Вакцина

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз дастёбӣ ба воксинаи вируси корона дар соли 2020 боварӣ надорад

879
(Таҷдидшуда 03:19 06.09.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард, ки дӯр аз интизор аст, ки эмкунии (ваксинация) ҳамагонии вируси корона то авоили соли 2021 анҷом шавад

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Маргарет Ҳаррис, сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар конфронси хабарии рӯзи ҷумъа дар Женева гуфт, ҳеҷ кадом аз вокаснҳое, ки токунун таҳия шудааст дар мароҳили пешрафтаи озмоишҳои болинӣ, нишонаи возеҳе аз коромадӣ дар дастикам 50 дарсад мавриди назари Созмони ҷаҳонии беҳдоштро нишон надодаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши хабаргузории Рейтерз.

Ин дар ҳоле аст, ки Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Амрико рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ба мақомоти беҳдошти иёлатҳо эълом кард, барои дарёфти воксани куруно дар моҳи ноябр омода бошанд.

Иттиҳоди Аврупо низ аз тавзеи воксани вируси куруноии як ширкати бритониёӣ дар моҳи ноябр хабар додааст ва Русия ва Чин низ эълом кардаанд, ки мароҳили ниҳоии тавлиди вокаснҳои зидди куруноро тай мекунанд.

Бар асоси охирин оморҳо дар ҷаҳон беш аз 26 миллион нафар ба вируси куруно мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 873 ҳазору 554 нафар токунун ҷон бохтаанд.

879
Барчаспҳо:
соли 2020, беҳдошт, вирус, Созмони ҷаҳонии беҳдошт
Люди в защитных масках

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

289
(Таҷдидшуда 18:24 29.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави сироятшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 72 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 29 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  9 726 нафар расид. 

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Гуфта мешавад дар Тоҷикистон то кунун 8531  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар вафот кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

289
Барчаспҳо:
вазорати тандурустӣ, омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик

Хабари нохушоянд: фавт аз коронавирус дар ҷаҳон марзи 1 миллион нафарро убур кард

242
(Таҷдидшуда 15:23 29.09.2020)
Натиҷагириҳои оморӣ аз саросари ҷаҳон нишон медиҳад, ки шумори кулли ҷонбохтагон аз маризии коронавирус марзи як миллион нафарро убур кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз гузориши тоза аз шумораи фавти маризони коронавирус дар ҷаҳон нашр намуд.

Бар тибқи маълумоти донишгоҳои мазкур, шумораи қурбониёни вируси COVID - 19 дар сартосари ҷаҳон, бомдоди рӯзи сешанбе аз як миллион нафар бештар ҳисобида шуд.

Зимнан, дар ҷаҳон шумораи умумии гирифторони маризии коронавирус ба  33 273 720 мбаробар шудааст.

42 - сола ва падари 4 фарзанд: даргузашти мақомдори Конибодом аз коронавирус

"Ҳоло дасти кам, 1 миллиону 555 ҳазор бемори коронавирус ҷон аз даст доданд", - таъкид мешавад дар гузориши донишгоҳи мазкур.

Зимнан, гузоришгарон аз шифо ёфтани 23 миллион нафар аз банди бемории коронавирус хабар медиҳанд.

Дар миёни кишварҳои олуда ба ин вирус, Амрико бо беш аз 7 миллион нафар сироятёфта дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор дорад.

242
Барчаспҳо:
ҷаҳон, маризӣ, омор
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл государственный флаг Таджикистана в селе Гозион

Дар ноҳияи Шаҳринав Парчами 55-метрӣ гузошта шуд

0
(Таҷдидшуда 12:06 30.09.2020)
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Баландии сутунпояи парчам 55 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисҷумҳур, масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази ноҳияи Шаҳринав сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр мебошад.

Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар Майдони Парчами давлатии ноҳияи Шаҳринав нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидаанд.

Дар ин майдон ҳамчунин фаввора сохта шудааст.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ошноӣ, бунёди Майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

0
Барчаспҳо:
парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав