Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии

Омори ахири Вазорати тандурустӣ: дар ҷумҳурӣ шумори гирифторони коронавирус афзоиш ёфт

1906
(Таҷдидшуда 20:45 02.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард хушбахтона тайи шабонарӯзи гузашта ҳеҷ як ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир 84 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин ба иттилои Вазорат,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 35 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8654 нафар баробар гардид.

“Ҳамзамон, то санаи  2 сентябр дар мамлакат  7447  (86,0%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 69  нафар фавтидаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

“Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст”, - таъкид доштааст масъулини вазорати тандурустӣ.

1906
Барчаспҳо:
фавт, ҳолат, ҷумҳурӣ, вирус, беморон, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Беш аз 3 ҳазор эронӣ дар як рӯз ба коронавирус гирифтор шуданд: 175 кас ҷон бохт

43
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзишии пизишкии Эрон омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Ҷумҳурии исломии Эрон 3521 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад сухангӯйи Вазорати дармон ва омӯзиши пизишкии ин кишвар.

Ба иттилои Симо Содот Лорӣ, дар як рӯзи охир дасти кам 175 мариз ҷон бохтанд.

Ба ҳамин минвол, дар Эрон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 436 319 нафар расидааст. Ҳамчунин аз замони авҷ гирифтани ин маризӣ, 25 015 нафар қурбон шуданд.

Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад

Ба гуфтаи сухангӯи  Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 367 829 нафар аз беморон беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Қобили зикр аст, ки дар тъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 32 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  982 ҳазор нафари  ҷони худро аз даст доданду беш аз 23 миллион нафара ҳам беҳбуд ёфтаанд.

43
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Деятельность МВД в борьбе с коронавирусом в Таджикистане

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

267
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, аз 30 апрел то 25 сентябр ба 9 ҳазору 562 нафар расида, аз ин беш аз 87 дарсадашон шифо ёфтаанд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 8 ҳазору 341 нафар ё худ 87,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 74 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 98 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

267
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, беморӣ, Тоҷикистон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия