор, кормандони милитсия хонандаи синфи 10 - и яке аз макотиби Истаравшанро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Гуфта мешавад, навраси 16 - сола, ба ҷузъ аз дузди маблағ, аз ҳисоби оташ задани манзили истиқоматӣ ба соҳибхона боз 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, ноболиғ ба ҳабс гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Истаравшан