Вирусолог Александр Семенов

Семёнов гуфт, ки мӯҳлати интиқоли ваксина аз Русия ба Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст

466
(Таҷдидшуда 08:40 05.09.2020)
Роҳбари ҳайати Роспотребнадзор дар Тоҷикистон Александр Семёнов гуфт, ки "равуои зиёди одамон" дар байни ду кишвар ҷараён дорад ва Русия кишварҳои бародариро бе ваксина намемонад

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Русия хадамоти озмоишгоҳиро дар Тоҷикистон барои беҳтар кардани сифати ташхиси коронавирус дар ҷумҳурӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон, вирусологи рус, доктори илмҳои биологӣ, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Пастер Александр Семенович хабар дод.

"Мо мехоҳем сатҳи санҷишро баланд бардорем, онро барои аҳолии Тоҷикистон дастрастар намоем ва донишҳоеро, ки мутахассисони мо доранд, интиқол диҳем" гуфт Семёнов.

Дар мавриди ваксинаи Русия ва кай тоҷикон бояд онро дар кишварашон интизор шаванд, намояндаи Роспотребназдор посух дод, ки истеҳсол  аллакай ба роҳ монда шудааст ва ҳоло тартиби қиёс идома дорад, аммо ин раванд муддати дарозро талаб мекунад.

То моҳи октябр-ноябр, дар Русия бояд беш аз 5 миллион воя (доза) бояд барояд. "Ваксинаи маҷбурии оммавӣ нахоҳад буд. Аввалан, он лозим нест ва дуввум, онҳое, ки бештар осебпазиранд, бояд пеш аз ҳама эм карда шаванд" гуфт Семёнов.

Семёнов дар бораи авҷ ва тестгузарониҳои “вируси корона” дар Тоҷикистон

Инҳо шахсони гурӯҳҳои осебпазир аз қабили,  кормандони соҳаи тандурустӣ, пиронсолон, беморони гирифтори бемориҳои музмин мебошанд.

"Умедворам, ки давоми чанд моҳи оянда баъзе гурӯҳҳои ваксинаҳо ба минтақаҳои Русия ва мувофиқан ба он кишварҳое, ки бо онҳо ҳамкории наздик вуҷуд дорад, интиқол дода мешаванд", - афзуд коршинос.

Вай инчунин илова кард, ки Русия ва Тоҷикистон "равуои  зиёди одамон"-ро доранд ва Русия кишварҳои бародарро бе кумак нахоҳад гузошт. Ҳамзамон, ҳама чиз аз он вобаста аст, ки вазъи эпидемиологӣ дар ин ё он минтақаи Осиёи Марказӣ чӣ гуна инкишоф хоҳад ёфт.

Киҳо аввалин шуда воксинаи зидди COVID-19-и Русияро дар Тоҷикистон мегиранд: вазорат гуфт

Ёдовар мешавем, ки ҳайати “Роспотребнадзор” – и  Русия, ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон сар аз 22-юми июл қарор дорад.

466
Барчаспҳо:
вирус, тандурустӣ, Русия, Тоҷикистон

Теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар Эрон аз 24 ҳазор гузашт

38
(Таҷдидшуда 18:16 19.09.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе гуфт, теъдоди ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 дар ин кишвар аз 24 ҳазор нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Симо  Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта  2 ҳазору 845 бемори ҷадиди COVID-19  дар Эрон шиносоӣ шуд, хабар дод радиои тоҷикии Садоии Хуросон.

Ба иттилои манбаъ, маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 419 ҳазору 43 нафар расидааст.

“Аз ин теъдод то кунун 357 ҳазору 632 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Лорӣ афзудааст, ки муттаассифона дар 24 соати гузашта  166 нафар аз беморони COVID-19  ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 24 ҳазору 118 нафари расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 30 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  956 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 22 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд.

38
Барчаспҳо:
фавт, беморӣ, Эрон

Беш аз 6 ҳазор ҳолат дар як рӯз: афзоиши мабталошавӣ ба маризии коронавирус дар Русия

127
(Таҷдидшуда 15:45 19.09.2020)
Дар Федератсияи Русия мавориди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Шабонарӯзи гузашта беш аз 6 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуд

Танҳо дар як рӯзи ахир дар Русия 6 065 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 144 мариз ҷон аз даст доданд. Инчунин як рӯзи ахир аз дармонгоҳҳои Русия 5 255 бемор мураххас гардиданд.

Манбаъ меафзояд, аз 19 - уми июл то ба ин сӯ, ин нахустин ҳолатест, ки шумораи зиёди одамон ба вируси COVID - 19 гирифтор шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҳама беш дар пойитахт - шаҳри Маскав мубталошавии сокинони ба коронавирус сабт гардидааст.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад

Шабонарӯзи ахир дар Маскав дасти кам 825 ҳолати ҷадид ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳамин минвол, дар Русия шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1 097 251 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, 19 339 бемор ба ҳалокат расида, 906 462 нафари дигар шифо ёфтанд.

Бар тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар ҷаҳон беш аз 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало гардида, 943 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.

127
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархур: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

0
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзӣ амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар сини 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас пас аз ин дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи аспарварӣ ва варзиш аспи Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

0
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон