Профилактические меры против распространения коронавируса, архивное фото

Теъдоди гирифторони коронавирус да Ӯзбекистон аз 43 ҳазор гузашт

113
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон охирин омори гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро пешниҳод намудааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Шумораи ҳодисаҳои ошкоршудаи коронавируси навъи COVID-19 дар Ӯзбекистон аз 43 ҳазор гузашт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Тибқи маълумоти вазорат, дар давоми рӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ шумораи гирифторони ин беморӣ 266 нафар афзудааст.

"То 5 сентябр шумораи сироятёфтагони коронавирус дар Узбакистон 43 169 нафарро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабари Вазорати тандурустии ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, давоми рӯзи гузашта панҷ марги беморони гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар умум шумори умумии фавтидагон дар кишвар ба 341 нафар мерасад.

Ин ниҳод афзудааст, ки  давоми 24 соати охир 256 бемор аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии табобатшудагон тақрибан ба 40,2 ҳазор нафар мерасад.

Мушаххас карда шудааст, ки ҳоло 2396 бемори гирифтори коронавирус табобат мегиранд, ки вазъи 179 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

113
Барчаспҳо:
беморӣ, вирус, омор, Ӯзбекистон

Вазорати тандурустӣ: боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии COVID-19 сабт шуд

179
(Таҷдидшуда 20:23 24.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 45 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9520  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  24 сентябр дар кишвар  8296  (87,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 74  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

179
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, маризӣ, гирифторон, омор, вируси корона, Тоҷикистон
Город Лондон. Великобритания

Мавҷи дуюми коронавирус дар Британия: сарвазир маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

250
(Таҷдидшуда 20:05 23.09.2020)
Сарвазири Британия дар робита ба авҷ гирифтани мавҷи дуюми маризии коронавирус, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Британияро мавҷи дуюми маризи коронавирус фаро гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин робита, сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе аснои баромади худ дар парлумон, маҳдудиятҳои нав барои ним соли оянда ҷорӣ кард.

"Коронавирус дар баробари гузариш аз фасли тирамоҳ ба зимистон зудтар паҳн мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд аз ҳозир омодагӣ гирем", - таъкид намудаст Ҷонсон.

Бар тибқи қарори сарвазири Британия, коргарҳо бояд аз фосилаи дур кор кунанд, кори тарабхонаю майкадаҳо на дертар аз соати 10 - и бегоҳ тӯл кашад.

Ҳамчунин, Ҷонсон аз тамоми сокинон даъват намуд, ки маросимҳои хурсандӣ, аз ҷумла тӯю маъракаҳо танҳо бо иштироки 15 меҳмон баргузор шаванд. Дар маросими азодорӣ, ҳамоно на беш аз 30 нафар бояд иштирок кунанд.

Қазоқистон ҳам ваксинаи алайҳи коронавирусро сохт: СҶБ онро қабул кард

Қобили зикр аст, ки шабонарӯзи ахир дар Британия 4368 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Инчунин давоми як рӯз аз ин беморӣ дар Британия 11 нафар ҷон бохт.

Дар умум, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Британия 398 625 нафар мубтало шуда, 41 788 мариз ба ҳалокат расиданд.

250
Барчаспҳо:
маҳдудият, маризӣ, сарвазир, Британия

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия