Республиканский мдицинский колледж в Душанбе

Ҷарроҳии пластикӣ дар муассисаи тиббии навбунёд дар Душанбе

137
(Таҷдидшуда 14:04 01.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”-ро ба истифода дод, ки дуюмин муассиси тиббии бунёдшуда аз ҷониби ширкати “Самти рушд” мебошад

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин маркази табобатӣ аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмуъ аз 12 утоқи хизматрасонӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дорухона иборат мебошад.

“Бояд таъкид дошт, ки то имрӯз барои гузаронидани якчанд намуд ҷарроҳии пластикӣ сокинони мамлакат ба хориҷа сафар мекарданд, ки маблағи гарон ва ҳам вақти зиёд сарф мегардид. Ҳамакнун чунин имконият дар шаҳри Душанбе фароҳам оварда шуд ва ниёзмандон аз он бе мушкилӣ баҳравар мегарданд”,-омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Манбаъ афзуд, ки рӯзҳои наздик ба марказ боз се таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ворид карда мешавад, ки дар мамлакат беназиранд.

“Дар заминаи ба фаъолият шуруъ намудани боз як муассисаи нави тиббӣ дар маркази шаҳри Душанбе 75 нафар, аз ҷумла 26 табиби ихтисосманд, ки дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд”, - хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Қаблан ширкати “Самти Рушд” дар кӯчаи Абайи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чунин маркази ташхисию табобатӣ таъсис дода буд. Маркази мазкур аз шуъбаҳои нефрологӣ, гемодиализ ва ташхисгоҳ иборат буда, дар он аз ҷониби 34 нафар мутахассиси соҳа ба мардум хизмат расонида мешавад. 

137
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, тандурустӣ, Тоҷикистон
Деятельность МВД в борьбе с коронавирусом в Таджикистане

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

17
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, аз 30 апрел то 25 сентябр ба 9 ҳазору 562 нафар расида, аз ин беш аз 87 дарсадашон шифо ёфтаанд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 8 ҳазору 341 нафар ё худ 87,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 74 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 98 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

17
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, беморӣ, Тоҷикистон

Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад

153
Олимони Туркия таҳқиқ намуданд, ки маризии сироятии коронавирус метавонад саратони сарро ба вуҷуд орад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Коронавирус метавонад саратони мағзи сарро ба вуҷуд орад ва ё ба рушди омосҳои мавҷуда мусоидат кунад. Ба чунин натиҷа олимони донишгоҳе дар Истамбул расиданд.

"Мувофиқи фарзияи мутахассисон, зарраҳои SARS-Cov-2 қодиранд бо ҳуҷайраҳои бофтаҳои асаб, ки дар рушди онкология иштирок доранд, пайваст шаванд".

Аммо олимон исрор меварзанд, ки ин хулосабарории ниҳоӣ набуда, ҳоло дар ин самт бояд таҳқиқотҳои нав гузаронд.

"Ҳар гуна вируси онкогенӣ, ки ба ҳуҷайра ворид мешавад, онро тағир медиҳад ва дар баъзе ҳолатҳо онро хатарзо мекунад. Аммо ин як раванди хеле тӯлонист, ки ҳатман таъсири омилҳои иловагии муҳити берунӣ ва дохилиро тақозо мекунад", - шарҳ додааст бозёфтҳои олимони туркиро, роҳбари лабораторияи саратоншиносии Блохин Ксения Смирнова ба нашрияи "Известия".

Зимнан, Андрей Васин як намояндаи дигари соҳаи тандурустии Русия изҳор намудааст, ки SARS-Cov-2 вируси РНК аст ва қобилияти ин гурӯҳи патогенҳо барои барангехтани саратон қаблан мушоҳида нашудааст.

153
Барчаспҳо:
саратон, таҳқиқот, олимон, Туркия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон