Руководитель отдела клинических исследований ЦНИИ Роспотребнадзора Татьяна Руженцова

Коршинос: ҳеҷ кас аз сирояти дубораи коронавирус эмин нест

454
(Таҷдидшуда 10:00 01.09.2020)
Татяна Ружентсова, мудири шӯъбаи таҳқиқоти клиникии Институти марказии илмии Роспотребнадзор мегӯяд, дар бораи пирӯзии ниҳоӣ бар коронавирус ҳарф задан барвақт аст

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Коронавируси нав комилан нопадид намешавад, балки ба патогене мавсимӣ мубаддал хоҳад шуд, гуфт Татяна Ружентсова, мудири шӯъбаи тадқиқоти клиникии Институти марказии илмии Роспотребнадзор.

Ҳамзамон, коршинос истисно накард, ки бо мурури замон сироят шиддатнокии худро гум мекунад.

“Бо наздик омадани тирамоҳ ва ҳавои нам, мо барои хуруҷи беморӣ омодагӣ мебинем. Ин як амри маъмулист, аммо илова кардани вируси нав, албатта, хуб нест”,- гуфт Ружентсова ва қайд кард, ки табибон омодаанд ба муқобили ин беморӣ муқовимат кунанд.

Ҳамзамон, коршинос қайд кард, ки одамоне, ки қаблан гирифтори коронавирус буданд, аз сирояти дубора эмин нестанд.

Дубора гирифтори коронавирус мешаванд? - посухи СУТ

"Ҳолатҳои сирояти дубора вуҷуд доранд. Ин метавонад  дар пайи суст шудани масуният рӯй диҳад. Дар баъзе беморон антителаҳо пас аз беморӣ тавлид намешаванд ё пас аз чанд моҳ гум мешаванд. Сироят бо вируси навъи дигар низ имконпазир аст. Чунин ҳолатҳо каманд, аммо вуҷуд доранд ", - қайд кард Ружентсова.

Вай афзуд, ки коршиносон то ҳол дар бораи ду навъи коронавирус ва мутатсияҳои хурд дар ҳар як намуд огоҳанд.

Путин: ваксинаи дуюми Русия алайҳи коронавирус моҳи сентябр мебарояд

Агар бемор ё ихтиёриёне, ки  ваксина гирифтанд, антитела ба навъе дошта бошанд, онҳо бар зидди мутатсияҳои дигар низ амал мекунанд.

454
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси нав, коршиносон
Деятельность МВД в борьбе с коронавирусом в Таджикистане

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

197
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии гирифторони ин беморӣ аз 30 апрел то 28 сентябр ба 9 ҳазору 685 нафар расид.

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз дар мамлакат 8483 нафар ё худ 87,5%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 75 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 79 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 53 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

197
Барчаспҳо:
фавт, таманнои шифои комил, беморӣ, Тоҷикистон
Вакцина от коронавируса

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

158
Чин мегӯяд то соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол мекунад ва ҳамаи шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила эм мекунад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чин то охири соли 2020 610 миллион вояи ваксинаи зидди  коронавирус ва соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол хоҳад кард, хабар медиҳад Казинформ бо такя ба маълумоти директори Маркази рушди илми тиб ва технологияҳои Комиссияи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжэн Чжунвэй.

"Иқтидори Чин ҷиҳати истеҳсоли  ваксинаҳои зидди коронавирус то охири соли 2020 610 миллион ва соли 2021 беш аз 1 миллиард воя арзёбӣ мешавад",- иброз намуд Чжен Чжунвэй.

Ҳамзамон ин масъули соҳаи тиб зикр кард, ки эм намудани аҳолӣ бо ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад ва дар қадами аввал, одамоне, ки хатари баландтари сироятёбӣ аз коронавирус доранд, хусусусан кормандони тиббии "дар хатти пеш" буда ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла, пиронсолон, занҳои ҳомиладор ва кӯдакон) афзалият хоҳанд дошт.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Ба гуфтаи Тсзэн Гуан, сухангӯи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин, ваксинаҳои зидди коронавируси чинӣ метавонанд системаи эминии инсонро дар муддати нисбатан тӯлонитар ҳифз кунанд.

158
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 29 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 28.09.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии дил ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ мебошад

Рӯзи 29 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё маҳсуб меёфт, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

Соли 2011 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳавопаймои нави худ — "Боинг 737-900"-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

 

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото
Самолет компании "Сомон Эйр", архивное фото

 

Соли 2013 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

Соли 2016 дар Қасри Миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот карданд.

 

Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей

 

Соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
  • Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.
  • Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1921-1994)  Шоир Ҳамдам Ҷура.

Соли 1925 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Нисон Шоулов.

Соли 1951 Қаҳрамони олимпӣ Юрий Лобанов.

Соли 1982 Варзишгар Расул Боқиев.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон